Сарбоз ғарқшударо наҷот доду худаш ҳалок шуд

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳалокати як навсарбозро ҳангоми наҷоти писарбачаи хурдсол аз ғарқшавӣ тасдиқ кард. 

Тибқи иттилои Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон, Бахтовар Азимов, сокини шаҳри Кӯлоб, 4-уми августи соли равон соати 13:00 дар вақти адои хизмат дар дидбонгоҳи сарҳадии “Сайёд”-и Отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ” писарбачаи 10-соларо дар ҳоли ғарқшавӣ дида, бо баҳои ҷонаш ӯро наҷот додааст: “Азимов дидаст, ки писарбачаи 10-сола Меҳрубони Ҷурахон дар об ғарқ шудааст ва ҷони худро дареғ надошта, худро ба об андохтааст. Сарбози қаторӣ Азимов писарбачаро наҷот медиҳаду мавҷи тезу тунди об, мутаассифона ӯро ба ҳалокат мерасонад”.

Улуғхоҷаев афзуд, ки Бахтовар Азимов баҳори соли равон бо хоҳиши худ ба хидмати ҳарбӣ ҳозир шудааст: “Роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ аз фоҷиаи нобаҳангоми марги сарбози қаторӣ Азимов Бахтовар Баҳриддинович сахт андӯҳгин буда, ба падару модари меҳрубон ва пайвандону наздикони марҳум аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил мехоҳанд”.


Поделиться новостью в социальных сетях:

2 комментарий

  • Ана ин аст кахрамонии точик! Ана ин аст шери точик! На хар кас ба ин кудрат дорад. Албатта марги уро касе намехост, лекин шояд аз сабаби кори нек анчом доданаш шахид шуда бошад.

  • Офарин ба сарбоз аввал ба падару модараш ташаккур Худованд чояшро аз чанат гуфта бошад.Ба падару модараш сабр ато кунад!!!

Leave a Reply