Саидзода роҳбарии Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД-ро ба ӯҳда гирифт

Сиёсат, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

Майор Шоҳрух Саидзода иҷрокунандаи вазифари сардори Раёсати кофтукоби ҷиноии вазорати корҳои дохилӣ таъйин шуд. Ӯ як соли охир муовини сардори ин раёсати ВКД буд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар сомонаи расмиаш исми Шоҳрух Саидзодаро ба ҳайси иҷрокунандаи сардори Раёсати кофтукоби ҷиноӣ гузошт. Дар ин иттилоия гуфта мешавад, ки Шоҳрух Саидзода ҳанӯз рӯзи 17 апрели соли ҷорӣ ба ин мақом таъйин шудааст.

Шоҳрух Саидзода моҳи феврали соли 2016 ба кор ба Вазорати корҳои дохила омада, собиқаи милисагиашро аз мақоми муовини сардори раёсати кофтукоби ҷиноӣ сар карда буд.
Ӯ дар ин мақоми нав Набиҷон Исозодаро иваз мекунад. Исозода ба навбати худ сардори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Қӯрғонтеппа таъйин шудааст.

Шоҳрух Саидзода соли 1986 дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, баъди ба Душанбе кӯчидани волидонаш дар пойтахт ба камол расидааст. Ӯ риштаҳои ибтидо иқтисодӣ ва сипас ҳуқуқшиносииДонишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Майор Шоҳрух Саидзода ҳоло дар факултаи рақами яки Академияи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таҳсил мекунад.
Дар муаррифиномаи ӯ гуфта мешавад, ки «Саидзода Шоҳрух барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорнома, Сипоснома ва ҳамчунин барои зоҳир намудани малакаю маҳорати касбӣ бо нишони сарисинагии «Корманди беҳтарини оперативӣ» сарфароз гардонида шудааст. Саидзода Шоҳрух дар баробари фаъолияти хизматӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ дар корҳои ҷамъиятии кишвар фаъолона иштирок намуда, дар рушду нумӯи соҳаи варзиш, аз он ҷумла футбол ва якҳарбаҳои шарқӣ саҳми назаррас мегузорад.”
Шоҳрух Саидзода ду сол пеш дар як мусоҳибаи нодираш бо маҷаллаи VIP zone гуфта буд, ки худро намояндаи «ҷавонони тилоӣ” намедонад, зеро «волидон моро дар кӯдакӣ ҳеҷ гоҳ эрка накарданд ва намегузоранд, ки мо ягон кори бад кунем.”  Ӯ дар ин сӯҳбат ҳамчунин гуфтааст, ки байни дӯстонаш фарқ намегузорад ва бисёре аз онҳо ҷавонони хеле оддианд.
Шоҳрух Саидзода дар мавриди дӯстиаш бо Рустами Эмомалӣ гуфт,» дӯстӣ бо вай кори осон нест, масъулияти зиёд дорад.” Шоҳрух Саидзода гуфтааст: «Мо бо Рустам дар мактаб дӯст шудем, дар як синф мехондем, баъдан дар донишгоҳ ҳам дар як гурӯҳ бо ӯ будем. Ӯ барои ман бештар аз як дӯст аст ва нафақат барои он ки Рустам писари президент аст. Ман ӯро ҳамчун як одами хеле дилкушод мешиносам нафарест, ки ҳеҷ гоҳ бадӣ намекунад. Ман ӯро барои ҳамин қадр мекунам ва ифтихор дорам, ки дӯсти чунин ҷавонмарде ҳастам.”

Шохрух Саидзода возглавил Управление уголовного розыска МВД


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply