Сургут: Ҷасади муҳоҷири 30-солаи тоҷик пайдо шуд

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Мақомоти тафтишотии шаҳри Сургути Русия мегӯянд, рӯзи 9 сентябр дар кӯчаи Западная аз як чуқурӣ ҷасади як ҷавони 30-солаи тоҷикро бо аломатҳои захми сар пайдо кардаанд. Ба даст доштан дар куштори ӯ як шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон гумонбар мешавад.

Шӯъбаи тафтишоти шаҳри Сургут хабар дод, ки субҳи 9 сентябр, соати тақрибан 7 аз як чуқурӣ дар кӯчаи Западная ҷасади як марди номаълум ёфт шуд. Дида мешуд, ки ин мард бо зарбаи сахт ба сараш кушта шудааст.

Мақомоти тафтишотӣ дар робита ба ин қазия бо моддаи «қасдан расондани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ, ки боиси марги ҷабрдида” шудааст парвандаи ҷиноятӣ оғоз карданд.

Дар ҷараёни тафтиш маълум шуд, ки марди кушташуда зодаи Тоҷикистон, соли таваллудаш 1987 будааст. Ин мард аз рӯзи 3 сентябр ғайб зада, ҳамчун одами беномунишон дар ҷустуҷӯ гузошта шуда буд.

Мақомоти Сургут мегӯянд, ба даст доштан дар куштори ин мард як ҳамватанаш – шаҳрванди Тоҷикистон, соли таваллудаш 1995 гумонбар мешавад.

Феълан тафтиши парванда идома дорад ва мақомот бояд сабаби кушторро маълум кунанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply