«Сипоснома» ба хабарнигорони «Тоҷикистон» ва «Оила» дар Соли ҷавонон

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

Имрӯз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ду хабарнигори нашрияҳои бисёрхонандаи «Тоҷикистон» ва «Оила» «Сипоснома»-и худро дар вазъияти тантанавӣ супорид.

Ба  ин гуна қадрдонӣ хабарнигорони ҳафтаномаи  «Тоҷикистон» Эмоми НАЗАРИЁН ва «Оила» Рустам АЗИМӢ муяссар гардиданд. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ба ин муносибат ба «Сипоснома»  имзо гузоштааст. Ин хабарнигорон «Барои саҳми арзанда ва ҳамкориҳои судманд дар ташвиқу тарғиби сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш, бахусус ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ бахшида ба Соли ҷавонон сарфароз гардонида мешаванд».

«سپاسنامه» به خبرنگاران «تاجیکستان» و «عایله» در سال جوانان


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply