Сагони дайду дар Кӯлоб чӣ мекобанд? (Видео)

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ХАТЛОН, ҲУҚУҚ

Ин видеоро яке аз хонандагони «Ахбор” фиристодааст. Ӯ мегӯяд, селаи сагони дайду дар кӯчаҳои шаҳри Кӯлоб озодона сайругашт мекунанд, вале мақомот парвои онҳоро надоранд. Ин селаи сагонро ӯ рӯзи 13 ноябр дар саҳни ҳукумати шаҳр ба навор гирифтааст.

Бознашр аз «Ахбор»

Сокинони шаҳри Кӯлоб мегӯянд, мақомоти шаҳр бояд ба масъалаи сагони дайдуе ки дар кӯчаҳои Кӯлоб мегарданд, ҷиддитар бархӯрд кунанд. Онҳо мегӯянд, ин сагони дайду метавонанд паҳнкунандаи вирусҳои гуногун бошанд, чунки касе вазъи онҳоро ташхис накардааст, ки оё то куҷо солим ва аз ҳар гуна вирусҳо ориянд.

Қаблан мақомоти маҳаллӣ дар шарҳи сабабҳои зиёд шудани теъдоди сагону дайду гуфта буданд, ки ба идораи масъули мубориза бо ҳайвоноти бесоҳиб тири камон намерасад, то кӯчаҳоро аз ҳузури сагон ва дигар ҳайвоноти дайду тоза кунанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply