“Startup Challenge» 5 ғолиби лоиҳаи беҳтаринро муайян кард

ИҚТИСОД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Бахшида ба Соли ҷавонон лоиҳаи  «Startup Challenge», ки аз тарафи Мактаби тиҷорати «Синергия» бо кӯмаки молиявии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ва ҳамкории   Клуби соҳибкорони ҷавон роҳандозӣ гардидаааст, натиҷагирӣ шуд.   

Лоиҳаи мазкур аз моҳи июли соли ҷорӣ оғоз шуда, ҳафтаи гузашта дар гӯшаи Амрико, воқеъ дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид. Ин лоиҳа силсилаи семинарҳои омӯзишӣ ва амалӣ дар бахшҳои  тиҷорат, банақшагирии молиявӣ, маркетинг ва фурӯшро фаро мегирифт.

Тавре ки дар суҳбат Алиҷон Сулаймонов, директори Мактаби тиҷорати “Синергия” қайд намуд, барои иштирок дар лоиҳа беш аз 500 нафар аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон дархост пешниҳод намуданд. Аз ин танҳо 132 нафар интихоб гардида, дар гӯшаҳои Амрико дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хоруғ, Исфара ва водии Рашт  барои онҳо давоми 10 рӯз омӯзиш гузаронида шуд. Чӣ гуна навиштани нақшаи тиҷоратии  самаранок,  модели тиҷорат, нақшаи молиявӣ, маркетинг, хизматрасонӣ ва фурӯши самаронок, санъати тиҷорат аз мавзӯъҳои асосии семинар  ба шумор мерафтанд.

Баъди анҷоми семинар аз тарафи иштирокчиён беш аз 35 лоиҳаи тиҷоратӣ қабул шуда, ҳамагӣ 14 лоиҳа ба даври ҷамъастӣ роҳ ёфт. Дар натиҷа аъзои ҳакамон ғолибонро барои пешниҳоди лоиҳаҳои муҳиму замонавӣ нафарони зеринро насиб диданд: Якум, Масрур Ақдодов аз шаҳри Хоруғ дар лоиҳаи “Истеҳсоли санги мармари сунъӣ”, дуюм, Шарбону Вализода аз шаҳри Кӯлоб дар лоиҳаи “Коргоҳи коркарди пашми табиӣ” ва Хуршед Абдуллоев аз шаҳри Душанбе дар лоиҳаи “Хоҷагии гармхона”, сеюм, Нилуфар Муродӣ аз шаҳри  Душанбе дар лоиҳаи “Хизматрасонии фаврӣ дар қаҳвахона”,  Маъруф Бузургхоҷаев аз шаҳри Исфара дар лоиҳаи “Ширкати машаваратӣ ” . Ба ғолибони лоиҳа мукофот  ва сертификат супорида шуд. Инчунин, онҳо имконият пайдо намуданд, ки бо сармоягузорони ватанӣ доир ба амалӣ гардонидани лоиҳаҳои хеш суҳбат намоянд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply