«Шеъри истиқлол»- ғолибони худро ёфт

Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ

Шоми  7 сетябр дар  Китобхонаи милии Тоҷикистон озмуни шеърии ҳафтаномаи “Тоҷикитон” – “Шеъри Истиқлол”  ҷамъбаст гардид. Ин чорабинии мутантан, бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон баргузор гардида дар он шоирон, олимон ва аҳли зиёи кишвар ширкат варзиданд ва суханронӣ намуданд.

Сармуҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Шариф Ҳамдампур зимни суханронии худ қайд кард, ки озмуни “Шеъри Истиқлол” тӯли 3 моҳ баргузор гардида дар он 50 нафар шоирони касбӣ, навқаламон ва алоқамандони шеър ширкат варзиданд.

Ҳамчунин Шариф Ҳамдампур аз китоби тозанашри “Шаҳкитоби Истиқлол” муаррифӣ кард. Дар ин китоб намунаи ашъори қариб 40 шоир, ки дар озмуни “Шеъри Истиқлол” ширкат варзиданд ба нашр расидааст.

Ҳамчунин дар идомаи озмун ба ғолибон диплом ва мукофотҳо супорида шуданд. Ҳамин тавр   Шоири халқии Тоҷикистон

 Гулназар Келдӣ сазовори ҷойи аввал,

Муҳаммад Ғоиб мақоми дуввум ва шоир

Ниҳонӣ сазовори ҷойи севум шуд.

Шоирони шинохта Алимуҳаммад Муродӣ, Давлати Раҳмониён, Искандари Раҳмон ва Мирзо Рустамзода бо мукофотҳои махсус сарфароз шуданд.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply