Сарони давлатҳои узви ИДМ ба Душанбе меоянд

Сиёсат, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Кумитаи тадорукоти чорабиниҳои байнулмилалӣ изҳор намудааст, ки соли 2018 дар Душанбе панҷ ҳамоиши сатҳи баланди давлатию байналмилалӣ баргузор мегарданд, ки пеш аз ҳама, сухан дар бораи саммити сарони давлатҳои узви ИДМ ва Конференсияи байналмилалӣ оид ба оғози «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» меравад.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», сарвазири мамлакат таъкид намудааст, ҳамзамон соли оянда дар Душанбе баргузории ҷаласаҳои Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳо, Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ ва ҷаласаи Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар назар дошта шудааст.

«Аз ин рӯ, — зикр намудааст Қоҳир Расулзода, — аъзоёни кумитаҳои тадорукот, роҳбарони мақомоту сохторҳои марбута бо мақсади иҷрои дастуру нишондодҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани ин ҳамоишҳо бояд тадбирҳои таъхирнопазир андешанд».

Гуфта мешавад, вобаста ба ин дар ҷаласа вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои об – фиристодаи махсуси Президенти ҶТ дар Панели сатҳи олӣ оид ба масъалаҳои об Султон Раҳимзода ва дигарон оид ба рафти омодагии ниҳодҳои дахлдор ба чорабиниҳои дарпешистода маълумот доданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар охири ҷаласа Қоҳир Расулзода ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор барои сари вақт ва бо сифати баланд иҷро намудани корҳои омодагӣ супоришҳои мушаххас додааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply