“Собунпаз” қариб худро кушта буд

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Дар пайи таркиши деги чинӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе як бино хароб гардида, соҳибхонаи 53-сола маҷруҳ шудааст. 

Тавре аз Вазорати корҳои  дохилии Тоҷикистон иттилоъ доданд, 6-уми январ Саидраҳмат Атоев дар хонаи истиқоматияш дар кӯчаи Арбобхотуни ноҳияи Сино бо истифодаи деги сарпӯшдори чинӣ хостааст, истеҳсоли маҳлули шӯстушӯӣ ё собунро озмоиш кунад: “Аммо дег таркида, пораҳои он боми бинои навсохтро, ки таҷҳизот дар он ҷо гузошта шуда буд, шикаста ба берун паридаанд. Гунаҳкори ҳодиса, соҳибхона Атоев Саидраҳмат ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода шудааст”.

Манбаъ сабаби таркиши дегро фишори баланди ҳавои дохили он ва риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ аз ҷониби Атоев Саидраҳмат арзёбӣ кард.

Вазорати умури дохилӣ бо зикри он, ки Атоев озмоиши мазкурро худсарона бе иҷозати мақомот гузарондааст, афзуд, ки аз рӯи далели мазкур, корҳои тафтишотӣ идома доранд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply