Саратов: Ду тоҷикбачча дар садама ҳалок гашта,се тани дигар захмӣ шуданд

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Субҳи барвақти 15 июн, соати 3:40 бар асари як садама дар вилояти Саратови Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, се тоҷики дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Пулиси вилояти Саратов хабар дод, ки субҳи барвақти 15 июн, соати тақрибан 3:40 як мошини «Ҳюндай Солярис” дар наздикии деҳаи Ионичёвкаи ноҳияи Петровский аз роҳ берун баромада, чаппа шудааст. Пулис гуфтааст, як фарзияи эҳтимолӣ ин аст, ки ронандаро хоб бурдааст.

Дар натиҷаи ин садама, ду мусофири ҷавони ин мошин, ки ҳамагӣ 21 ва 22 сол доштанд, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Як мусофири 27-сола дар бемористони ноҳияи Петровский дар ҳолати вазнин қарор доштааст. Ронандаи 24-солаи мошин ва як мусофири ҳамсолаш баъди дарёфти кумаки аввалияи тиббӣ аз хобидан дар бемористон даст кашидаанд.

Ҳамаи мусофирони ин мошин шаҳрвандони Тоҷикикистон будаанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply