“Суперкелинчак” худкушӣ кард?

Рози ситораҳо, Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

  Албатта ҳамагон  филми мазҳакавии истеҳсоли синамои Ӯзбекистон “Суперкелинчак”-ро дар хотир доранд.

Қаҳрамони асосии ин филми пуртазод ва ҳамзамон хандаовар бойдухтари нозпарвардест, ки дар Аврупо ба воя расида, баъдан арӯс шуда ба як хонаводаи анъанавии ӯзбек меояд. Ҳунарманди ҷавон Диана нақши духтари замонавии ба муҳити деҳот афтидаро ончунон табиӣ мебозад, ки бо дидани рафтори ӯ кас аз ханда қариб рӯдакан мешавад. Аз як тараф ин филм хандаовар бошад, аз ҷониби дигар бо дидани муносибати бераҳмонаи хушдоманаш нисбат ба “суперкелинчак” дили тамошобин обу адо мешавад.

                           “Бозёфт”-и коргардон

Филми мазкур ҳанӯз соли 2008 рӯи экран омада, ба офарандагонаш шуҳрати беандоза овард. “Суперкелинчак” Дианаи нозанинро на танҳо дар ватанаш Ӯзбекистон, балки дар тамоми Осиёи миёна ва ҳатто берун аз он низ машҳуру маҳбуб гардонд. Офарандагони филм соҳиби ҷоизаи махсуси «КиноВизА» гаштанд.

Коргардон Баҳром Ёқубов аз ин бозёфти худ чунон шод буд, ки аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид, зеро ӯ дар интихоби ҳунармандон хато накарда буд. Дианаи нозанин бо ҳусни худодод ва мимикаю ҳаракатҳои ҷаззобаш ҳамаро қоил кард. Коргардон муҳаббати зиёди мардумро ба Диана дида, қарор дод, ки ин нозанинро дар филмҳои дигараш низ ба навор мегирад.  Баҳром  Ёқубов мехост аз Дианаи парипайкар барои ошиқони синамо буте созад. Буте, ки ҳамагон онро парастиш менамоянд…

 “Жених на прокат” ё идомаи “Суперкелинчак?

Пас аз “Суперкелинчак” Баҳром Ёқубов филми дигаре ба навор гирифт бо номи  «Жених на прокат»  ва дар ин филм низ нақши асосиро ба Диана Ягафарова ва Адиз Раҷабов супурд. Филми мазкур низ аз ҷониби тамошобин ба хушӣ пазируфта шуд ва шуҳратёр гашт. Камбудии ягонаи ин филм дар он аст, ки бисёр саҳнаҳояш ба “Суперкелинчак” шабоҳат дорад.  Коршиносон мегӯянд, маҳбубияти зиёд ба даст овардани филми аввалаш Ёқубовро водор сохтааст, ки филми дуюмашро низ каме шабеҳ ба он созад.

                          Кирми рашку ҳасуд

Коргардон Баҳром Ёқубов аз муваффақиятҳои пай дар пай болидаруҳ гашта, филми сеюмашро бо иштироки Диана ба навор гирифт, ки  “Ключик” ном дошт, аммо ин филм ба ҷойи шуҳрат ба сари актрисаи ҷавон бало овард. Дар ду филми охир Диана нақши духтари бовиқор ва боҷуръатеро мебозад, ки дар ҳама ҳолат аз худ дифоъ карда метавонад, вале бо ин ҳама шуҷоат ин нозанин натавонист дар баробари туҳмати ногаҳоние, ки мисли барфи дар чиллаи тобистон борида якбора ба сараш рехт, истодагарӣ намояд.

                     Аз шуҳрат то туҳмат

Душманони Диана ва Баҳром Ёқубов намехостанд шуҳрати ин ду шахси эҷодкор боз ҳам болотар рафта, ба осмони ҳафтум дакка хӯрад. Ба хотири буғӣ кардани Диана ва коргардони мағрур дар арафаи рӯнамоии филми сеюм онҳо дар шабакаҳои интернетӣ як навори фаҳшро паҳн карданд, ки дар он як мард ва як зани ба Диана ва Ёқубов монанд бешармона ишқварзӣ менамуданд. Ин навор обрӯи актрисаи ҷавон ва коргардони машҳурро дар байни халқ резонд. Диана ва Баҳром Ёқубов дар суҳбат бо журналистон қасам мехӯрданд, ки ин навор сохта аст, вале сару садоҳо ҳеҷ ба охир намерасиданд. Ҳангомаҷӯён дар ҳама ҷо дуҳул менавохтанд, ки Диана як фоҳишаи кӯчагӣ аст ва Баҳром Ёқубов танҳо бар ивази ҳамхобагӣ нақшҳои асосиро ба ӯ медиҳад. Акнун дарвозаҳои шаҳро баста мешуду даҳони мардумро не, дар ҳама ҷо сухан танҳо дар боби фоҳишагии Диана ва бадахлоқии коргардони “Суперкелинчак” Баҳром Ёқубов буду халос.

Оқибат кор ба ҷое расид, ки ҳукуматдорон зидди рӯнамоии “Ключик” дар қасри фарҳанг баромада, намоиши филмро дар сар то сари кишвар манъ карданд.

                      Диана худкушӣ кард ё…?

Ҳамин тавр як туҳмат ин ҳунарпешаи ҷавон ва боистеъдодро дар айни авҷи парвоз шикаст дод. Дар ҷомеаи суннатии ӯзбекӣ барои як зан аз даст додани обрӯ ҳатто аз марг низ бадтар аст. Диана хуб медонист, ки баъди ин ҳама сару садо ва овозаю ҳангомаҳои гӯшхарош ӯ дигар ҳаргиз наметавонад маҳбуби мардум гардад ва бо сари баланд ба кӯча барояд, барои ҳамин якбора ғайб зад. Бархе мегӯянд, ки актрисаи ҷавон тоби бардоштани туҳматро накарда, даст ба худкушӣ задааст, иддаи дигар бар он ақидаанд, ки Диана аз Ӯзбекистон ба кадом як кишвари аврупоӣ кӯч баста, дар соҳаи мӯд фаъолият менамояд.

Шаҳло Ниёзова

 

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply