Сихкабоби хуҷандӣ: Ба пулдор кабоб, ба сокинони маҳалла дуди кабоб!

ИҚТИСОД, Слайдер, Тандурустӣ, ТОҶИКИСТОН

Барои “Шоми Хуҷанд” саломатии сокинони пойтахт муҳим нест. Муҳим он аст, ки гӯр сӯзаду дег ҷӯшад…

— “Тоҷикистон”?

-Бале.

-Аз дуди ғализи шашликҳои хуҷандӣ безор шудем. Ҳар шом дуди сиёҳи ангишт тамоми атрофи хонаҳои моро фаро мегирад. Магар ин ба саломатӣ зарар надорад? Тирезаҳои хонаро намекушоем, зеро ғубори дуд ба либосу ҷиҳозҳо мерасад.Чаро журналистҳо инро наменависед? Ё шумо ҳам манфиат доред?

-Манфиат?

-Ҳа, бисёриҳо омаданду рафтанд, аммо чорае надиданд. Маҳаллаи 1-ум Советскийи шаҳри Душанбе биёед, шоҳиди ҳол хоҳед шуд.

-Худро муаррифӣ мекардед.

-Хонандаи “Тоҷикистон”,- ҳамсуҳбат гӯшии телефонро бидуни гирифтани ном гузошт.

… Ҳамроҳи суратгири рӯзнома ба маҳаллаи маъруф ба 1-ум Советскийи шаҳри Душанбе омадем. Шом буд. Дар ду тарафи роҳ мошинҳои зиёде ҷамъ  шуда буданд. Соҳибони онҳо  асосан муштариёни марказҳои шашликхонаҳо буданд. Қад-қади роҳ мошинҳои зиёд бенизом гузошта шуда буданд. Он  рӯз ҳаво каме сарду шамоли тунд  дуди шашликхонаҳоро ба атрофи маҳаллаҳои истиқоматӣ паҳн мекард. Хостем бо маъмурияти чанде аз шашликхонаҳо ҳамсуҳбат шавем. Вориди шашликхонаи  “Шоми Хуҷанд”  гардидем. Рустам Бурҳонов, соҳиби ошхона ошкоро  гуфт, ки дар нуқтаи шашликпазӣ ягон таҷҳизоти махсусе барои пешгирӣ ё ҷаббидани дуд насб накардаанд. Дуди аз ангишт хориҷшуда ба ҳаво мебарояд, яъне болои хонаи мардум.

-Пас, барои пешгирӣ аз дуди ғализ, ки  хонаҳои мардумро пахш мекунад, маъмурияти шашликхона ягон коре мекунад?

Ба гуфтаи Рустам Бурҳонов, барои  дудкаши шашликхонаашон  аз Хуҷанд филтр, яъне дудтозакунак фармоиш додаанд. Чаро аз Хуҷанд? Магар таҷҳизоти Душанбе дуди шашлики хуҷандиро тоза намекунад. Шашликпаз хомӯшӣ ихтиёр кард…

-Ҳозира дудкаши шашликхонаатон чанд метр аст?

-12 метр.

-Ин аз рӯйи стандарт аст?

-Асосан он бояд аз биноҳои истиқоматӣ баландтар бошад.

-Ягон мутахассисони соҳаи экологияи шаҳр ба шумо эрод гирифта буданд? Кӣ омада буд?

-Омада буданд, вале номашонро намедонам. Аз экологияи ноҳияи Фирдавсӣ барои фаъолият ҳуҷҷат дорем.

Аз сарвари шашликхона барои тасдиқи гуфтаҳояш ҳуҷҷат  пурсидем, аммо нишон надод…

Аз чор тараф садои муштариён баланд мешуд: шашлики маро биёр…

Соҳиби “Шоми Хуҷанд” аллакай ду сол аст, ки мардуми маҳалларо дудборон дорад, моро фаромӯш карду ҷониби муштариён давид. Барои ӯ саломатии сокинони Душанбе муҳим нест, муҳим нест, ки Раиси шаҳр дар пайи ободӣ ва осудагии сокинони Душанбе аст. Барои ӯ бо ҳар роҳе, ки набошад, пур кардани киса аст.

Шиносоиро  бо дигар  шашликхонаҳои маҳаллаи 1-ум Советский идома медиҳем.  Қисмате аз эшон  аз суҳбат худдорӣ мекунанд ва ҳатто  гурӯҳе монеаи  аксбардорӣ ҳам  мешаванд. Вориди шашликхонаи “Умедҷон” мешавем  ва худро муаррифӣ мекунем.  Маъмури он аз суҳбат худро канор мегирад ва худро  банди шашликпазӣ мекунад. Тавре мушоҳида шуд, муштариёни ин кабобхона нисбатан бештар буданд.

Мутаносибан, дуди он ҳам ғализтар буд ва   аз ҳамин ошхона  фазои атрофро бештар “атрогин” мекард. Шумораи шашликхонаҳои 1-ум Советскийи пойтахт рӯ ба афзоиш доранд ва дуди онҳо ҳар рӯз бештар аз пештар ғализтар  мегарданд ва қавли мардум “дар дуди онҳо кӯлоҳро монӣ, намеафтад”.  Чун занбурӯғи баъд аз борон, ҳоло  “Суғдиён”, “Шамс”, “Султон” пайдо шудаанду  дуди сокинони ин маҳалларо мисли дуди кабобашон ба осмон дакка мезанонанд. Ягонтои  ин дудмонҳо  аз ҳавокаш истифода намебаранд ва парвои мардуми аз ин дуд  нафаскашандаро надоранд.  Яъне, “гӯр сӯзаду дег ҷӯшад”.

Сайдисмон Судуров, сардори Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон дар  ин маврид гуфт, ки  дар Тоҷикистон  аксари корхонаҳо бо ангишт фаъолият мекунанд,  ки  тартиби истифодаи худро дорад. Ба андешаи ӯ,  дуди ангиште, ки дар шашликхонаҳои маҳаллаи 1-ум Советскийи шаҳри Душанбе истифода мешавад, тақрибан аз 10-5 метр боло намеравад. “Ин дуд ба  замин мешинад. Аз нигоҳи ҷуғрофӣ шаҳри Душанбе дар пастӣ ҷойгир аст ва  атрофи онро кӯҳҳо иҳота кардаанд. Гардиши шамол низ камтар аст. Дуду чанг дер пароканда мешавад. Аз чанголи дуди кабоб дар ин маҳалла халос шудан танҳо бо  як шарт имкон дорад: Насб кардани таҷҳизоти зидди дуд. Вале, шашликхонаҳо барои ин кор  ҳавасманд нестанд. Онҳо бо усули бобоӣ кор мекунанд”,-мегӯяд Судуров. Бо харҷи кам фоидаи зиёд ба даст овардан  ин аст усули кори онҳо.

Тавре духтурон мегӯянд, дуди ғализи ангишт боиси ангезиши чандин бемориҳо, аз қабили фишорбаландӣ, сактаи қалб, астма ва ғайра мегардад. Оё бо шашлик ин бемориҳоро табобат карда мешавад?

Бар замми ин, намуди зоҳирӣ хонаҳои таъмирхӯрдаро безеб мегардонад. Раиси шаҳр дар талоши таъмир ва рангу бор додани хонаҳо, вале барои соҳибмулки “Кабоби хуҷандӣ” гӯр сӯзаду дег ҷӯшад.

Тавре Сайдисмон Судуров иқрор мекунад, ҷои ин “дудхонаҳо” наздикии маҳаллаҳои сераҳолӣ нест ва онҳо бояд дар ҷое фаъолият кунанд, ки ба  зиёни касе набошад. Агар чунин шавад, шиори “ба пулдор худи кабоб ба бепул дуди кабоб” маънои худро дигар мекунад. Он  гоҳ пулдорони   1-ум Советский бемалол рафта, кабоб мехӯранд ва камбағалони ин маҳалла аз дуди он халос мешаванд. Яъне, “ҳам рама солим мемонаду ҳам гург сер мешавад”. Чӣ гуфтед, масъулини тозагии шаҳр?

Усмон Раҳимзода,

“Тоҷикистон”

Суратгир Шероз Саъдуллоев


Поделиться новостью в социальных сетях:

4 комментарий

  • Аз шашликпазихои ошхонаи «Сирдарё» ва «Хаймаи Хайём»-и вокеъ дар кучаи Шестопалова хам як хабар мегирифтед. Хардуи ин хам дар ру ба руи бинохои чорошёнаи ахолинишин фаъолият мекунанд, ки аз буи дуди гализи ангиштсанг ба чон расидаем.

  • Ман хам дар наздикии хамин махалла зиндаги мекунам. Аз чор тарафи дуди шашлик ба хонахо мерасад. Ман тарафдори бастани шашликхонахо хастам. Чунки хоси шахри Душанбе нест. Хар руз ба пойтахт мехмонхои зиеде меоянд ва инро дида ба холи шахри буданамон айб мекунанд. Боки казоват аз шумост, дастандаркорон.

  • Як бор Точикстандарт шашликошонро хам чашад, ки бар зарари мардум набошад. Ки медонад, ки онхо аз гушти чи шашлик тайёр мекунанд?

Leave a Reply