Шинос шавед: Академикҳои нави Тоҷикистон

Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ

Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки тибқи Низомнома дар бораи интихобот дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалб намудани олимони намоёни кишвар ба фаъолияти илми иакадемӣ, пурзўр намудани роҳбарии таҳқикотҳои бунёдӣ ва амалӣ дар соҳаҳои гуногуни дониш ва пурра кардани ҳайати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, рўзи 14 июли соли 2017 интихоботи аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳо доир гардид.

Интихобот бо тартиби муқарраргардида тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оинномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомнома дар бораи интихобот дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ доир карда шуд.

Дар натиҷа олимони зерин тибқи ихтисосҳои эълонгардида аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд:

Муминов Ҳикмат Ҳалимович — Физика

Раҳмонов Зарулло Ҳусейнович —  Математика

Яқубов Юсуфшо — Таърих

 Аъзои вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абдуламонов Қозимамад — Генетика Абдуллоев

Ҳабибулло Одинаевич — Физикаи назариявӣ

Бадалов Абдулхайр — Химияи ғайриорганикӣ

Бобоев Тошбой — Физикаи ҳолатҳои конденсӣ

Гулов Саидалӣ Маъмурович — Растанипарварӣ

Муҳаммадалӣ Музаффар -Антропологияи фалсафӣ

Назарзода Сайфиддин  -Забоншиносӣ

Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин – Ҳуқуқшиносӣ

Пирумшоев Ҳайдаршо – Таърих

Раҳимзода Маҳмад Забир- Ҳуқуқшиносӣ

Раҳимов Исматулло – Химияидорусозӣ

Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло – Забоншиносӣ

Саид Нуриддин Саид  -Антропологияи фалсафӣ

Саидмуродов Лютфилло Ҳабибуллоевич — Иқтисодиёт

Саидов Абдусаттор Самадович – Зоология

Салиҳов Тағоймурод Хаитович — Физикаи назариявӣ

Султонов Мирзоҳасан Баротович — Забоншиносӣ

Табарӣ Абдулло Ҳабибулло — Математика

Туйчиев Шарофиддин — Физикаи ҳолатҳои конденсӣ

Ҷумъаев Бахшулло Боқиевич- Физиология ва биохимияи растаниҳо Шарифзода Абдуфаттоҳ Абдуваҳҳоб — Таърих

Шарифов Худоӣ — Адабиётшиносӣ

Ятимов Саймумин Сатторович- Сиёсатшиносӣ


Поделиться новостью в социальных сетях:

2 комментарий

  • АКАДЕМИКХОИ НОДАРКОР САМОПАЛ ЧИ КАДАР ЗИЁД ШУДАН ГИРИФТАНД ЯКБОРА КАРТОШКА КИММАТ ШУДАН ГИРИФТ ЯГОН ИХТИРООТ НЕСТ ХАМААШОНРО ПЕШ КУНЕД АККАЛАН 1 КАРАМУЛТУК НАМЕТАВОНАНД БАРОРАНД ПУЛИ ДАВЛАТРО ГИРИФТА ИСРОФ МЕКУНАНД БЕХУДА ДАР МО АКАДЕМИЯ ЧИ ДАРКОР БАСТА ШАВАД

Leave a Reply