Сафорати Амрико ҳафтаи таҳсили байналмилалиро дастгирӣ мекунад

ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Аз 13 то 17 ноябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ   ҷашн гирифта мешавад.

Ҳафта бо намоишгоҳи таҳсилотӣ воқеъ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шурӯъ мешавад, ки он 13 ноябр аз соати 14:00 то 17:00 баргузор гашта, дар он муассисаҳои таълимӣ, аз қабили Шӯрои амрикоӣ (ACCELS), Маркази машваратии таҳсилотӣ (EducationUSA), Маркази фарҳангии Бактрия, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (UCA), Бунёди Оғохон, ДААД (DAAD), Кафедраи ЮНЕСКО оид ба идоракунии захираҳои обии Осиё Марказӣ дар назди Донишгоҳи Қазоқистону Олмон, Ассотсиатсияи Тоҷикистон оид ба мубодилаи донишҷӯён барои таҷрибаомӯзии техникӣ иштирок хоҳанд кард. Ҳар яке аз ин муассисаҳо ба ҳавасмандон оид ба барномаҳои таълимии худ ва имконоти таҳсил маълумот пешниҳод намуда, ҳамчунин ба саволҳои онҳо ҷавоб хоҳанд дод.

Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ як имконият барои таҷлил намудани самараи таҳсил ва табодули таҳсили байналмилалӣ дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон мебошад. Ин ташаббуси муштараки Департаменти давлатӣ ва Вазорати маорифи ИМА як ҷузъест аз кӯшишҳои Иёлоти Муттаҳида дар тарғиби барномаҳое, ки аз як тараф барои омода сохтани халқи Амрико ба зиндагӣ дар муҳити ҷаҳонӣ равона гашта, аз тарафи дигар, пешвоёни кишварҳои дигарро ба омӯхтан ва истифода бурдани таҷрибаи пешқадами Иёлоти Муттаҳида ҷалб менамояд. Барномаҳои табодулӣ дар эҷод кардани ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми якдигар, омода намудани пешвоён дар саросари дунё ва беҳтар намудани робитаҳои халқи Амрико бо халқҳои кишварҳои дигар нақши бениҳоят муҳимро мебозанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply