Сокини шаҳри Хоруғ кормандони БДА-ро бо корд таҳдид кард.

ВМКБ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

 Бино ба иттилои Прокуратураи генералии Тоҷикистон, Худододов И. дар кӯчаи марказии шаҳри Хоруғ бе ҳуҷҷати ронандагӣ воситаи нақлиёти сиёҳшишаро идора намуда, ба талаби қонунии кормандони БДА Мирзомамадов Д.Қ. ва Зарифхонов Н. итоат накарда, бо корд онҳоро таҳдиди задан кардааст. Гумонбар ба ҷиноят боздошт шуда,нисбаташ тафтишот ҷараён дорад.

 

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply