Шукурзода  ҲХДТ-и Панҷакентро беобрӯ кард?

Сиёсат, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Прокуратураи шаҳри Панҷакент тафтиши фаъолияти Кумитаи иҷроияи созмони ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар шаҳри Панҷакентро оғоз кардааст.

Бино ба маълумоти сарчашмаҳо, сабаби тафтишоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, шикояти чанд нафар аз фаъолияти «пурсамар»-и роҳбари ин ташкилот Мурод Шукурзода ба Дастгоҳи президенти мамлакат дониста мешавад.

Дар аризаи шикоятӣ гуфта шудааст, ки Мурод Шукурзода роҳбари Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ба якчанд қонуншиканиҳои ҷиддӣ аз ҷумла нодуруст масраф кардани маблағ, хароҷотҳои дуюмдараҷа, истифодаи мошини хизматӣ ба манфиати шахсиаш ва ҳатто додани тавсифнома ба шахсе, ки гӯё ба гуруҳи мамнӯъи «Салафия» маҳкум шудааст, роҳ додааст.

Шикояткунандагон навиштаанд, ки Мурод Шукурзода нақлиёти хизматии КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакентро ба манфиати оилааш истифода мебурдааст ва ҳатто ҳама маблағи сӯзишворӣ аз ҳисоби ҳизб будааст. Барои таъмири ин нақлиёт бошад, роҳбари ҳизб дар шаҳри Панҷакент, 30000 сомониро «обу лой» кардааст.

Бо супориши прокуратураи шаҳри Панҷакент, аз раёсати молияи шаҳр як нафар ба ҳайси аудит — санҷишгар барои санҷиш ва ҳисобу ҳасади даромаду хароҷоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент фиристода шудааст ва бояд рӯзҳои наздик натиҷаи санҷишро ба прокуратура пешниҳод намояд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

12 комментарий

  • Дар Панчакент, ҳама болои якдигар навис нависро дуст, медоранд.

  • Ба фикри банда ин шахс баъди раиси ХХДТ шуданаш дар шахру дехоти Панчакент як катор навоварихо кард, ки шумораи аъзоёни хизб низ хеле боло рафт.
    Вале инсонхое низ хастанд ки бадхоханд ва чунин пешрави ва обруро надида истода бадхохи мекунанд ва номи неки одамро догдор мекунанд.
    Хамаи инро баъди тафтишот мефахмем айб дар ош ё мош…

  • Акнун бас будагист хизбдорию хизббози, хама ба гирди пешво чамь омада кишварро майда майда обод кунем!

  • То чое ман медонам вазифаи хамин мардак хамун НАВИСАНДА ба зарур шудааст. Дар хамаи идорахои давлати хастанд, ин камбудихои чузъи, ки боиси шуру валвала андози намекунад. Чое, ки кор хаст камбуди мешавад. Агар хамин мардак хапакак да кабинеташ шинад, ягон кор накунад хам кори хизб пеш меравад. Чун ин мардаки хуб даву тоз кардааст, мачлис кардаст, дигар чорабинихо кардааст, барои хамун НАВИСАНДА хуш наомадааст.

  • Бигзор як рохбари хуб сари ин вазифа таъин карда шавад. Хатто ин нафар яъне Шукурзода ба шуъбаи маориф дастур додааст,ки бояд хама омузгорон мачбури ба хизб аъзо карда шаванд. Ое ин мумкин аст?

  • Офарин ба Шумо сокини д.Кулоли чунки мардуми дехаи Кулоли хеле хакгуйу босаводанд. Ман ин чо бо ифтихор ба забон меорам рузноманигори варзида Муродилло Шерализода, академик Фарход Рахими, профессор Фарход Хусейнзода, Фарход Каримов ва даххо нафарони дигар. Чунончи Шумо кайд кардед Мурод Шукурзода ба директорони тарсую буздили мактабхои миена дастур додааст,ки омузгоронро мачбури аъзо кунанд ва хамин хел хам кардаанд,ки хилофи Конун мебошад.

  • «Мачлис кардаст,даву тоз кардаст, навовари кардаст» ба чуз кисаи худро пур кардан дигар ягон кор накардаст. Чи хел навовари??? А ааа шояд салафиро ба аъзоги кабул намуд хамин навовари бошад!!! Наход як хизби хокимро дар Панчакент як рохбари хуб набошад! Хайринисо Фатхуллоева е Шохида Худойбердиева кадрхои арзанда

  • Порахури Панчакентда бисйор шидай ай хама зиед беморхонахода

  • Равшан дар кадом беморхонахои шахри Панчакент порахури будаст. Мо табибон пора намегирем.

  • Ман фикр кадам ин чиноякора барои ин чиноятхояш паси панчара мекарда бошанд баракс и бо хаму кораша карда гаштай

Leave a Reply