Шабнами Сурайё: Табибони ҳинду модарамро аз дами марг наҷот доданд        

Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ

Ҳанӯз аввалҳои моҳи майи соли ҷорӣ дар матбуот дар бораи бад шудани вазъи саломатии устоди санъати тоҷик Сурайё Қосимова хабарҳои ҳангомавии зиёде пахш гашта буданд. Баъзе бадхоҳони ин ситораи ҳунар аз фурсат истифода бурда, овоза паҳн намуданд, ки гӯё модари Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед дар дами марг аст. Ҳамарӯза мухлисони ин бонувони ҳунар ба сомонаи мо занг зада, дар мавриди вазъи саломатии примадонаи саҳнаи тоҷик пурсон мешуданд. Инак, рӯзи 19-уми сентябр Фарзонаи Хуршед дар суҳбати телефонӣ дар мавриди бемории модараш Сурайё Қосимова  ба хабарнигорон иброз дошт, ки ҳоли модараш баъди барои табобат ба Ҳиндустон бурда оварданашон рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.  Фарзона, ки чанде қабл худ бори дуюм модар шуда, писарча ба дунё оварда буд, ба қадри модар ва ранҷу азобҳояш дар тарбияи фарзанд беҳтар мерасад. Фарзонабону дар бораи модари машҳураш бо муҳаббати бузург сухан ронда мегӯяд: «Дар мавриди бад шудани саломатии модарам ва дар дами марг қарор доштани ӯ душманонамон ҳангомаҳои зиёде сохтанд, вале шукри Худо бахт ба рӯйи мо хандиду модарам ба по хестанд ва ин шабу рӯз боз аз пайи эҷоди суруду таронаҳои нав ҳастанд…»

1404476066_shabnamu-farzona

Барои фаҳмидани он ки суханони Фарзона то куҷо ҳақиқат доранд, мо бо  апааш, ситораи дурахшони санъати тоҷик Шабнами Сурайё дар тамос шудем.  Шабнами Сурайё суханони хоҳараш Фарзонаро тасдиқ намуда, гуфт, ки ҳоли модараш дар ҳақиқат пас аз табобат дар Ҳиндустон хеле беҳтар шудааст.

сурайё косими

«Мо модарамро ба Ҳиндустон барои табобати узвҳои дарунияшон бурда будем. Табибони ҳинду модарамро ҳамаҷониба ташхис ва табобат намуданд ва мо дубора ба Ватан баргаштем. Ҳоли модарам хуб аст, вале барои дилпур шудан рӯзҳои наздик он касро боз як бор ба Ҳиндустон бурда, аз назари табибони донишманди ҳинду гузаронидан  мехоҳем…»

shabnami_surayo-2015-1

Ба саволи мо дар мавриди сабаби бемории модараш Шабнам чунин посух дод: «Марги падарам модарамро афгор кард. Барои ором кардани асабҳояш доруҳои ҳархела мехӯрд. Дар натиҷа дорую дармони зиёд ба ҷигараш зарар расонида бемор шуд. Аҳли оила маслиҳат намуда ба хулосае омадем, ки бояд модарамро барои табобат ба хориҷа барем. Дар бораи дастовардҳои табибони ҳинду дар соҳаи бемориҳои ҷигар ман бисёр шунида будам, аз ҳамин хотир модарамро ба ягон кишвари Аврупоӣ нею ба Ҳиндустон бурдам…»

шбанам

Шабнаму Фарзона ният доранд, ки баъди пурра шифо ёфтани модарашон боз як консерти муштарак барпо намоянд. Дар мавриди он ки писарчаи Фарзонаро чӣ ном ниҳодаанд, Шабнам бо мамнунӣ хабар дод, ки ҷиянчаашро ба хотири зинда доштани номи падарашон Муҳаммадхуршед ном ниҳодаанд.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

19 комментарий

  • Барои дархости моро ба инобат гирифтанатон хазорбор ташаккур мегум кормандони ин сайт. Хамеша саихатманду хонаобод бошетон. Ман ки мухлиси ашашдии ин Шабнамчон мебошам тамоми хабархои дакику аникро махз аз шумо дарёб карда мехонам. Бо шумо будан фахри мост, хечгох каламатон шикаста нагардад. Омин

  • Ин Шабнам Хочибиби буд бо ита савримени либосо пушидас. Пах… либоси пушидаша бинае…Шабнам ихе наку охи гунохай девонагита да у дунё мебини баъд пушаймони надорад суд….

  • Вооооо очаша аник хами Шабнам касал кардагияй. Сурайё зур буде давраи бобои мада. Бибим рашк мекада ки уя да телевизр ниго накун. уруз бобом накл кард мурдм ай хандая

  • Хами Шабнам шу дошта бошад.. и чи мехра ки ика хшру

  • Шабнамчон агар саволи мая бхони илтимос чавоб те…. кансерти рузи 24уми сентябрт ба таври зинда мегузарад ё фонограма? барои он ин саволро додам ки ман ду билет харидм нархашаон 200 сум боло аст?

  • наметонад зинда хонда овозаш метаркад агар хонад барои хами шиори фонограма зинда бош дуруст миёя

  • Шабнам духтарчат чансола шуда бошад калонакак метова, да я клипт дида будам хами бачам хамуя масъалаш бинед хостгори рафтаниюм авал сину солаша мефахмидам баъд хонатмерафтм дугона

  • Шабнамчон ту бехтарин ситораи санъати чаони. Тура мо сахт дуст медорем ба Бадахшони мо кай консерт барпо мекунии

  • Шабнам суперситораи чахон. Мо дар канада кансерти уя тамошо карда рохат кардем хамара коил кард Шабнамчик

  • Дар консерти рузи 24-сентябри Амфитеатр танхо ва танхо Садриддин зинда сароид. У метавонад.

  • о ин духтурони хунду мединистути точикистона хондаги ку. бо чи да онча мебаранд …бизнес да

  • апаи шабнам консерти нав (2017) дар кучо мешаваж илтмос хабара дихед 934660604

  • Э меганШабнам дар кансерти Афмфетьеатр ба фуг омада задаст ростаст? Ношугрир каблукош, рост бошад касе да кансерт рафта буд атвет тияд?

  • ма гарени апаи шабнама дуст медорм ай пеши надидамш некем да кичои овоз ша шнавм дилм ов мехра кай меша урузе ки ма апаишабнама ай пеш бинм

  • як хело ай рашкшона намедонанд чи бган агар шмо кади хами сумдор бошен ба фикрм ки голи фр мегарден

  • Шабнам шумо биби шудаен хачрафтаен дигар либосои хархела напешед

Leave a Reply