Сурат ҳаётамро месӯзад?

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Бо сад орзую умед бо нафаре, ки пайвандонам интихоб карда буданд, оила барпо намудам. Умед доштам, ки зиндагиам хуб мегузараду соҳиби хонаю дари обод ва фарзандони меҳрубону дӯстрӯяк мешавам, вале афсӯс, ки чунин нашуд.

Модари шавҳарам, яъне хушдоманам вафот карда буд, аз ин рӯ, роҳбарии хонаро хоҳаршӯям ба зимма дошт. Вай ба тамоми кору бори ман эрод гирифта, ҳақоратборонам мекард.  Болои ҷангу ҷанҷоли хоҳаршӯям муносибати шавҳарам низ бо ман сард буд, чунки ин марди гаправ ба суханони хоҳараш бовар карда, маро як духтари қайсар ва шаттоҳу беҳунару нокора мепиндошт. Билохира, мо аз ҳам ҷудо шудем ва мани аз бахт наосуда дубора ба хонаи волидонам баргаштам. Аввалҳо бисёр зиқ мешудам, вале баъд ба тақдир тан додам. Вақтҳои  ғамгинӣ бо телефон суҳбат мекардам. Як рӯз ҷавонмарди ношиносе ба ман занг зад ва бо суханони нарму овози ширинаш маро шефтаи худ сохт. Тариқи вайбер аксҳоямонро ба ҳамдигар фиристодем. Ба гуфти худаш ӯ бо як нигоҳ ошиқи шайдои ман гаштааст. Баъд аз ин тез- тез суратамро мепурсид. Аксамро нафиристам, аз ман сахт хафа шуда, чанд рӯз занг намезад. Баъзан дар сари қаҳр ҳақорату дашномҳои қабеҳ медиҳад, вале баъди ором шудан аз ман бахшиш мепурсад. Ин рафтораш маро ғамгин месозад, чунки як бор аз заҳри забон зиндагиам вайрон шуда, сахт тарсон шудаам. Аксҳое, ки ман ба ӯ мефиристам, муқаррарӣ ҳастанд, то имрӯз ягон бор акси урён нагирифтаам ва гирифтанӣ ҳам нестам, вале аз чӣ бошад, ки аҳли оилаи дӯстдоштаам ба келин кардани ман розӣ нестанд. Иқор мешавам, ки ӯ ҷавони муҷарради то ҳол оиладор нашуда аст, вале ман зани шавҳардида бошам ҳам, маҷбурӣ ба гардани ин бачаи бе зан овезон нашудаам. Худаш маро интихоб кард ва мегӯяд, дунё зеру забар шавад ҳам, ман туро ба занӣ мегирам. Волидонаш бо хости дили худ келин интихоб карда, дӯстдоштаамро бо духтари дигар фотиҳа карданд ва моҳи октябр тӯй оростаниянд. Ҷавон ду пояшро ба як мӯза андохта мегӯяд, ки розӣ шав, ман аввал туро никоҳ карда мегирам, баъд духтари ёфтаи модарамро арӯс карда ба хона меорам. Медонам, ки муносибатҳои мо оқибати хуб надоранд. Дӯстдоштаам маро никоҳ карда гирад ҳам, рӯзи хуш намебинам, чунки фардо  падару модар ва ҳамсараш ба сарам омада, маро дар назди дӯсту душман шарманда мекунанд. Мехоҳам ба ягон каси дигар ба шавҳар бароям, то умедаш аз ман тамоман канда шавад, вале метарсам, ки ин Маҷнуни сонӣ аксҳои маро ба шавҳарам нишон дода, дубора хонавайронам месозад.

Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Нозанин, хонандаи “Оила”.


Поделиться новостью в социальных сетях:

2 комментарий

  • Сабр кун. Мон, ки чавон зан гирад ва муддати муайян гузарад. Вакт хама чиро муайян мекунад. Бехуда нагуфтаанд, ки «вакт табиби гаму дард аст». Агар мухаббаташ самими бошад, албатта ба назди ту бармегардад ва он тарафашро худат хал мекуни. Агар на, туро тадричан фаромуш месозад ва бигузор хушбахт бошад.

Leave a Reply