Шаҳриёри Давлат боз зан мегирад?

Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ

Вақтҳои охир сару садоҳо дар бораи ҳунарманди ҷавон Шаҳриёри Давлат чунон зиёд буданд, ки кас дар миёни ин ҳама овозаю ҳангомаҳо саргум мезад. Яке мегуфт, ки овози Шаҳриёри Давлатро суд кардаанд ва ӯ дигар ҳеҷ гоҳ ба саҳна баромада наметавонад, дигарӣ ҳадс мезад, ки Шаҳриёр аз зиндагӣ дилмонда шуда, дигар касеро дидану шунидан намехоҳад, саввумӣ бошад, иддао мекард, ки ин сарояндаи ҷавон ба хориҷи кишвар кӯч бастааст. Ин овозаҳо то куҷо ҳақиқат доранд? Барои ба ин ва дигар саволҳои хонандагонамон ҷавоб гирифтан, мо ба ин ҳунарманди ҷавон занг задем.

Салом Шаҳриёр!

-Воалайкум бар салом!

Аз ҳафтаномаи “Оила” шуморо ташвиш медиҳем. Айни ҳол шумо дар куҷо ва бо чӣ кор машғулед? Вақти суҳбат кардан доред?

-Айни ҳол ман дар шаҳри Панҷакент қарор дорам ва соати 14-00 консерти хешро баҳри мухлисонам пешкаш месозам. То оғози барнома ҳоло вақт ҳаст, метавонем бемалол суҳбат кунем.

Баҳсу даъвои шумою хушдоманатон то куҷо расид?

-Ҳамин қадарашро мегӯям, ки ману ҳамсарам бо роҳи қонунӣ, тариқи суд аз ҳамдигар ҷудо шудем. Дигар дар ин бора чизе гуфтан намехоҳам.

Рост аст, ки аллакай арӯси нав ёфтаед ва ба наздикӣ тӯй доред?

-Шояд ягон Шаҳриёри дигар тӯй дошта бошад. Ман ҳоло зангир нестам. Нав аз як бало халос шудам, намехоҳам худро ба балои дигар гирифтор созам.

Метарсед, ки боз ба ягон зани аловдаста меафтед?

-Беҳуда бузургон нагуфта будаанд, ки

Дарахти макри зан сад реша дорад,

Фалак аз дасти зан андеша дорад.

Фалак аз дасти зан андеша дорад мегӯед, вале боз “Миём ба хостгорӣ” гӯён, духтаронро ба умед мекунед. Ҳамин шабу рӯзҳо ин суруди шумо дар байни ҷавонон ғулғула афкандааст. Росташро гӯед, шумо бо воситаи ин тарона ба кӣ ваъдаи ба хонаашон хостгорӣ рафтан додед?  

-Айни замон ин сирри махфӣ аст! Сабр кунед, агар умр вафо кунад, ду сол пас худам ба идораи газетаи “Оила” рафта, ба хонаи кӣ хостгорӣ рафтанамро мегӯям.

Шунидем, ки баъди консертатон дар Филармония қарздор шудаед?

-Ин гап дурӯғ аст. Ман қарздор нашудаам, чунки консертро ман не,  Наврӯз гузошта буд. Ба ман ҳаққи баромад карданамро доданд, вале консерт чӣ қадар фоида ё зиён овард, намедонам.

Такягоҳ набошад, санъаткор машҳур намешавад. Такягоҳи Шаҳриёри Давлат кист?

-Такягоҳам Худованд ва падару модарам мебошанд. Муроди Иброҳим, Бурҳон Сафаров, Фариддун Ҷалилов ва режиссёри бомаҳорат  Азимзод низ маро дастгирӣ менамоянд. Аз ҳамаашон сипосгузорам.

Ба консертҳоятон рафта, ман борҳо шоҳиди он гаштаам, ки чӣ тавр мухлисонаш ба Шаҳриёр туҳфаҳои коғазпеч медиҳанд, агар махфӣ набошад, бигӯед, ки то имрӯз чиҳо ҳадя гирифтаед?

-Шумо рӯзноманигорон поида меистед, ки мухлис ба сароянда чӣ медиҳад-а?

Журналист, агар кунҷков набошад,  журналист нест.

-Ангуштарини нуқраву тилло, занҷирбанди тиллоӣ, гулу гулдаста, хулоса, ҳар кас аз рӯйи меҳру ихлоси худ ба ман чизе ҳадя меорад. Чанде пеш як мухлисам, ки духтари зебоест, хост ба ман мошини тамғаи “Tayota-Camri” туҳфа кунад, вале рад кардам.

Чаро?

-Гуфтам, ки аввал ба газетаи “Оила” рафта, аз забони худат интервю деҳ, то мардум бидонанд, ки ин туҳфа холисона аст. “Моргазида аз ресмони ало метарсад” мегӯянд, намехоҳам барои як мошин шуда, фардо маро муттаҳам кунанд, ки  ман ба Шаҳриёр ин кардаму он кардам.

-Як дӯстатон гуфт, ки Шаҳриёр касал шавад, ба духтур намеравад, чунки аз гузаронидани сӯзандору сахт метарсад…?

-Саломатӣ барои ман ҳамеша дар ҷойи аввал меистад. Чанде пеш дар беморхона будам. Асабҳоямро “ремонт” кардам.

Асабҳоятонро, ки “ремонт” карда бошед, пас, ин шабу рӯз ҷиддӣ аз паси корҳои эҷодиатон ҳастед?

-Бале, акнун ман худро пурра ба санъат мебахшам. Дар як муддати кӯтоҳ як албоми олиҷаноб тайёр кардам. Худо хоҳад, ба наздикӣ ба дасти мухлисон мерасад.

Албоми наватон чӣ ном дорад?

-“Афсонаи ишқ”. Тақрибан 15 рӯз пас ба фурӯш мебарояд.

Муҷаррад ва озод буданатонро фаҳмида духтарони зиёде ба шумо занг мезадагистанд…?

-Пинҳон намекунам, духтарҳо ҳамеша ба ман занг мезаданд ва ҳоло ҳам занг мезананд, вале дар наздашон дарҳол шарт гузошта мегӯям, агар хоҳед, мисли бародару хоҳар дӯстӣ мекунем, вале дар сар ҳавои ишқ дошта бошед, беҳтараш ба умеди ман  нашавед, чунки ман на вақти ошиқ шудан дорам ва на майли ишқбозӣ кардан.

 —Шаҳриёр, тобистон айёми хубест барои истироҳат. Нақшаи ба ягон кишвари хориҷӣ сафар кардан надоред?  

-Дорам. Ба Туркия, Америка, Москва ва Дубай сафар карданиям, вале на барои истироҳат. Таронаҳои навамро клип кардан мехоҳам.

Бародаратон Комёр дар консертатон суруд хонду толор ба рақс даромад. Магар аз навозанда ҳам сароянда мебарояд?

-Комёр як бор худашро санҷидан хост. Садояш ба гӯшам ширин расид ва ман ба ӯ маслиҳат додам, ки зуд ду суруд тайёр карда, дар консерт баромад кунад. Ба фикрам таронаҳояш бад набаромадаанд.

-Биёед сари мақсад биёем. Мухлисонатон аз шаҳри Хуҷанд занг зада, хоҳиш карданд, ки шуморо дар озмуни “Оҳанги ҷавони» номнавис намоем? Мехостем розигии худи Шаҳриёрро бигирем…

-Ман бе чуну чаро розиям! Мухлисонам, ки ҳунари маро қадр карда, ба озмун пешбарӣ намуда бошанд, магар ман метавонам рад кунам?!

Агар бахтатон хандаду ғолиб оед, чӣ кор мекунед?

-Барои кулли мухлисонам консерти бепул медиҳам!

-Ба ваъдаатон меистед?

Мард як лафз дорад, консерти бе пул медиҳам гуфтам, медиҳам!

Ба онҳое, ки шуморо ба озмуни “Оҳанги ҷавонӣ” пешбарӣ намуданд, чӣ гуфтаниед?

-Тансиҳату хотирҷамъ бошанд ва модоме, ки Шаҳриёрро ба озмун пешбарӣ намуданд, ба ҷонибдории банда анкета фиристоданро фаромӯш накунанд!Муваффақ бошед!

Суҳбаторо: Рустам Азимӣ

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply