Сайри бозори асъор

ИҚТИСОД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Имрӯз, 1 ноябр қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА    8.8100 сомониро ташкил медиҳад.

Инчунин дар ташкилоти мазкур 1 евро  аз 10.2000 то 10.3300 сомонӣ ва 1 рубли русӣ  аз 0.1510 то 0.1515 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 1 ноябр қурби расмии асъори хориҷиро  бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ  чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.8038 сомонӣ, 1 евро = 10.2432 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1484 сомонӣ.

БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо  анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта,   боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад».


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply