Сайри бозори асъор

ИҚТИСОД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Имрӯз, 12 октябр қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА    8.8200 сомониро ташкил медиҳад.

Инчунин дар ташкилоти мазкур 1 евро  аз 10.3300 то 10.5500 сомонӣ ва 1 рубли русӣ  аз 0.1470 то 0.1530 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 12 октябр қурби расмии асъори хориҷиро  бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ  чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.7959 сомонӣ, 1 евро = 10.4055 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1494 сомонӣ.

БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо  анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта,   боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад».


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply