Суғд: Одоби ронандагон танзим мешавад

ДИН ВА ҶОМЕА, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

  Бино ба  мушоҳидаҳо солҳои охир вазъи мусофиркашонӣ ва одоби ронандагон дар вилояти Суғд коста гардидааст. Ба хусус бо овози баланд даъват намудани мусофирон ба нақлиёти ҷамъиятӣ дар дохили шаҳри Хуҷанд то ҷое нигарониҳои ниҳодҳои қудратиро низ ба ҷой гузоштааст.         

   Муҳаммадалӣ Пардазода, сардори шӯъбаи назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумруки прокуратураи вилояти Суғд дар як мулоқот роҳбарони ҷамъиятҳои мусофиркашониро муваззаф намуд то сари ислоҳи ин камбудӣ корбарӣ кунанд.

Ӯ пешниҳод намуд, дар сурати ислоҳ нашудани одоби ронандагон ва дигар қоидавайронкуниҳои мусофиркашонӣ то ҳатто иҷозатномаи ҷамъияте, ки дар он ронанда фаъолият мебарад бозхонда шавад.

                                                                                                                                                               Фарзона Муродӣ


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Суғд: Одоби ронандагон танзим мешавад

  • Хамин духтар хелло фаъол аст бисёр масъалахои чиддиро пайгири мекунад!

Leave a Reply