САТР ва ҲИҶОБ Агар ин парда дарад зери он чи хоҳед дид?

Сиёсат, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

 

Баҳси рӯзноманигори ба истилоҳ «зани ғайбатчӣ» бо Раиси Кумитаи кор бо занон ва  оилаи назди  Ҳукумати ҶТ Идигул Қосимзода

 

Чанде пешдар сомонаҳо  ва ҳафтаномаҳо   маводҳое ба нашр расиданд, ки Идигул Қосимзода- раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таҳқири саросарии занони тоҷик гунаҳгор мекарданд. Сари ин масъала сӯҳбате доштем бо муҳтарама Идигул Қосимзода, ки фишурдаи онро манзуратон мегардонем:

-Воқеан, шумо  рӯзи нишасти матбуотӣ чӣ гуфтед, ки  боиси пайдо шудани мақолаи “Замоне,ки модарони тоҷик таҳқир мешаванд” гардид?

-Аслан, ман ҳайрони баъзе аз ҳамкасбони шумо. Мисли занҳои ғайбатчӣ аз дур истода гап мезананд. Шахсе, ки ҳамин мақоларо навиштааст, яъне Далер Шарифов  худаш дар нишасти матбуотӣ ва дар вақте ки гӯё ман модаронро таҳқир карда бошам, ҳузур надошт ва мақолаашро ҳам тавре,ки худ иқрор мекунад, аз рӯи гуфтаю навиштаи дигарон рӯи коғаз овардааст,ки ин  як беэҳтиромӣ нисбат ба касбаш аст. Инчунин, ӯ гуфтаҳои маро ҳам бо таҳриф рӯнавис кардааст. Баҳси мо он ҷо бо хабарнигори сатрпӯши “Озодагон” сари ҳиҷоб ва сатрпӯшии занон дар корхонаю муассисаҳои давлатӣ ва таълимгоҳҳо буд, на ҳамаи занони тоҷик. Рости гап, Кумитаи мо бисёр мехоҳад бо ҳамаи расонаҳо, аз ҷумла расонаи номбаршуда, низ ҳамкорӣ дошта бошад. Аммо аз чӣ сабаб бошад, ки хабарнигорони сатрпӯши он пайваста саволҳое медиҳанд, ки кас ба рӯзноманигор буданашон шубҳа мекунад. Ёд дорам,  вақте ки ман ба вазифаи ҳозираам таъин шудаму аз ин таъинот ҳамагӣ чор рӯз сипарӣ шуда буд, дар нишасти матбуотӣ хабарнигори ин расона чунин савол дод: “Бигӯед, ки дар Тоҷикистон ҳоло чанд фоҳиша аст?”

-Муаллиф даъво мекунад,ки шумо ҳиҷобро аз сатр фарқ карда наметавонед…

-Муаллиф, ки худро хеле донишманд муаррифӣ мекунад, бояд донад,ки ҳиҷобро дар мо дигар хел мефаҳманду дар Аврупо ба дигар  маъно истифода мешавад. Дар он ҷо зери калимаи “ҳиҷоб” танҳо рӯсарӣ ё рӯймолро дар назар доранд ва ҳатто русҳо ҳам онро чунин мефаҳманд. Аммо асли ҳиҷоб ин пинҳон кардани ҳамаи он ҷоест,ки шариат диданашонро барои номаҳрамон манъ кардааст. Барои фарқи ин ба муаллиф танҳо ба интернет ворид гардида, савол додан кифоя буд,ки ҳарфҳои маро таҳриф накунад.Аммо ин ҷо чун мақсадаш дигар аст, ин корро накардааст…

-Дар мақола шуморо боз бо он гунаҳгор мекунанд,ки Конститутсияи кишварро ба эътибор нагирифтаед ва моддаҳои муайяни онро нақз кардаед…

-Аҷиб,магар ҳамин сатрпӯшон набуданд, ки дар кишварҳои гуногуни олам садҳо таркиш кардаю ҳазорон ҷони бегуноҳонро қурбон намуданд? Магар бо пӯшидани чунин либос онҳо сабаби нақзи ҳуқуқи дигарон нестанд? Магар онҳо нестанд, ки намоишкорона ба қавли худ сатр карда (ин “сатрҳо”-и ба тан часпида аз нимурён будан ҳам бадтар аст) хусумати динию иҷтимоиро ба миён меоранд? Ин гуна рафтор ба кадом Конститутсия мувофиқ аст? Беҳуда нест,ки имрӯз дар бисёр кишварҳои олам,ки аз терроризм зарар дидаанд, дар мавриди пӯшидани сатр қонунҳои манъкунада қабул шуда истодаанд.

-“Ин суханонтавҳиниаксаризанонимиллатаст. Ин суханҳо аз нақзиҳуқуқиконститутсионӣ то таҳрифифарҳангимиллӣватавҳин ба як рукнимуҳими дин аст”,- гуфтани муаллифро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

-Аввалан, Алҳамду лиллоҳ ман ҳам мисли ҳазорон зани тоҷик  мусалмонам ва ҳаргиз муқобили рукнҳои  он нестам. Аммо чун сухан аз фоҳишаю фоҳишагии занони ҳаммиллати мо  рафт, ман дар мисоли мушаххас гуфтам, ки чунин занҳо аз сатр чун воситаи ҷалби мардон ва чун рӯйпӯшкунандаи амали худ истифода мебаранд ва ин чизро ман на аз ҳаво, балки дар асоси мушоҳидаҳои шахсии худ  ва натиҷаи рейдҳои гузаронидаамон бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ гуфтам.  Ҳатто метавонам шумораи чунин занони бадрафтори сатрпӯшро гӯям. Баръакс, таҳвини зани миллат он аст,ки зери сатр корҳои ғайришаръиро ба анҷом мерасонанд ва боз дар симои ҳамкасбони шумо ҳимоячӣ ҳам меёбанд…

-Дар мақола муаллиф, ҳамчунин аз исми шахсиятҳои номдор барои тақвияти суханони худ истифода бурдааст…

-Ин амали муаллиф бо кадом мақсад аст, маълум. Вале бояд гӯям,ки шарму ҳаё, либоспӯшии миллӣ ва рафтори  тоҷиконаро бояд,  пеш аз ҳама,  аз модаре, ки Пешвои миллатамонро ба олам овардааст, омӯхт. Шумо агар наворҳоро, дар вақте ки он кас наворбардорони ТВ-ро пешвоз мегиранд, бубинед, мефаҳмед,ки ин модар бо чӣ гуна фарҳанги миллию одоби мусалмонӣ меҳмонро пешвоз мегиранд. Бо гӯшаи рӯймол андаке рӯяшонро пӯшонда, бо либоси одӣ, вале  тоҷикии худашон  аз ҷояшон мехезанд. Ана ин аст одоби тоҷикӣ…

Ман бо як гуфтаи муаллиф розӣ ҳастам,ки воқеан ҳам рафтору кирдори тоҷиконаро аз ин оила бояд омӯхт, вале ҳаргиз онҳо сатри сиёҳро ба бар накардаанд.  Он чӣ, ки тоҷикон  дар маросими азо, ҳаҷ, тӯю сур, либоси худро тағйир медиҳанд, чизи маъмулист ва  аммо дар рӯзҳои муқаррарӣ либоси одӣ ба бар мекунанд,ки инро касе манъ накардааст.  Қонунҳои  кишвари мо ба ҳама кафолат додаанд, ки зиндагиашро дар зери ҳимояи ҳамин қонунҳо созмон диҳад. Вале ин маънои онро надорад, ки аз онҳо суиистифода намуда, ба зарари ҷамъият амал кунем, тавре ки як қисми сатру ҳиҷобпӯшон мекунанд ва асли мақсад низ ба ҷомеа расонидани ҳамин ҳақиқат буд, на чизи дигар. Бубинед, тасмим дар бораи аз оғози моҳи март пӯшидани занону духтарони муҳассили мо либоси сирф миллӣ (атласу чакан) кӯчаю хонаамонро чӣ гуна зеб хоҳанд дод…

Мусоҳиб: А. Аҳмадзода


Поделиться новостью в социальных сетях:

5 комментарий

  • Апаи Идигул ма шуморо нагз мешиносаму хурмату эхтироматон мекнам, барои фикр мекнам ба изати нафси зани точик нарасед!!!
    Чун,ки рузи,,Растохез,,шуморо намепурсанд,ки шумо км будену чи шуден.
    Дар аксат (сурат)маълум АСТ худат ки намепуши дигаронро маслихатхои ПУЧУ ХОЛИ надихен барои напушидани сатр!!!!

  • Апаи ҷуни акаат, Шумо худатон хуб ҳис кардай истен, ки бурдани корҳои сиёсӣ хеле душвор ва ин кор бо хонумон боз аз ҳама душвортар аст. Мардумон меган, ки «аввал бубин ҷойи худ, баъд бимон пойи худ», ё не апаи ҷун? Дар сиёсат бояд хеле пухта шидан даркор, леки афсус…Дар ин чаллаи замистон пухтани ҳар мева имкон нест. Хуб мешид Шумо… хай як фикр кунед да.

  • Апаи Идигул рост гуфтет дар бораи модари пешвои милат Хозира бонувон ва чавон духтарон сатрро аз руи зебогии худ мебанданд то ки зебо ба назар расанд дикати мардону чавон писаронро чалб мекунанд аслан духтарон ва зонони мусалмон худ зебоянд бояд эмон мустахкамро банда дар дилаш дошта бошад худованд аз он нафароне ки сатрро танхо барои худ нишонтии мекунаанд ва ё сатрро мекунанд ва ба корхое ки дар дини мубини ислом харом шудааст даст мезананд лаянат мекунад худованд ба хамаи бандахои мусалмон аз он чумла ба занону духтарон эмони мустахкам ато фармояд

  • Ба саволи 3-«-Дар мақола шуморо боз бо он гунаҳгор мекунанд,ки Конститутсияи кишварро ба эътибор нагирифтаед ва моддаҳои муайяни онро нақз кардаед…» чавоби мушаххас нест. Хатоии хам журналист ва хам мусохиб.
    Косимзода ягон маротиба Куръонро хондаед? Тафсирро чи? Дар бораи мусалмонию сатр хакки гап заданро надоред? Либоси милли аз сатр чи фарк дорад, медонед? Охирон, шумо точикед ё мусалмон?

  • Салом апаи азиз на ҳама сатрпушҳо терористу фоҳишаянд Агар зане ки дили нопок дорад хоҳ бо сатр бошад хоҳ бе сатр ин амали терористую фоҳишагиро анҷом медиҳанд Онҳо фақат аз номи ислом истифода бурда истодаанд онҳо на мусулмонанд на чизи дигар Панҷ панҷа баробар нест Оё Агар ягон зан на намоза медонад на як сура медонад сатр пушаду як рузба терористую фоҳишаги кунад магар ҳамаи сатрпушон терористу фоҳиша мешаванд Суханро дониста гуед Кофир мешавед

Leave a Reply