Сарояндаро тарк кунам ё домодшавандаро?

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Салом кормандон ва хонандагони ҳафтаномаи “Оила”. Маро як муаммои зиндагӣ маҷбур намуд, ки ба газета нома нависам. Духтари худотарсу покдоман ҳастам. Худо шоҳид аст, ки ягон кас бо нияти бад дастамро надошта буд, вале бо сарояндаи писандидаам вохӯрдаму сари калобаамро гум кардам.

Бори аввал ману ӯ мисли ҳофиз ва мухлис суҳбат кардем. Вай аз ман чизеро пинҳон надошта гуфт, ки зан ва ду фарзанд дорад. Азбаски мухлиси ашаддияш будам, баъди ин боз чанд бори дигар ба ӯ занг задам. Телефонӣ суҳбатҳои ширин мекардем. Як рӯз сарояндаи дӯстдоштаам маро ба вохӯрӣ даъват кард. Бе ягон дилу нияти бад рафтам. Гумон доштам, ки мисли акаю хоҳар суҳбат мекунем, вале ҳофизи писандидаам маро бӯса карда, хост наздикӣ кунад. Хоҳишашро рад намуда гуфтам, ки  худро ба даст бигирад, охир вай марди зану бачадор аст, ман бошам, духтари хона ҳастам ва ҳаётамро бо дасти худам сӯхтан намехоҳам. Ҳофиз бахшиш пурсида, қасам хӯрд, ки ба ман зарар намерасонад. Ҳамин тавр боз  чанд бори дигар вохӯрдем. Вай ба ман наздикӣ намекунад, танҳо суҳбат мекунему халос, вале эҳсос мекунам, ки ӯро девонавор дӯст доштаам. Як рӯз овозашро нашунавам, ягон чизи бисёр қиматбаҳоро гум кардагӣ барин беқарор шуда, худро ба куҷо заданамро намедонам. Шаб то саҳар телефонӣ чақ-чақ мекунем. Занаш аз суҳбатҳои ширини мо ба ғазаб омада, чанд бор бо ман ҷанҷол кард, ки чаро ту ба шавҳари ман занг мезанӣ. Шавҳарат ба худат насиб кунад, ман танҳо ҳамчун мухлис бо ӯ гап мезанам гуфта, дилашро пур кардам, вале дар асл ман ин мардро бо тамоми вуҷудам дӯст медорам. Волидонам аз ин сару савдо хабар надоранд ва чанде пеш маро бо як ҷавон фотиҳа карда, ба тӯй тайёрӣ дида истодаанд. Аввалҳои моҳи август маҳфили арӯсиам барпо мегардад, вале ман то ҳол аз ҳофизи дӯстдоштаам дил канда наметавонам. Ҳарчанд кӯшиш мекунам, ки ӯро фаромӯш кунам, намешавад, дастам боз беихтиёр рақамҳои ӯро мечинад ва бо дили моломоли ишқ садои форамашро гӯш мекунам. Сарояндаи писандидаам низ айнан дар чунин ҳолат аст, баъзан “ман ба ту бахт мехоҳам” гуфта, бо ман видоъ менамояд ва ҳатто рақами телефонашро иваз мекунад, аммо баъди ду-се рӯз боз худаш ба ман занг зада, иқрор мешавад, ки бе ман зиста наметавонад, чунки бо ман сахт одат кардааст. Қасам хӯрда мегӯяд, ки мухлисонам бисёранд, вале бо ягонтоашон чунин муносибати наздик надоштам. Ин марди оиладор дар байни ду соҳил монда, сарҳисоби корро гум кардааст, баъзан ба ғазаб омада маро дашном медиҳад, аммо як лаҳза пас бахшиш пурсида мегӯяд, ки ишқи ту маро девона кардааст, на туро ба занӣ гирифта метавонам ва на аз ту дил канда. Вақте тасаввур мекунам, ки ҳамагӣ баъди ду моҳ ту арӯс шуда, ба оғӯши марди дигар медароӣ, аз рашку алам девона мешавам. Мефаҳмӣ, девона мешавам!  Намедонам аз ман чӣ мехоҳад, на рафтан мемонад, на ягон ваъдаи мардона медиҳад, ки дилам пур шавад. Чанд бор рақамҳоямро иваз кардам, вале аз куҷое рақами навамро ёфта боз занг мезанад ва дили волаю шайдои маро бо гапҳои ширинаш обу адо мекунад. Чеҳраи зебояш ҳатто як лаҳза аз пеши назарам дур намеравад. Шабу рӯз ба ёдаш ашк рехта бо худованд мунозира мекунам, ки чаро маро ба доми ишқи беҳосили ин ҳофиз афканда ин қадар месӯзонад. Хонандагони азиз, дар миёни дуроҳаи зиндагӣ монда, чӣ кор карданамро намедонам, илтимос, ба мани дилдода маслиҳат диҳед. Ҳофизро фаромӯш кунам ё аз баҳри тӯй ва домодшаванда гузашта зани дуюми сарояндаи писандидаам шавам?


