Соли нави хунин

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ, ҶАҲОН

Соли Нав яке аз идҳои дӯстдоштатарини тамоми сокинони сайёра аст, вале баъзан дар ин иди фараҳбахш ҳодисаҳои хунин рӯй дода, айши мардумро талх месозанд. Мо дар бораи чанд ҳодисаи нохуше ба шумо маълумот медиҳем, ки маҳз дар соли нав ба вуқӯъ пайваста ҷони одамони зиёдеро рабудаанд.

 Хунрезӣ дар Истамбул

Рӯзи 1-уми январи соли 2017 дар клуби шабонаи машҳури  Reina, ки дар пойтахти Туркия, шаҳри Истамбул воқеъ гаштааст, бар асари ҳуҷуми террористӣ 39 нафар кушта шудаанд. Клуби мазкур мавзеи дӯстдоштаи ҷавонони пулмасти турк, ҳунармандони машҳур, футболбозон ва меҳмонони хориҷӣ маҳсуб меёфт. Рӯзи соли нав терорист дар либоси Бобои Барфӣ ба ин макони дилхушӣ ворид шуда, дар дискотека оташи марговар афрӯхт. Дар лаҳзаи ҳуҷуми террористӣ дар клуби шабона 700-800 нафар дилхушӣ мекарданд ва барои аз марг наҷот ёфтан, аксарияташон ба гулӯгоҳи Босфор париданд. Ин фоҷиа ҷони 39 нафаро рабуду 70 каси дигар ҷароҳат бардоштанд.

Сунамӣ дар Таиланд

Соли нави 2004 барои истироҳаткунандагоне, ки дар соҳили уқёнуси Ором бехабар аз оламу одам дам мегирифтанд, охирин гашт. Сайёҳон шоҳиди бозии пуршӯри амвоҷи уқёнус гаштанд, ки тамоми ҷонзоди даруни обро ба соҳил мепартофт. Истироҳаткунандагон хурсанд шуда барои ҷамъоварии ин армуғонҳои бепул шитофтанд, бехабар аз он ки баъди чанд лаҳза амвоҷи саркаш қасди ҷон онҳо хоҳад кард.  Катаклизми марговар 7 соату 58 дақиқа давом карда, касе аз он наҷот наёфт, ҳатто меҳмонони то ошёнаи панҷуми меҳмонхона дар амон намонда, дар байни амвоҷи пуртуғён ҷон ба ҷонофарин супурданд.

 Заминларза дар Ҳиндустон

Дар арафаи соли нави 2004 дар Ҳиндустон заминларзаи шадиде ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари он чанд штат хароб гашт. Аз ҳама бештар ҷазираҳои сераҳолии Пхукет, Пхи-Пхи ва қисмати материки Таиланд зарар дида, шумораи умумии ҷабрдидагон 250-300 ҳазорро ташкил намуд.

Одамкушӣ дар гузаргоҳ

Субҳи 1-уми январи соли 2014 сокинони Полша  аз хоб бедор шуда,  хабари марги фоҷиаеро шуниданд, ки дар сарҳади Олмон рух додааст. Як ронандаи 26-сола дар ҳолати сархушӣ бо мошини BMW як гурӯҳи роҳгузаронро зад. Бар асари садама шаш нафар ба ҳалокат расиданд.

Таркиш дар Волгоград

Дар арафаи соли нави 2013 дар Русия дар давоми як шабонарӯз ду таркиши даҳшатнок рух дода, даҳҳо нафарро аз ҳаёт маҳрум кард. Таркиши аввал дар бинои роҳи оҳани Волгоград ба вуқӯъ омада, ҷони 14 нафарро рабуд ва 34 каси дигар бистарию 49 тан захмӣ шуданд. Дар ин фоҷиа ду шаҳрванди Тоҷикистон низ фавтида буданд. Таркиши дуюм дар троллейбус ба вуқӯъ пайваст. Дар натиҷа 16 кас фавтида, 41 нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон афтиданд.

Ҳамла ба Грозний

Аз  31-уми декабри соли 1994 то 2-юми январи соли 1995 ҳангоми ҳуҷум ба Грозный армияи рус зимни муҳориба дар пойтахти Чеченистон беш аз 300 аскари худро аз даст дод. Танҳо аз бригадаи 131-уми  мототирандозӣ 160 аскар дар ин набард ҷон ба ҷаббор супориданд.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply