Суғд: Зан шавҳарро бо болға кушт

ДИН ВА ҶОМЕА, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Як зани 60-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов дар шимоли Тоҷикистон, ба иттиҳоми қатли шавҳараш аз сӯи пулис боздошт шудааст. Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон, боздоштшуда рӯзи 7-уми январ дар пайи муноқишаи хонаводагӣ бо шавҳараш, бо болға ба сару рӯи ӯ чанд зарба задааст. Ба гуфтаи манбаъ, шавҳари ин зан ҷароҳатҳои сангин бардошта, дар ҷои ҳодиса ҷон бохтааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир дар нисбати ин ҳодиса парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply