“Шаби ялдо” балои ҷони Аскару Гулрухсор ва Акбаршою Хайрандеш шуд

Сиёсат, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

 

Нодири Қодир ном шахс дар як мақола шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон, аз ҷумла раиси собиқи Шӯрои олӣ Акбаршо Искандаров, сафири собиқи Душанбе дар Эрон Рамазон Мирзоев, шоирон Аскар Ҳаким, Гулрухсор, Аҷамӣ, Хайрандеш ва чанд ҳунарманду хабарнигори шинохтаро ба «хиёнати рӯирост” айбдор кард ва талаб кард, ки аз миллат узр пурсанд. Танҳо «гуноҳ”-и онҳо ширкаташон дар маросими Шаби Ялдо дар сафорати Эрон дар Душанбе будааст.

Дар ин мақола, ки муаллифаш онро бо номи мустаори Нодири Қодир нашр кардааст, ибтидо дар бораи ҷашни Шаби Ялдо маълумот дода, гуфта мешавад, ки ба фарқ аз Эрон, Шаби Ялдоро дар Тоҷикистон ба ҷуз аз «одамони ҷудогона ё гурӯҳҳои кӯчаке дар баъзе маҳалҳо” дигар тақрибан ҷашн намегиранд. Муаллиф дар идома зиёиёни тоҷикро ба он айбдор мекунад, ки дар солҳои 90 «ба миллату меҳани мо хиёнати рӯиростро равод диданд. Онҳо низ ба мисли манфиатҷӯёну мансабпарастон рафтор намуда, барои пулу моли ночиз шуда, миллати хешро танқид карданду паст заданд ва ба таърифу тавсифи душманону нотавонбинон ва бадхоҳони ин халқ ва ин марзу бум пардохтанд.”

Имрӯз низ, ба ақидаи Нодири Қодир, «ҳамин гуна «зиёиён» ва «олимон»-е ҳастанд, ки бо ҳилаю найрангҳои худ мехоҳанд, кори ин фарзонафарзандони миллати фарҳангпарвару тамаддунофари моро ба нестӣ расонанд. Бо вуҷуди дар соҳаҳои муайяни илм ба унвону мартабаи баланд ноил гардидан, заррае садоқат ба миллату меҳан надоранд.”

Ӯ маросими таҷлили Шаби Ялдо дар сафорати Эрон дар шаҳри Душанбе дар таърихи 21 декабри соли 2017-ро яке аз чунин намунаҳои «хиёнат”-и зиёиёни тоҷик баршумурда менависад: «На танҳо халқи Тоҷикистон, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ огоҳӣ ёфтанд ва дарк намуданд, ки доираҳои манфиатдори кишвари Эрон ҳамеша дар бадбахту бадном кардани миллату меҳани тоҷик даст дошту дорад. Агар ин тавр намебуд, он гоҳ Ҳукумати ҷумҳурии исломӣ ҳеҷ гоҳ экстремисту террористони наҳзатиро дастгирӣ ва пуштибонӣ намекард. Далелҳои собитгардида ва шахсиятҳои алоҳида тасдиқ менамоянд, ки ин кишвар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳамеша аз ҳнитиёни террорист пуштибонӣ менамуд ва дар ҳар лаҳза онҳоро маблағгузорӣ мекард.”

Нодири Қодир меафзояд, ки як гуруҳи зиёиёни тоҷик бо вуҷуди онки аъмоли Эронро хуб медонанд, боз ҳам «дидаю дониста” дар чорабинии сафорати он кишвар ширкат кардаанд: «Ҳамин гуна рафторро дар ҳамин шабу рӯз ва вазъи ногувор ашхосе, чун Акбаршо Искандаров (собиқ раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон), Рамазон Мирзоев (собиқ Сафири Тоҷикистон дар ҶИЭ), Саидҷаъфар Усмон (Раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон), Аскар Ҳаким (собиқ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон), Гулрухсор (Шоири халқии Тоҷикистон), Ортиқ Қодир (Ҳунарманди халқии Тоҷикистон), Қурбоналӣ Раҳмонов (Ҳунарманди халқии Тоҷикистон), Заур Дахте (аккоси маъруф), Хайрандеш (шоир), Муҳаммад Аҷамӣ (шоир), Дона Баҳром (ҳунарманд), Адолати Мирзо (сардабири рӯзномаи «Миллат»), Ҷамила Ҳусейнова (рӯзноманигор) ва дигарон ба миллат ва меҳан раво диданд.”

Муаллиф дар идома бо зикри ин ки чунин «ин хиёнаткории рӯйрост ва гӯшношунид ба миллату меҳани худ буда, ҳеҷ пасттарин ва нокастарин инсон чунин амалеро бар зидди миллату ватани хеш раво надидааст” аз онҳое, ки дар маросими таҷлили Шаби Ялдо дар сафорати Эрон ширкат варзиданд, талаб кардааст, ки аз мардум барои ин «рафтору кирдори ношоиста ва ғайриинсониашон” узр бипурсанд: «Ин ашхос барои чунин рафтору кирдори ношоиста ва ғайриинсониашон бояд аз миллат бахшиш ва узрхоҳӣ кунанд. Зеро онҳо дидаю дониста хиёнат ва бадкирдориеро дар зидди миллату меҳан раво диданд, ки ҳеҷ миллату меҳане дар ҳеҷ давру замоне ин гуна амалҳои ғайриахлоқию ғайриинсониро надидааст.”

Ин мақола дар ҳоле нашр шуд, ки равобити Тоҷикистону Эрон баъди тақрибан ду даҳсолаи ҳаамкориҳои танготанг се соли охир вориди як даврони пуртаниш шудааст.

Миллиардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ, ки дар Тоҷикистон сармоягузории зиёд карда буд, дар Эрон бо ҷурми фасод ва дуздии беш аз 2 миллиард доллар пули нафт ба қатл маҳкум шудааст ва мақомоти Теҳрон бар ин назаранд, ки Занҷонӣ пулҳояшро дар Тоҷикистон ва тавассути бонкиҳои ин кишвар пинҳон кардааст. Душанбе инро рад мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон ба навбати худ Эронро ба пуштибонии молиявӣ ва сиёсӣ аз раҳбарони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ айбдор мекунанд. Ҳамин тавр, ахиран дар Тоҷикистон чанд филми мустанад ва мақолаҳои алоҳидае нашр шуд, ки дар онҳо Эрон ба маблағгузории кушторҳои пурсарусадои солҳои ҷанги Тоҷикистон айбдор мешавад.

Ин танишҳо ҳатто боис шуд, ки Тоҷикистон бо тағйири мавқеи қаблиаш дар соли 2017 монеи пазируфтани Эрон ба узвияти Созмони ҳамкориҳои Шанхай шавад. Дар Теҳрон бар ин боваранд, ки дар бад шудани равобити ин ду кишвари ҳамзабон кишварҳои сеюм даст доранд. Ишораи Эрон зоҳиран ба тарафи рақиби суннатиаш дар минтақа – Арабистони Саудист, ки дар пасманзари танишҳои байни Душанбеву Теҳрон равобиташ бо Тоҷикистонро тақвият додааст.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

2 комментарий

  • Дурустаст ҳарфи муалиф. шиъиёни бадбахт ба қавли Аҳмад Махдуми Дониш дар китоби «меъёруттадоин»ҳатто дар сарнагунсозии давлати Бухорои Шариф даст доранд

  • Худата точик муарифи кардай садкаи номи точик шави беномус вактеки ба ватан хизмат карданда номус надори корт факат коментария як касда карданай якбор худатда савол бте ки кии хдт ва барои пешравии Точикистон чи хизмат кардагии беномус бехтарин пешниходхои барои рушди Точикистони кардагиян мухтарам Шохиен Нурали Набот худованд еро мададгоратон бошад мо хама тарафа дастгири мекунем пешниходхои шуморо устоди азиз

Leave a Reply