Ситораи Кароматулло: Мукофотро аз дасти Ҷаноби Олӣ гирифтам

Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ

Ситораи Кароматулло дар озмуни «Авҷи баланди суруд» миёни 50 нафар сарояндагони кишвар ҷойи аввалро ишғол намуда, соҳиби мукофоти баланд гаштааст-Ин хушхабарро шунида мо ба табрики ин бонуи панҷ панҷааш ҳунар шитофтем.

 

11                     22

-Ситорабону, аввалан ғолибиятро дар озмуни «Авҷи баланди суруд» бароятон муборакбод мегӯем!

-Ташаккур, ки шодии маро қисмат намудед.

-Барои мухлисонатон дар бораи ин озмун каме маълумот медиҳед?

-Ин озмун дар Кохи Наврӯз баргузор гашта дар он чеҳраҳои шинохтаи кишвар ва меҳмонони олиқадр иштирок доштанд. Пешвои миллат, сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як санъаткорро бодиққат гӯш карда ба ҳунараш баҳо медоданд. Ман як таронаи шашмақомро, ки авҷи бисёр баланд дошт, интихоб карда будам ва росташро гӯям дар дилам андаке ҳарос буд, вале хушбахтона аз уҳдаи суруданаш баромадам. Вақте суруд ба охир расид, толорро мавҷи кафкӯбии бардавом фаро гирифт ва худи Ҷаноби Олӣ мукофотро ба банда супурданд, ки ин боиси хушбахтии ман аст.

 

55                   66                      ситораи кароматулло2

Чанде пеш дар толори Консерватория консерт дода будед. Устодонатон ба ҳунари шумо чӣ гуна баҳо доданд?

-«Ситора, ту дар ҳақиқат духтари шашмақом ҳастӣ» гуфтани устодонам то ҳол дар гӯшҳоям садо медиҳад.

-Ситора, росташро гӯед, нолаҳои ҷонгудозе, ки дар таронаҳоятон ба гӯш мерасанд, худододанд ё бо кӯмаки ягон духтури «лор» садоятонро ин қадар дилнишин гардонидед?

-Ман барои такмили садоям машаққати бисёре кашидаам. Омӯхтам, шабу рӯз хоб накарда, мақомсароиро машқ кардам. Садои ҷозибу дилнишинам самари ҳамон заҳматҳост.

-Агар боиси малоли хотиратон нагардад, акнун мегузарем ба саволҳо марбут ба ҳаёти шахсиатон…

-Ман сирри пинҳонӣ надорам, бемалол пурсидан гиред.

-Шунидем, ки як бойбачаи данғарагӣ Ситораро хостгор шудааст?

-Талабгорон аз Данғара дар ҳақиқат буданд, вале банда аз рӯйи мақоли «Аввал бубин ҷойи худ, баъд бимон пойи худ» амал карда, рад намудам.

-Мегӯянд, ки хостгорон дари хонаатонро охурча кардаанд…?

-Хонаи духтардор бе меҳмон намешавад. Хостгорҳо меоянд, вале ман алҳол ба як қарори қатъӣ наомадаам. Санъатамро дар нимароҳ гузоштан намехоҳам. Касе, ки бо Ситора издивоҷ кардан мехоҳад, бояд ақаллан 4-5 соли дигар интизор шавад.

-Суруди пурдарде доред бо номи «Танҳоӣ». Аксари мухлисонатон мехоҳанд асрори ҳамин таронаро донанд…

-Албатта дар дунё ягон дили бе дард нест, вале дарде, ки дар ин тарона садо медиҳад, дарди Ситора не, дарди ошиқони нокомест, ки аз ёр ҷудову бо танҳоӣ ҳамнишин гаштаанд.

-Ситора, шумо ҳам мисли дигар сарояндаҳо ба тӯйҳо меравед?

-Албатта меравам. Тарабобод намудани маҳфилҳои мардум вазифаи ҷонии сарояндагон ва тӯй беҳтарин ҷойи репититсия-майдони машқи ҳунар аст.

-Ин мошини наппа нав аз худатон аст ё аз ягон автосалон иҷора гирифтед?

-Албатта аз худам аст! Ба наздикӣ харидам.

-Дар як мусоҳибаатон гуфта будед, ки боре ҳамроҳи бародарам ба садама дучор шуда будам, аз ҳамон вақт инҷониб аз мошин рондан  сахт метарсам. Тарсро кӣ аз дилатон берун кард?

-Дар ҳақиқат ҳарос доштам, вале баъд нозукиҳои ҳунари ронандагиро омӯхта, ронандаи хуб шудам.

-Ташаккур барои суҳбати ошкоро. Мо, аҳли қалами «Оила» таманно мекунем, ки тезтар шуморо дар зери чодари арӯсӣ бинем!

-Ташаккур!

 

Суҳбаторо: Рустам Азимӣ

 

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

58 комментарий

  • Дар як маъракае нишаста будем. Санъаткорони зиёди эстрадаи точик пайи хам сурд мехонданд. Навбат ба Ситора расид. Бисёр боодобона, шармида-шармида мехонд. Ахли толор, махсусан мансабдорони сатхи давлати каф мекуфтанд. Маълум, ки тарбиятдида аст. Муваффакият.

  • Дар он садама акаам танхо буданд ман набудам камтар хато шудаст

  • Бале агар ндунболи копи хони наравд чун Шабнаму дигарон дар одобу дар хунару интихоби матну оханг намуна ва бехтарин аст. Куллахои баланди санъатро таманно дорем. намешиносамаш аммо сурудахояшро зиед гуш мекунам. Бале касби аст!Нашаавд ки инро хам дар руйхат ворид кунанд. Дар радио зиёд сурудахош пахш мешавад. Суруди очикистон оли баромадааст!

  • Хайр хостагор Дангараги аст гуфта бояд кабул мекард чи?))) Чи ахамият дорад хостагор аз кучо аст?))))

  • Ташакури зиед, дустон ман хеле миннатдорам ки шумо дар ин сомона маро дастгири намудед. Миннатдорам аз бародари азиз Рустамчон

  • Салом Ситорабону . Нисбати хостгор аз Хоруг чи фикр доред,

  • Акачон. Ман хамеша сайтои хабария мехонам ва тавачух мекунам ки дар борам чи мегуянд. Барои ман аз кадом минтака буданаш фарке нест, мухим ба дилам писанд бошаду интизор шавад, ки ман кай хулосаи ба шавхарбаромаданро дар сарам пайдо мекунам. Интизори мушкил аст вале вакт нишон медихад, ки Ситора аз он кист….

  • Ситорачон хеле хуб шуд, ки комментои ин сомонаро аз назар мегузаронед, тафтиш мекунед ва чавоб доданро низ дарег намедоред.(агар Ситораи асли бошед,албатта. наранчед, аммо имрузхо ба касе бовари намондааст афсус) Ман Шуморо меписандам сурудхоятонро низ инчунин. Хамеша аз пайи навгонихои хабархои рузгору фаъолиятатонам, апачон. Мехостам бо Шумо хамсухбат шавам, чунки гуфтанихои зиёде дорам. Рад накунед, ки дилшикаста мешавам(( Илтимос бигуед ки бо шумо чи тавр тамос гирифтанам мумкин аст?? Ва боз голибият муборак!!!!

  • Мах ин яъне мох аст. Боз маро писар гумон бурда чавоб натиед апа,,то кай чавобтона интизор шам?

  • Рости гап ман ба ин сомона надаромада авал дар Фейсбук ин гапхоро хондам, ва дар хамончо ба саволхои мухлисом посух додам. Вакте дустам Рустам занг зада гуфт, ки як силка мепартом ба ончо даро ва ба саволхо чавоб те. ман даромадам. Дар фейсбук вакти хамсухбат шудан дорам лекин телефонам хамеша хомуш карда шудаасту вакти гапзанихам надорам, фикр мекунам мана дуруст мефахмед агар зан бошед..

  • Саломат бошед апачон. Ситораи дурахшон бимонед. Аммо афсус имкониятеро шумо дорен ман надорам. Насиб карда бошад, ягон вакт хатман бо шумо хамсухбат мешавам. Ситорачон, шод бошед.

  • Рахмат апачони ширин ман бо шумоён мефахрам!

    • Ситора шумо хамон Шери (байни роху нимароро дар оханг дароред ва даст раси мо мухлисон гардон

  • Апаи Ситора аз Шумо як хохишак дорам,, илтимос берун аз сахна хам либоси точики ба бар кунед,, ба Шумо мезебад,

  • Апаи Ситора шумо соли чандум таваллуд шудаед? Дар ТВБ гуфтед ки 1992, аммо дар дигар чойхо 1991 аст,,???

  • Ситора соли 1992 дар Варзоб ба дунё омадааст, 91ум сол модараш хомиладор буд… аку хамра ть намедони мухтарам саволбой андар савол

    • Вообще то ман саволбону андар савол и ещё савол ба шумо набуд хамсинфбой

    • бад боз ин ки хамсинфаши азиз зодрузи Ситора 19уми декабрь агар надони барои хамин модари у аз мохи март шояд хомила шуда бошад(узр за выражение) ,, аку хамра ть намедони мухтарам хамсинфашбой

  • ма барои бесаводо 91ум сол гуфта шухи гап задм одами баакл мефахмад, ки 92 мохи декабр таваллуд шудааст. Чи шумо точико хамачира донистан мехохен, чикортон мондаю хомиладори и очашу соли тавалуди ситорада. Пахато хеч хами акли шумо мусурнихо надаромад ки надаромад…

    • Танхо беакл беаклро меомузад. Доноён медонанд, ки омузонидани беакл бенатича аст. Маълум мешава, ки беакл худи шумоед. Бори дуюм такрор мекунам, ки ба шумо не ба апаи Ситора!! Ма ради интерес пурсидам, ки чаро худаш 92 мегуяду дар дигар чойхо 91 аст. Сам погугли в интернете,, и ещё давай ты не будешь мне указывать что спросить и что нет, а куда тебе идти ДРУЖОК

  • Акли хдт мусурнихай ки точики менависи бо точикора танкид дори ахмак

  • хап кун ки очата ба чашмут нишон метиям маймунбозита багали очатба кун мусрка

    • Худатон бас кунед. Агар акли солим дошта бошед, ба маънии суханхоям биравед, чунки ман аллакай дафъаи сеюм такрор мекунам, ки савол ба СИТОРАИ КАРРМАТУЛЛО!!!!! БА ШУМО НЕЕЕ!!! Барои хамин луфтан худатон биниатонро хар чо нахалонида, рафта багали очачонтон шине.

  • Ситора че перестала читать комменты? Чашм расид..,, Бигзор худи Ситорахон чавоб диханд охир. Кучо шудаанд он кас? Ба у хамаи инро расонед акаи Рустам

  • Ёсуман хохари азиз, ман силкаи ин сайта бо каментош ба Ситора партофтам. Онкас хеле озурда гаштан, ки инкадар бачахо гапои пасту баланду харфои ночо задааанд, баъд саволои шумора пешкаш кардам меган, ки дар ин биёбони сергавго агар боз дарояму посух гардонам боз гапи пасту баланд мешунавам. Бехтараш чизе хаст дар ман расонед ман зуд зуд ба айёдати онкас ба коргохашон мерам мерасонам ва чизе гуфтан ба шумо менависам хохарам Ёсуман?

    • Ташаккури беинтихо барои дастгириву гамхори бародар! Хамааш хамин, ки ман танхо мехостам бифахмам, ки Ситора кадом сол таваллуд шуда бошанд? Хар чо хар хел навиштаанд охир

    • Акаи азиз боз аз Шумо хохишмандам, ки агар имконият мебуд аз Афзалшохи Шоди, Тохирчон Чураеву Бобочони Амонулло, ки овози дилписанд доранд, интервью гирифта пешкаши мо гардонед,, бисёр шод мешудаам))) дер боз сухбатхои гарми устодро пазмонамм

  • Ситора ман соли тавалудам 22.09.1988 чанд вакт мешавад,ки ошики ту гаштаам !!! Агар ишки маро рад накунед ва кавл дихед,ки хамшарики зиндагии ман мегардед дар оянда, ман омодаам 5 сол не хато 10 сол интизор шавам!!!!
    Агар ишки маро рад куни худамро дар дари хонаатон дор мекашам!!

  • туй мехрем гу брат ….Худо медонад ки хами туя мегирадддддд

  • хохишатон ба чону дилу неким Авзалшо ШЩодиев баъди рохбари Филармоня шудан дигар ваакти зиёдати надоштиян.. А ду нафари гуфтаатон садои бехтарин доранд вале хонандашон каманд, мо аз руи дархостхои пайдарпай сарояндахоро ба интервю фарёд мекунем, чони ака

  • Ин Ситора бо чанд пул ин кадар худро реклама кардааст, модари точик пас аз марги Точиддин ва Мукаддас то хол дар жанри эстрада сарояндаи дилпасанди хамаи гушаи Точикистон таваллуд накардааст Ман хайрон хамаи ин пиархо барои чи?

    • Ситора макомсарои дорад. У дар жанри эстрада нест. Факат гохо дар жанри эстрада низ суруд мехонад ба чавоно

  • Касами гуру лахади бо чи дагдага дори Мукадасат мурд, тоидинат пусид рафт бачои уно насли нав омад, ть кухнапарасита хаму давраи зардуштба мону ба асри нав барград лахтамард

  • Меген и дхта оладор нестак однако шикамш ранги хомиладор астай кыы,, аму клипи хомушира главный суратша бине дар tamoshow

  • э рутон сиё хозадахо ма у клипа дидм проста фарбехакай куртай танг омадас тухматчиёи нобакор аз Худо бтарсен

  • Марам у клипа дидагийм. уча ука маълум не. неким аму расми авалаш шок каде куртахаки тюльдор пушидайку

  • ситора сурудхоят зебост мисли худат ва шуморо аз наздики дидам дар як тарабхона бенихоят ошикатон шудам ))) хушбахтиатро мехохам )

  • Ситора!! агар тавонӣ дар сайти фейсбуки ман (Murod Davlatov) ворид шав ба ту гапи муҳим дорам-хоҳиш мекунам!!!

  • Ситора !!! агар тавонӣ дар сайти фейсбуки ман (Murod Davlatov ) ворид шав туда гап дорам-хоҳиш мекунам))))

  • аз ҳаматонҳтиромона хоҳиш дорам ҳар нафар худаш даҳонашро идора кунад чикор дорен шумо ба шабнам ҳаркас услуби худро дорад ҳами мардуми тоҷик ғайбат карданро хеле дуст медоранд

  • Апаи Ситорабону ман хамчун мухлис хохиш мекардам ки суруд дар васфи МОДАР 2017 месароидед.

  • Зинда боши апаи Ситора. Либосхои точики мезебат махсусан руймол

  • Апаи ситора ман мухлиси ашадии шумо хастам дар орзуи дидани чехраи зебои шумо юудам ки ин руз шуморо аз наздик дидам имруз 09.10.17 шуморо дар як беморхона дидам Худованд дардро набинед.

  • Апаи Ситора шуморо бисер зиед дус медорам ва орзуи дидани шуморо дорам ки он ба ман имруз муяссар шуд

  • Салом ба ҳама хуб мешуд ки ҳамаи сарояндаҳо либоси миллиро бабар кунанд. Ман худам шоҳидам ки дар саҳна либоси милли мепушанд аммо дар дигар ҷойҳо бо либоси миёна мегарданд . Авал ҳама хдш хдша ҳурмат кунад .Тоҷик тоҷика мусур гуд баъд аз дигарон чи гилла. Лаънат ба он нафароне ки ҳамватани худро мусур гуяд. Ҳамзабони хешиву пайванди аст. Дар хотир нигоҳ доред апаи Шабнама гайбат кардесте чи хеле ки бошад набошад Хонаи Худоро зиёрат кардааст муред аблахо

  • Мардум хурсандӣ кунед
    Ситораҷон ба шавҳар баромадаанд)))

Leave a Reply