Азим Иброҳим: «Облава бас!»

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим , ки ҳамзамон сардори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид  ба ташкили даъвати баҳорӣ ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад, аз комиссарони ҳарбӣ талаб кард, ки ба зуҳуроти манфури «облава» хотима гузоранд.

Тавре  манбаъ аз Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ҳангоми баргузории ҷаласаи корӣ доир ба масъалаҳои омодагӣ ба даъвати баҳорӣ дар «Кохи афсарон»-и Вазорати мудофиаи кишвар Азиз Иброҳим роҳбарони Прокуратураи ҳарбиро вазифадор кард, ки маъракаи даъватро қатъиян дар доираи қонунгузорӣ баргузор намоянд. Дар ҷаласа таъкид шуд, ки зимни маъракаи даъвати соли гузашта барои роҳ додан ба конуншиканиҳо аз  73 комиссари ҳарбии шаҳру ноҳияҳо 51 нафараш вазифаашон сабукдуш кард шуда буданд.

Инчунин, сарвазир талаб кард, ки ба тансиҳатии даъватшавандаҳо таваҷчуҳи хоса дода, ба артиш ҷавонони беморро даъват накунанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

4 комментарий

  • Ба чумлаи охирон диккат кунед. «ба артиш чавонони беморро даъват кунанд»!

  • Донишҷу)фикр мекунам то ҳол имтиҳонҳои давлатиатро нагирифтаи))))Аз ҳамин хотир хон,хон,хон,ҳаминхеле хон,ки ё Донишгоҳ аз ту безор шавад ё ту аз Донишгоҳ)))))

  • *Инчунин, сарвазир талаб кард, ки* не ин тавр не муовини сарвазир гуфтан лозим

  • Ин мавзӯъ ҷолиби диққатӣ ҳамон ашхосое ҳастанд,ки дар артиши миллии Ватан саҳми худро нагузоштаанд))))

Leave a Reply