Сурайё Қосимова ва духтаронаш соли навро бо оби дида пешвоз гирифтанд?

Рози ситораҳо, Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Дар соли мурғ ҳумои бахту саодат ба китфи кӣ нишасту чуғзи ғаму дард киро бераҳмона минқор зад? Барои ба ин савол ҷавоб гирифтан, шоми 18-уми декабр мо роҳи меҳмонсаройи “Нyatt-regency ”-ро пеш гирифтем, зеро дар ин меҳмонхонаи машҳур базми идонаи “Ситорарези дай” дар авҷ буд.

Ташкилкунандагони барнома Диловари Мизроб ва Раҷ Аҳмад меҳмонон, рӯзноманигорон ва сарояндагонро бо чеҳраи хандон пешвоз мегирифтанд. Аз фурсат истифода бурда, мо бо чанд савол ба меҳмонони олиқадри ин базми зебо-примадонаи саҳнаи тоҷик Сурайё Қосимова, Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед, Фаридуни Хуршед, Мино, Гулрӯ Табарова ва Фирӯза Ҳафизова муроҷиат намудем.

Сурайё Қосимова:
Соли 2017 маро бе корд кушт!

-Хонум Сурайё, соли сипаришуда дар ҳаёти шумо чӣ гуна сол буд?
-Ман ба соли 2017 нафрат дорам! Ин сол бадтарин соли ҳаёти ман буд, зеро писари ягонаам Эмомалиҷонро аз даст додам. Дар ғами фарзанд мисли ҳезуми тар дарун ба дарун сӯхта, он қадар гиристаму гиристам, ки дигар дар чашмам об намонд. Барои ҳамин Худоро шукр мегӯям, ки ин соли пур аз дарду ғам ба охир мерасад. (Ин суханҳоро гуфта истода Сурайё Қосимова боз гирён шуд)

-Бубахшед, ки захми дилатонро аз нав хуншор намудем. Соли навро дар куҷо пешвоз гирифтанӣ ҳастед?

-Дар хона бо гулдухтаронам.

-Магар Шабнаму Фарзона Соли навро дар хориҷа бо ситораҳои ҷаҳонӣ пешвоз намегиранд?

-Солҳои пешин ба хориҷа мерафтанд, вале имсол ният дорем, ки Соли навро дар Ватани азизамон пешвоз гирифта, ҳамаамон дар сари як дастурхон ҷамъ шавем ва каме ҳам бошад, ғами диламонро барорем.

-Дастархони солинавии хонадони Сурайё Қосимоваро чиҳо зеб медиҳанд?
-Шабнаму Фарзона санъаткор бошанд ҳам, духтарҳои бо дасту панҷа ва кадбонуҳои хубанд, аз уҳдаи пухтани тамоми намудҳои хӯрок, хӯриш ва шириниҳо мебароянд, махсусан Шабнам чунон тортҳои бомаза мепазад, ки дар даҳони кас об мекушоянд…

-Хӯроки дӯстдоштаи худи шумо чист?
-Ман шакароб ва оши палови тоҷикиро бисёр дӯст медорам.
-Дар соли 2018 чӣ нақшаҳо доред?
— Соли саг соли хуб аст, боварӣ дорам, ки соли бобарор хоҳад гашт. Нақшаҳои зиёде дорем, вале айни замон дар ин бора чизе гуфтан намехоҳам. Бигзор барои мухлисонамон сюрприз шавад.

 

Ҷигари Шабнами Сурайёро чӣ шикоф кард?

-Соли 2017-ро соли Шабнами Сурайё гуфта метавонед?

-Аз лиҳози ҳунарӣ имсол соли Шабнам буд ё не, албатта мардум баҳо медиҳанд, вале дар ҳаёти шахсии ман чандон соли хуб набуд, чунки додараки ширинамро аз даст додам. Марги фарзанди падар мисли тири алмос ҷигарамро шикоф кард.

-Модаратон шуморо бисёр таъриф карда гуфтанд, ки панҷ панҷаи Шабнам ҳунар аст. Дар шаби Соли нав чӣ мепазед?

-Торт, ширинӣ, хӯришҳои ранг ба ранг ва албатта хӯроки дӯстдоштаи худам карамшӯрбо, аниқтараш  борши сурх мепазам!

-Аз соли омадаистода чиро интизоред?

-Барои соли 2018 нақшаҳои зиёде дорам. Мехоҳам як консерти алоҳида барпо намуда, бо мухлисонам аз наздик ҳамсуҳбату ҳамнишин гардам. Сафарҳои зиёди хориҷӣ дар нақшаанд.  Фикр мекунам, ки соли 2018 бисёр соли бобарор мешавад.

— Туҳфаи солинавии шумо ба мухлисонатон?

-Бо суруди “Ту аҷаб хушрӯӣ” хотири ҳамагонро шод месозам. Аз фурсат истифода бурда ман ҳам кулли кормандон ва хонандагони ҳафтаномаи “Оила”-ро бо соли нави мелодӣ муборакбод мегӯям! “Оила” газетаи дӯстдоштаи ман аст, касе, ки Шабнамро дӯст медорад, бояд “Оила”-ро ҳам дӯст дорад!

Фарзонаи Хуршед:
Ба Дилноза Каримова кӯмак мекунам!

-Фарзона, дар арафаи соли нав дар расонаҳо хабари ба саратон гирифтор шудани писари сарояндаи хушовоз Дилноза Каримова барқсон паҳн шуд. Шумо аз мусибати ба сари ҳамкасбатон омада огоҳӣ доред?
-Бале, ин хабарро шунида бисёр ғамгин гаштам. Оилаи мо нисбати тақдири фарзанди ин санъаткор бетараф нестанд. Аз дастамон чӣ коре, ки ояд, барои наҷот додани фарзанди Дилноза мекунем. Дуогӯи онем, ки Диёрбекҷони азиз зудтар сиҳат шавад ва табассуми ширин ба лабони  Дилнозаҷон баргардад.

— Вақтҳои охир шуморо бештар бо куртаи атлас мебинем. Бо ягон корхонаи атласбарорӣ шартнома баста, атласро реклама мекунед?

-Ин реклама не, эҳтиром ба либоси миллӣ аст. Вақте ки мо дар хориҷа бо атлас баромад мекунем, хориҷиён бо ҳавас ба сару либосамон  менигаранд. Аз ҳамин хотир вақтҳои охир ман бештар атлас мепӯшам, то ки либоси миллии тоҷикиро тарғиб намоям.

-Модаратон гуфтанд, ки имсол соли навро дар хона пешвоз мегиред. Шаби Соли нав ягон хӯроки экзотикӣ мепухтагистед?

-Ман ба хӯрокҳои аврупоию хориҷӣ чандон майлу ҳавас надорам. Ошиқи таомҳои миллӣ ҳастам, махсусан шакаробро сахт дӯст медорам.

-Ба фикрам шаби Соли нав дар хонаи Сурайё Қосимова ҷанг сар мезанад?
-Чаро ҷанг?
-Охир шумо мегӯед, ки шакаробро дӯст медорам, Шабнам борши сурх пухтанист, модаратон бошанд, оши палав хӯрдан мехоҳанд…

-Ман духтари сернозунуз нестам, чизеро, ки дар пешам гузоранд, шукрона карда мехӯрам.

-Барои мухлисонатон ягон туҳфаи солинавӣ тайёр кардед?

-Бале, ду суруди нав омода намудем, яке халқӣ ва  дигарӣ таронаест бо номи “Пешво”, ки онро мо чор нафар месароем: модарам, Шабнам, Фаридун ва ман.

— Муваффақ бошед!

                      
Гулрӯ ба зиёрати Тоҷмаҳал меравад

-соли 2017 дар хотири Гулрӯ бо кадом рӯйдодҳояш нақш хоҳад баст?

-Росташро гӯям, соли 2017 барои ман чандон соли бобарор набуд. Имсол қариб, ки дар саҳна набудам, вале дар соли нав қусурашро бароварданӣ ҳастам.

-Бо кадом роҳ?

-Нақшаҳои дар соли 2017 амалӣ нагаштаамро дар соли нав ҷомаи амал пӯшондан мехоҳам. Ният дорам, ки ба Ҳиндустон сафар карда, дар Тоҷмаҳал таронаҳоямро клип намоям.

-Баъзе мухлисонатон миш-миш мекунанд, ки шумо аллакай шоҳзодаи орзуҳои худро ёфтаед ва мехоҳед дар соли саг, ки бисёр ҷонвари вафодор аст, издивоҷ намоед…?

-Пир нашудаам, ки бе шавҳар намонам гуфта, бо ҳар каси пешомада издивоҷ кардан гирам. Дилатон оши тӯй мехоста бошад, як дег ош пухта медиҳам, вале ҳоло шавҳар карданӣ нестам. Ман ҳоло дар айни камолоти эҷодӣ ҳастам ва бояд шабу рӯз аз пайи эҷоди суруду таронаҳои нав ба нав бошам!



Фаридун ва Шабнам бадеҳа месароянд?

-Фаридун, соли 2017 ба шумо чӣ доду чиро рабуд?

-Хушбахтона чизеро аз даст надодаам. Бо табъи болида соли навро пешвоз гирифта, аз оғози сол аз паси амалӣ намудани орзуҳоям мешавам. Дар пеш чанд сафари хориҷӣ дорам. Худо хоҳад, клипҳои олиҷаноб ба навор гирифта, мухлисонамро шод мегардонам.

-Ҷенифер Лопес ва Шабнами Сурайё ба шумо пешниҳоди дуэт сурудан намоянд, киро интихоб мекунед?
-Албатта Шабнами Сурайёро!
-Чаро бо Ҷенифер нею бо Шабнам?

— Овози ман бо Шабнам мувофиқ аст. Шумо ба ман идеяи хуб додем. Ҳатман бо Шабнам ягон дуэти олиҷаноб месароям!


Мино Land- Rover харид!

-Салом Мино! Аз дӯстонатон дар Соли нав чӣ туҳфаҳоро интизоред?
-Чизе интизор нестам, будани онҳо бароям беҳтарин туҳфа аст.

-Соли сипаришуда барои Мино чӣ гуна сол буд?
-Соли хуб буд, имсол ман соҳиби Land- Rover шудам.

-Мошин омада бошад, аз пасаш домод ҳам меомадагист?

-Не, айни ҳол шавҳар карданӣ нестам. Озод будан барои санъаткор беҳтар аст, вале боз вақт нишон медиҳад, ки зиндагӣ моро ба кадом кӯй хоҳад бурд!

  
Фирӯза Ҳафизова дар Дубай “бомба” тарконд

-Фирӯзабону то ҷое, ки мо медонем, шумо ба наздикӣ аз шаҳри Дубай баргаштед. Аз ин сафар чӣ таассуротҳо бардоштед?


-Консерт ба гуфти хуҷандиҳо “зӯр” газашт. Дар он ҷо аз Тоҷикистон танҳо ман ва ду сарояндаи дигар аз Афғонистон ширкат доштанд. Таъриф нашавад, чунон консерти олиҷанобе додем, ки мардуми араб қоил шуданд!

-“Бомба” шуд гӯед?

-Бале, дар ҳақиқат бомбаи ҳунарӣ гашт, баромади мо дар Дубай.

-Яке аз беҳтарин анъанаҳои солинавӣ тақдим намудани туҳфа ба пайвандон аст. Шумо барои духтаронатон чӣ туҳфаҳо омода кардаед?

-Ман на танҳо дар Соли нав, балки ҳар рӯз барои гулдухтаронам ягон туҳфа мехарам, чунки бе онҳо ҳаёт бароям маънӣ надорад. Кӯшиш карда истодаам, ки барои ду духтарам дар шаби Соли нав чунон дастурхони шоҳонаю базми зебое ороям, ки як умр аз ёдашон наравад.

-Дастурхони шоҳона оростаниед, вале худатон парҳез мекунед…?

-Ман танҳо аз хӯрдани гӯшти гову гӯсфанд парҳез мекунаму халос. Кӯшиш мекунам, ки бештар аз мурғ ва моҳӣ хӯроку хӯриш тайёр намоям, то ки ҳама баробар хӯрдаю нӯшида, шодию хурсандӣ кунем.

-Дар соли 2018  чӣ нақшаҳо доред?

-Аввалҳои баҳор бахшида ба 10-солагии фаъолияти эҷодиам як барномаи зебои консертӣ барпо карданӣ ҳастам. Аз ҳозир аз пайи ҳамин барнома шуда, таронаҳои нав ба нав эҷод карда истодаам.

Сӯҳбаторо: Рустам Азимӣ


Поделиться новостью в социальных сетях:

8 комментарий

  • Бовар кунен хами Мирона точик меган мана нафратам мебия нахо хами намуди точики боша((((((((((((((((((((

  • Фируза Хафизова ростай ки аз шуш чидо шдай?

  • Сурайё Косимова гар нанг медошт бачаша дар як сол нашида хок карда сахна намебаромад, бо муйхои парешону либосхои остинкалта

  • Ёсуману Саина супер неки реклама кардан хдшона да хамачо.

  • Айби риндон макуне зохиди покизасиришт,….. Фарзонаю Шабнам ба номаш хочибиби неки либосои тангу торашон хама мулохоро девона кардас . хАЙФИ НОМИ ХОЧИБИБИ ШАВЕН

  • ХАЙХУЙИ ГУЛРУРА БИНАНЕ….. АКУ ДУ СУМ ЁФТАС ХДША ДА ХАМА ЧО ЧОЙ КАРДАСЕЕЕЕЕ. АНИК ЯГОН ШУИ АФГОН ЁФТАЙ ЧИ БО?

Leave a Reply