Поделиться новостью в социальных сетях:

14 комментарий

  • хохари апаи рости аз гуфтахои Шумо ман на ишкро дидам на хавасро ту агар акли расо дошта боши аз акли худат кор гир зеро ту сараввал зани дуюм мешави бадан ту низ сохиби фарзанд фикр кун ки ту хам мисли зани аввалаи ин кас усну чамоле ки дори аз даст медихи бадан зиндагии ту низ бадтар мешаваду хубтар не зеро ту дидаву дониста духтари хона зани дуюм шудаи бехтар аз хама ба он чавоне ки мехохад хонадор шави бо хамон зиндагиатро фикр кун ман хамчун як мард ин чизро аз тачрибаи худам дидаам ки ин саргузашти ту бо ин сароянда дар оянда як саргузашти аз ин хам талхтар мегузарони барои хамин ба хотири яруза ва е як моха маишати рухи ояндаатро аз даст натеву аз акли худодод истифода бар боки саломат бош!!!!

  • Аҷоиб сухан мегуи ман духатри Худотарсу фалону фалон мегуи аммо бубин чӣ корҳое намекуни ! Хандаам меояд аз ингуна Худотарси!

  • Рохи шайтонба надароид хохари азиз хаётатонро насузонед ин мехрубонихои хофиз то коми дил шикастан.

  • Касеро бадбахт карда худ хушбахт нахохи шуд! Охи хамсар ва кудакони ин хофизи булхавас туро мегирад. Фаромуш накун, ки зани у хам вакте духтари хона буду шояд мисли ту девонавор шавхарашро дуст дорад. Вагарна туро намегуфт, ки ба шавхари ман занг назан. Эхсосоти худро бо акли расоят идора намо. Агар ин хофиз туро зани дуюм карда гирад хам, ин тобу таб мегузараду рузе туро барои сабабгори хонавайрониашу парешонии кудаконаш шуданат бад мебинад ва аз бахрат мегузарад. Оила дар панохи давлат аст. Оилаи ободро вайрон накун зинхор.

  • Хохари азиз як матали русхо хаст На чужом нестчастью счастья не построишь… ту танхо худатро не балки фарзандони уро низ фикр кун…. кудаконро аз падарашон чудо накун..

  • салом Хохар ба хамон домодшаванда туй шавед хангомеки бо никохи мусулмони аруси мешед аллакай сароянда хости оллохкати фаромуш мешад

  • Авало салом Хохари Азиз!
    Ман ба ту гуфтаниям ки аклатро кор фармо хеч вакт фикри зани дуюм шуданро накун сари хамаи падару модаратро хам накун байни мардум чун ки онхохам хушбахтии туро мехохан фаромуш кун марди оиладору кудакдорро аз паи зиндагии худат шав
    Шавхаршавандаи худро дуст дор эхтиром кун бин бад чи хел зиндагиат дигаргун мешавад
    Ишку ошикиатро фаромуш ку бурд мекуни дар зиндаги чун ки ман худ зани дуюмам ва хеч год намехохам духтарони точики мо дар дуюмчо бошанд ба ту Хушбахти мехохам!

  • Ту бояд бо шавхаршаванди худат хонадор шави холо инки ту вакте хонадор мешави бо амри оллох мехри дигаре нисбати ин чавон дар дили ту пайдо мешад Зеро одамон нагуфтаанд ки Бахт бахти аввалай бахти дуввум бесамарай аклата кор фармо ба зиндигии каси дигар монеа нашав зеро оилаи ин сароянда хам орзухои бисёр дорад ,Магар ту орзухои арус шудану бо сари баланд дар хонаи падар баромадан орзуи туй карданронадори хеч вакт он сароянда туро туй карда намегирад ку…….фикрхои хомро дар сарат буроор хохари азиз.

  • Бехтарин Рох хофизро фаромуш кун кудакони вайро пешпо назан зани дувум хеч вахт мисли аввала намеша як оиларо ба хотири ишки чорруза вайрон накун аз Худованд битарс охи кудакони бегунохаш мегира

  • Бра дафша кати ами ишки хофизат дуруг аст ишк вучуд надорад ту агар зани дуюм шави кухна шави хофизи булхавасат бо навашро мехохад фаромушт накун майдача аз зиндагит намони ба умеди туй шида аз худойи мемони бовар кун

  • «Духтари худотарсу покдоман ҳастам. Худо шоҳид аст, ки ягон кас бо нияти бад дастамро надошта буд, вале бо сарояндаи писандидаам вохӯрдаму сари калобаамро гум кардам». Вакте ин суханхоро мехони ва баъдан иомаи навиштаро, агар солимакл боши кариб ки евона мешави….. Ин хуаш чи гап… мо ба кучо равнаем…. Кани шарму хайёи шаркиёна, кани шарми духтари точик (хамаро дар назар надорам албатта) …. Вале бо ин гуна духтарони кутохакли хавасбоз чи мегуи.. Бо он хофизи булхаваси дигар хочати гап нест… Ба ин духтари кутохакли Худотарс мегуям, ки АКЛАТРо кор фармо ва шукрона кунед ки боз Шуморо ба шавхар медиханд… агар шармана шуан нахохед ХАП карда шавхар кунед, баъди чанд рузи зиндаги хама ишк пишк ва хавою хавас гум мешавад ва дар ОГУШИ шавхаракат хушбахт мешави… Он хофизро фаромуш кун мон ки фарзандонаш дарбадару бепадар нашванд…..Са хайфи ту барин чавон ухтар ки Худочуву хуотарсию аммо шаб то руз бо як мари ЗАНДОР сухбат мекуни…… Хушатро ар сар гир ва хонаи яки дигарро вайрон накун….. Бо ио касе ки туйят мекунанд хушбахтиро интизор шав……

  • Хохари Азиз магар ту хушбахти намехохи зиндаги обод намехохи оилаи хуб намехохи. Зиндаги сарояндаро бо ду кудакаш аз хам пош мате. Ба фотиа шавандат ба шавхар баро ширини зиндагиро мехру мухабату самимиятро аз шавхарат интизор шав шавхаратро хурмат кун сар хам бош мебини чи зиндагийеро мегузарони аклатро кор фармо. Хушбахтиат дар Дасти худи туст.!

  • Салом хохари апаи ай Худо матрасам гуфтаи лекин бе ичозати падару модар ту вохурии рафти бо марде ки танхо сароянда буданашро медони боз дар якум вохури хост туро буса кунад ва боз гуфтааст ман мухлиси бисер дорам лекин бо ягонташ мисли ту самими набудам вакте ки турро хост буса кунад дар якум вохӯри ту булҳавас буданашро нафаҳмиди ва гуфтаниям сактаи хамон бачае шави- ки туро хостгори кардааст ту бояд шабхо барои сароянда гиря накун ту бояд шабхо барои он Ҷавон гиря карда дуо куни барори он ки туро аз шармандаги рахо мекунад боқи Худо ба роҳи рост ҳидоятат кунад ……..

  • Ин хофизу «ситорахо»-и мо то ба максад расидану чашидани маззаи духтар одами хуб хастанд. Ба лофи ошикии у бовар накун. Вакте корашро кард бо сад бахона туро мепартояд. Барои хамин ба рахакат рост рав хохари акеш. аз паси туят шав. Ба ту бахт хохонем!!!

Leave a Reply