“Свидания” рафта бадбахт шудам

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Фаридун ном ҷавонеро дӯст медоштам. Мо ошиқи зори ҳамдигар будем, ки тасвираш имкон надорад.

Фаридун маро ҳар субҳ ба донишгоҳ бурда, баъди дарс ба хонаамон меовард. Кӯшиш мекардам, ки аз гапи Фаридун берун набароям, вале як кори беақлонае, ки аз рӯйи ҳавою ҳаваси ҷавонӣ кардам, ба сари ишқамон об рехта, моро аз ҳамдигар ҷудо кард. Фаридун бо мақсади маро санҷидан аз рақами ношиносе ба ман занг зада, худро ҳамчун Тӯйчӣ муаррифӣ намуд ва чунон суханҳои ширине гуфт, ки мум барин обу адо шуда мондам. Мани сода дарҳол ба вохӯрӣ бо Тӯйчӣ розигӣ додам ва рӯзи дигар худро орову торо дода, ба ҷойи таъиншуда равон гаштам. Дар роҳ будам, ки Фаридун занг зад. Барои он ки Фаридун овозҳои бегонаро шунида дар хона набудани маро пай набарад, телефонро набардоштам ва ба ӯ смс навиштам, ки падарам дар хона аст, барои ҳамин наметавонам бо ӯ суҳбат кунам. Мутмаин будам, ки вай ба ин дурӯғи ман бовар кард, вале…

Дар хараки боғ нишаста Тӯйчиро интизор будам, ки касе аз пушт маро ба оғӯш гирифта бо кафи дастонаш чашмонамро пӯшид. Ҳарчанд кӣ буданашро пурсон мешудам, садо намебаровард. Гумон кардам, ки Тӯйчӣ аст, вале вақте чашмонамро кушод,  аз тарс дар ҷоям шах шуда мондам. Касе, ки чашмони маро баста буд, ошиқам Фаридун буд. Хостам дар боғ дугонаамро интизорам гуфта, худамро сафед кунам, вале Фаридун ба ман имкон надод, ки ҳатто даҳонамро кушоям. Вай бо нафрат ба ман нигариста ““Хиёнаткор будаӣ, дигар дар чашмам натоб” гуфту ба пушташ нигоҳ накарда рафт. Гириста-гириста аз боғ баромадам ва беҳолу бемадор ба хона омада, ба ӯ паёмак навиштам ва бахшиш  пурсидам, аммо ба смс-ҳоям ҷавоб надод, чанд маротиба телефон кардам, гӯшакро набардошт. Қариб 20 рӯз мешавад, ки дар оташи фироқи Фаридун мисли ҳезуми тар дарун ба дарун месӯзам. Корам шабу рӯз танҳо гиряву нола аст. Медонам, ки ман дар назди Фаридун гунаҳкорам, вале ба Худо қасам,  ғайр аз Фаридун ва Тӯйчӣ-Фаридун дигар бо ягон ҷавон дар боби ишқу муҳаббат гап  назадаам ва ягон кори бади нангин  накардаам. Одамизод шири хом хӯрдааст ва хоҳ-нохоҳ баъзан дар зиндагӣ ягон кори хато мекунад, аммо Худованд бо ҳама қудрату бузургиаш гуноҳи бандагонашро мебахшад. Чаро Фаридун як гуноҳи кӯчаки аз беақлӣ содиркардаамро бахшидан намехоҳад? Чаро барои як суҳбати телефонӣ ниҳоли ишқамонро решакан кардан мехоҳад?

Хонандагони азиз, чӣ гуна ёри аз даст рафтаамро баргардонам? Фаридунро чӣ тавр бовар кунонам, ки ман ӯро воқеан дӯст медорам ва дигар ҳеҷ гоҳ чунин беақлӣ намекунам? Илтимос, кӯмакам кунед, ки бинои ишқамро аз вайронӣ наҷот диҳам. Аз Фаридун ҷудо шудан барои ман баробари ба марг таслим шудан аст. Интизори маслиҳатҳои шумо:

Зулфия, ш., Душанбе


Поделиться новостью в социальных сетях:

44 комментарий

  • Хиёнаташ карди агар уро дар хакикат дуст медошти ба мулокоти,,ТУЙЧИБОЙ,, ба бог мулокот намерафти))))

  • Ҷура и баҳона шуда наметавонад одам шири хом хурдаст хоҳ нохоҳ дар ҳаёт ба хатогие роҳ медиҳад. И кори кардагии шуморо ХИЁНАТ меган и ягон АВФ-да намеғалта. Капат дуд кадагияй хта, беҳтараш Туйчира кофтуков кардангир. Яке миёвиш.

  • Ба олам бехато гайр аз Худо нест! Зулфия, Фаридун дуруст кардааст, ки туро санчидааст. Дар ишкаш содик набудаи, вагарна давида ба бог намерафти. Дили мард нозук аст, яке, ки сард шуд, гарм карданаш амри махол. Тавба кун, Худоро ёд кун, агар туро девонавор дуст дорад, албатта бармегардад ва гунохатро мебахшад.

  • Тохаю капитан рост меган. Агар дуст медошти, намерафти назди хар хе Туйчи. Мисол хамун Туйчи як чавони зебову ширинзабон мешид, маъкул мекарди, Фаридуна мепартофти — хамихе нест?! Хамихе хаст!!! И ходиса бояд дарс шава барои ту, то ин ки хатогита фахмида дар оянда дубора такрор накни. Бовар ку, отношенида дуруг боша — у отношени нест. Дуруг бисёр чизе бадай, барои хами чихе ки набоша, гапи рост гуфтан даркорай. Як мисол аз зиндагии хдм — духтара дуст медоштам, сагча бори дум думш мегаштум, ахирш «кидат» кард. Гирифтум зиндагира аз нав сар кардум, се мох пас хатогиша фахмида таги дар либосош кати омад, аммо… 10 сол мешава ки хору зори ма хаст, шавхарам кард, чудо шид, фарзанд дора, зиндаги дора, чи кадар бахшиш прсид, чи кадар зора кард, ма бахшиданда бахшидум, неки одаме ки як бор хиёнат кард, дуюм борам мекна. Фаридуна фаромуш ку, зиндагита давом те, яке ягон Туйчи пайдо мешава

  • Хамаи хами шербачахо рост меган. ту хато накадию ХИЁНАТ кади духтари хуб.
    И гунохи тра бахшида наметона Фаридун агар бубахша и я даюсии Фаридуна нишон мета.
    хубтараш ай хаму «ТУЙЧИБОЙ» намон………

  • Барои чунин ХИЁНАТ авф вуҷуд надорад дуруст кардааст ки пеш аз оила барпо кардан ту фаҳмидааст ки ХИЁНАТКОРИ ва гарна ҳаёташро месузонди ту. Ман бовари дорам ки агар ТУЙЧи мешуду ту во мехурди боз ягон шиин забони дигар пайдо мешуд ба вохурии вайҳам мерафти!!!!!!! ХИЁНАТКОРИ ҲАЁТ

  • Агар Фаридун хами кора бахша, номардиша нишон мета. И коре ки ту карди. Нобахшиданист. Одам шири хом хурдай гуфта 4гапи хушруда Давида брай и чихел мешидай? Агар Туйчи миёмад мерафтен ки медона чи коро мекаден. Бо Фаридун мегуй изо накашида???

  • Дарси ибрат барои духтар …
    Худованд тавикаш тия!!!

  • Ира бо харфи калонннн ХИЁНАТ мегуянд дигар Фаридун нагу аз паи зиндагии дигар шав Фаридун мардакай намебахша ин хел беномуса

  • Бахшидан мумкин , лекин бовар карда намешавад , афсус ки чинси зан аксарияташ хиенат мекунанд , ман бо занам 18 зиндаги кардам , бо розигии волидон хонадор шуда будем , сохиби чор фарзанд , дилпур будам ки барои фарзанди худаш хиенат намекунад , ман барои бехбудии оилаам чон мекандам , аммо занам ин хамаро нафахмид хиенат кард , так что Фаридун сари вакт , капидай тура , х,айф ….

  • Бахшидан мумкин , вале бовар када намешава , бадбахтона бисьери занхо , духтаро хиенат мекунанд , ман аз хаети худ ; 18 соли зиндаги , чор фарзанд , ман Барои оилаам ,чон мекандам , лекин зан ин хамаро нафахмид , холо бошад , ,,, гух, хурда саги пушаймон,,, ман намехохам руи уро бинам , так что тура Фаридун сари вакт капидай шумо занхо , духтаро ба хубира нестен !!!

  • Агар хакикатан дустш медошти бог намерафти беакл хай хдт хиёнаткор бдай .Хуб мекна намебахшата.

  • И дхта ба фикрм боги ,,Дустии халкхо,,рафтагияй)
    Ай ноет карданш маълум:)

  • Дилакт мекаша хам кати навакш во хури хам бахшиш мепрси нафахмидм илочи вокеъа пеш аз вукуъ гуфтан

  • беномус духтар,агар камтарак ишк медошти нисбати Фаридун,даже ба тел гапгап намекарди кати одами ношинос,бешараф,ранги шумо бариноша парондан даркор,кукушка

  • Шишаи бишкастаро пайванд кардан мушкил аст….пайвастшам карди ҷоҳош мемона.. Сари фаридуна вайрон накн…ай қафош нагард..хдтам овора накн. Бахшидани хиёнат амри маҳолай…

  • Хам мефората навакш кати гап зани хам бахшиш мепрси нафахмидм илочи вокеъа пеш аз вукуъ гуфтан

  • ин дида ки имрӯз ба суям нигарон буд.
    дидам, ки ниҳони нигоҳаш бо дигарон буд.

  • Бра хта дар мусурка парто хиёнаткор! Ихелишам бдай-да ё мазок кеести! Ягон очерки таърихи набоша бо!

  • хайрият ки сари вакт хитат кард вагарна калтак дар дасташ гирди Хона туйчи сур мекард

  • фаридун тра бигира зиндагии ширина намебини аз бовари баромадаи рав туйчира коб хиёнат кори аблах

  • Апачон ма шумора фахмидм, неке ай суханои ма хафа нашав, хиёната бахшида намеша чиба икора карди охи, агар ишкт нисбатш хакики мешид, и кор намешид, ма ку гапдонам нестм, хамика медонм ки ишку ошики хамаш дуругай, факат месузи гам мехри тамом, агар акаи Фаридун бахшатам ира фахмида гир ки оиладорам шавен зиндагии хуша намебини, ба и кори кардагит, хубш Аллох зора кн, намоз хон, ки Худочон бахшата ба и хатогии кардагит, гапи мара гири апаи чоназ паси и тема нагард дига хамара ай ёдт брор, зиндагии тозара идома те вичдонт пок боша бо хушбахтита мебини, боки дар панохи Аллох бимони

  • ишқ друғай ишқ толка Аллоҳ дай на бандашда дар як дил ишқи Аллоҳра парвар баракату файзаш дигар бақадри худат мераси бандаш кирои дуст доштан нест..

  • Мегуянд як хато(ХИЁНАТ) кардам маро бубахшед, Ба монанди ин духтарак, не ин хел нест Касе як бор хато кунад боз такрор мекунад албатта!!!!

  • “Свидания” рафта бадбахт шудам! Хуб шуди, булхавас, бо ду сухан ром шуди, давида давида рафти…. як хато кардам будааст, сахар баъи Фаридунро гирифтан низ ягон кас занг мезад бо мерафти. евонавор ки усташ меошти бар сарат тилоло ки мерехт боя намерафти….. Фаридун сари вакт аз як булхавас халос шуд, Худо кунад ки ягон зани хуб дар насибаш бошад. Ин духтари беакл бо у сухани хуб ром шуа пеши хар кас рафтан гирад….

  • Дуруст хама хато мекунад бигзор ин хатогитон шумоба дарс шавад Апачон ишк дар дуне вучуд надорад шумо Фаридунба одад кардаги Боз гапои дар боло гуфтагида ахамият натид ин одамо худашона чорта 8 мегиран гуе худашон хато накарда бошан Хайетатона аз сари нав огоз кунед факад хатогитона такрор накунед МАУА ХУЧАНДИ

  • Туро Худо нишон дод барои хиёнати кардаат ту уро дуст намедоштаи агар ишки ту пок мешуд бо дигаркас бо мулокот намебаромади барои хамин худро ошик нахисоб Худованд бигзор ба хамаи хамингуна духтархо чунин рафторро раво бинад

  • Ту хатоги не ту ХИЁНАТ карди хиёнадкори харом туро Худо зад бигзор хамаи шумобарино ба чунин хол гирифтор шавед

  • Шири хомат баҳона шуда наметавонад. Инҷо майнаи сари ту ХОМ буда, кор намекунад)))))
    Агар Фаридун мард бошад асло дигар бо ту во намехурад.
    Фақат тавба куну дигар ба чунин ХИЁНАТ роҳ мадеҳ. Шояд ягон ҷавони гумроҳ ё ин ки бадбахт туро ёбад. Боқӣ ягон ҷои сухан нест…

  • Чи ами духтаро хдтона ича пок грифтагие ха? руи хамат сиё ! хамат а я хокен охи я бачаи мошиндора бине хштон мерава аку и дхтари бечора исторяша ича навистай ланат кадесте гум ше хамат яхеле охи бо яташ навистайки ай руи ихелиёра номи мо паст мешава ее руи очат сиё

  • Вокеа чунин аст:Ба ту писаре занг мезанад ва ту намедони,ки вай Фариддун аст.Ба гуфти ту аз сабаби шири хом хурданат девонаи у мешави.Гап дар ин аст,ки ту намедонисти,ки он ширинсухан Фариддун аст,аммо давон-давон ба вохури меравию Фариддуне,ки дусташ медошти,аз ёд мебарори.Хамаи мардум кобили бахшишанд!Аммо ту аз имтихони ишк нагузашти ва аз сари нав мехони,мумкин ки,ин дафъа аз имтихон гузари,аммо то охири умр дар ёдат мемонад,ки ту ба хотири чавон буданат як солатро сузонди!
    Когда вы не хотите прощать кого-то,
    Подумайте,сколько продала вас.
    Удачи

  • Верить в женщине — стрелять себе в лоб, надеясь на осечку!

  • Тот кто тебя прадет если ты его простиш она дважды тебя прадет так что живи далше хамаш дуругай зиндаги сахнара мемона намеееееешава и духтарак фикр кун

  • Духтари соз набудаӣ,Туӣчи дига занг намезана чи?Хам аз Туӣчи монди хам Фуичи…Агар тра Фаридун мебахшид рано или поздно ты все рабно побежала бы к другому человеку.На хта гам те на вая.Ваӣ бачарам дар ишки ту бовари надоштаӣ тогда почему тра санчидаӣ?Одно пара сопоги

  • салому алайкум хохар ман ба шумо як ду сухан расониданию ишк ба мисоли як гулай агар гул бе об мона холи у хора ишки шумо нисбати Фаридун дуруг бдай албата Фаридун шумора намебахша имруз мегуенки якхато фардобошд дуюумхато ман хам дуст доштагиюм вакте авалин хиёнатшаро капидум у гуфтки бачаи тагомай ай маскав банав омадай бори дувум бо хамон бача да боги ботаники лаб дар лаб дидум ина сесол мешава ктиш нестум хаёти нав барпо кадум духтаре хастайки аурам бисёртар дуст медорам ман харакат мекунум ки гуги коштаи у беоб намона хохари ака хаётатро айсар сарку ура фаромуш кун ва дуюмбор хатогид рох нате бо ехтиром ХАН

  • бхе бог бие Туйчибой дар богай ждат дората хиенаткорр…….. Бародарову хохаро рост меган…гапихака меган….

  • духтархоро бо хеч чиз конеъ карда намешавад 1 ояд 2 мегуянд 2 ояд 3..
    3 ояд 4ро чустучу мекунанд…

Leave a Reply