САНГДИЛОНИ КӮЛОБ: Ҷони ту сӯзад, ба ман чӣ?!

Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ҲУҚУҚ

 

Ба таваҷҷуҳи раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода

 

Азобу азияти Шукрияи силбемор ба дили онҳо кора намекунад. Ӯ дар умри қариб нимасрааш фиреби хоҳаршӯяшро хӯрда, аз сарпаноҳаш маҳрум гардид, шавҳарашро аз даст дод, дорувории ройгонро табибон барояш дастрас намекунанд, ваъдабозиҳои роҳбарияти шаҳри Кӯлоб  умеду эътимодашро аз ҳастии адолати иҷтимоӣ кандааст…

Ману рафиқам Сайдаҳмадро гузориши хабарнигоре дар бораи вазъияти риққатовари Шукрия Шириноваи 49-сола ба Кӯлоб овард. Ҳеҷ бовариамон намеомад ба навиштаҳои дилсӯзонаи хабарнигори кӯлобӣ. Ин зани тану рӯхаш абгор бо се фарзанди баркамолаш се сол боз дар лифтҷойи бинои нуҳошёнаи сохтмонаш нотамом, ки аз замони шӯравӣ дар маҳаллаи Борбад — 35 мерос мондааст, зиндагии қашшоқона дорад. То пайдо намудани суроғаи бинои мазкур аз 7-8 нафар роҳгузар дар бораи  ин зан пурсон шудем. Гуфтанд, ки огаҳ нестанду дар куҷо будани биноро намедонанд. Ҷустуҷӯкунон пас аз ним соат ба маҳаллаи Борбад расидем. Ҷавондухтаре посухамон гуфт, ки он зани муштипар дар ҳамсоягии онҳо мезияду саломатиаш вазнин аст.

-Ана хонаи мегуфтагиатон, ака, — гуфт ӯ бинои бетонии деворҳояш шукатур надидаро нишон дода. — Бечора дар подъезди якум, дар ошёнаи аввал мезиҳад…

Ба даромадгоҳи бино по мондан замон ба машоми кас бӯйи бади заҳ ва саргини одамӣ аз таҳхонаи бедар, ки пур аз ифлосист, мерасад. Ба даҳлези ошёнаи якум ворид шуда, дари «хонаи» Шукрияро мекофтем, ки духтараке аз дари ҳамсоя сар кашид. Ба пурсиши мо гуфт, ки «ана ҳамон дари нав хонаи апаи Шукрия аст». Дари нави тунукагини  лифтҷой дар девори беандова мисли поргии нав дар эзори куҳна метофт.  Дарро оҳиста кӯфтем,  боз гардиду ҷавоне рӯ ба рӯямон пайдо шуд, ки либоси тозаю озода ба бар дошт.

-Меҳроҷӣ, додар? — номи навиштаи хабарнигор ба забонам омад.

-Ҳа, ака. Ягон кор доштед?

-Ман хабарнигори нашрияи «Тоҷикистон», аз Душанбе шуморо хабаргирӣ омадам, то бо чашмони худ бубинам аҳволатонро. Модаратон ҳамин ҷост? ( “дар хона” гуфтан забонам нагашт).

-Очаам ҳамин ҷост. Марҳамат дароед…

Ғайричашмдошти мо дар фарши «хона», ба лифтҷой буданаш нигоҳ накарда, палосу қолинчае партофтанд, деворҳояш сафед карда шуда бошад ҳам, аз нами ҷо-ҷо зард гардидааст. Ба машом ҳамоно бӯйи вазнин меомад. Заҳу намие, ки барои силбемор он  сӯ истад, барои одами сип-сиҳат зараровар аст. Шукрия Ширинова, зани лоғари ранги рӯяш коҳида, аз бистари беморӣ, ки аз кӯрпачаи болои палос партофтае иборат буд, бо азоб хеста нишаст. Писараки дусолае, ки то омадани мо мошинчабозӣ мекард, зуд худро ба бағали ӯ андохт. “Чаро кӯдакро эҳтиёт намекунед?”, ин савол аз фикрам гузашту хйрият ки ба забонам наомад. Ҳамраҳам лол монда буд.

Ҳис кардам, ки аз саломатию аҳволи зистиаш пурсидан аз рӯйи одоб нест.

-Хоҳар, ба ягон беҳбудӣ умед ҳаст? — хайрият ақлам кор дод. -Роҳбарони шаҳр ба ваъдаҳояшон вафо накарда истодаанд-чӣ?

-Аҳволамонро боре омада диданду ваъда дода рафтанд, ки дар масҷиди бастае ҷой медиҳанд, вале кай номаълум аст, — бо овози хаста гуфт Шукрия. – Агар рӯзе биборад, оби борон аз девор шорида, фарш пуроб мешавад.

Ба лифтхонаи Меҳроҷино рӯшании рӯз аз равзанаи росткунҷаи девори бетонӣ ба қадри имкон сафедӣ меорад. Дар ин се сол фарзандони Шукрия Назирмамадҷону Меҳроҷ ба қадри имкон зиндагибоб карда, қувваи барқ гузаронданд.

-Моро низ дар қатори дигар ҳамсояҳо маҷбур кардаанд, ки  маблағи барқро пешакӣ пардохт намоем, -мегӯяд Шукрия.- Ҳамин ки маблағ истифода шуд, барқдиҳиро қатъ мекунанд. Ақаллан, аз ин пардохт моро чун оилаи камбизоат озод мекарданд.

-Наход, ки шуморо дар муддати се сол ба рӯйхати камбизоатҳои шаҳр нанавишта бошанд?

-Ваъда доданду фаромӯш карданд, — оҳи бодард кашид соҳиблифтхона.

-Рӯзгоратонро чӣ тавр саранҷом мекунед?

-Ману акаам ҳар рӯз корҷӯйӣ мебароем, — гуфт Меҳроҷ. — Мардум чӣ коре фармояд, иҷро мекунему ҳаққи хизматамонро медиҳанд. Ҳар моҳ 400 сомонӣ барои дорухарӣ сарф менамоем, шукр ки гушна намемонем. Ҳамсояҳо гоҳ-гоҳе косаи таом хайр мекунанд. Фақат аз саломатии очаамон дар хавотир ҳастем. Рӯз то рӯз аҳволаш бадтар мешавад.

-Духтурон табобат намекунанд?

— Ҳамширае аз беморхона омада, ваъда дод, ки доруворӣ меорад, аммо ҳеҷ кӣ биёрад, — шиква намуд Шукрия. — Шуши ростам аз кор мондааст. Духтари хурдиам, ки хонандаи мактаб аст, рагҳоямро пайдо мекунаду дору мегузаронад. Шукри Худо, ки ҳамин кор аз дасти духтарам меояд, набошад… Дар беморхона хобидан имкон надорем. Кош, ҳамон дорувориеро, ки ташкилоти байналмилалӣ бепул барои силбеморон ҷудо намуданд, дастрасамон мекарданд.

-Ин писарак набераатон мешавад?

-Ҳа, аз духтари калониам, ки дар шаҳри Кӯлоб хонаву дар дорад. Ӯ, Худоҷон баракаташ диҳад, мудом ёрӣ мерасонад, тез-тез аз аҳволамон хабар мегирад. Аз барои ин кораш қариб хонавайрон мешуд. Хушдоманаш шарт гузошт, ки ё дар хонаи мо хизмат бикун ё рафта очаатро нигоҳубин намо. Набераамро то аз кор омаданаш назди мо мемонад.

Суҳбати кӯтоҳамон ба охир расиду ману рафиқам бо шароити лифтхона шинос шудем. Лифтхонаро деворе ба ду қисмат ҷудо кардааст: ҷойи хобу даҳлезча, ки  он ҷо хӯрок мепазанд. Як ваҷаб дуртар аз он ҳуҷрачае сохта  он ҷо ҳам ҳоҷат мебароранду ҳам сарулибос мешӯянд. Хайрият, ки ба канализатсия пайваста будааст. Умуман, дар ин хел шароити ғайрисанитарӣ аз ночорию бечораҳолӣ ва бекасию бесарпаноҳӣ ба сар мебаранд. Аз бомжҳо бо он фарқ мекунанд, ки шабҳо рӯзашонро паси дари пӯшида рӯз мекунанд…

Аз дидаю шунидаам бовар ҳосил кардам, ки дар Кӯлоб бар замми роҳбарони шаҳр баъзе табибон низ сангдил будаанд, ки вазифаи касбии худро иҷро намекунанд. Дар Маркази бемориҳои сили шаҳри Кӯлоб  иброз доштанд, ки онҳо тамоми дорувориҳоро ба поликлиникаи бемориҳои сили шаҳр (сардухтур Шамсиддинов) сари вақт ҷудо карда медиҳанд. Духтурони он ҷо бояд дорувориҳоро аз ҷумла ба Шукрия Ширинова ройгон дастрас намоянд ва ӯро ба табобат фаро бигиранд.

Муовини раиси шаҳри Кӯлоб иқрор кардааст, ки қарор буд ин хонаводаро дар ягон ҷойи хуб ҷой диҳанд, аммо ба маъракаи даъвати тирамоҳӣ  ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар банд шуда, ин корро мавқуф мондаанд. Дар рӯзҳои наздик мумкин аст, ки Шукрия Ширинова — ин модари бемори дилфигоррро бо фарзандонаш дар масҷиде, ки ғайриқонунӣ фаъолият менамуд, ҷойгир намоянд. Кош, ба  ваъда тезтар вафо бикунанд, ки зимистони сард дарро  мекӯбад. Интизор мешавем…

Эмоми НАЗАРИЁН,

 “Тоҷикистон”

Душанбе-Кӯлоб-Душанбе

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply