Садамаи марговар дар роҳи Хуҷанд

СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Рӯзи 11 январ бар асари ду садама дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд дастикам ду нафар ба ҳалокат расида, 4 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Боришоти шадид ҳаракати нақлиёт дар ин шоҳроҳро мушкил гардонда, боиси афзоиши садамаҳои нақлиётӣ шудааст.

Бино ба гузориши вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соати тақрибан 7:30-и субҳи 11 январ, ронандаи автомашинаи тамғаи «КАМАЗ-53212”, Шокиров Шокир Ҷӯраевич, соли таваллудаш 1969, сокини ноҳияи Деваштиҷ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаннок”, дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба қафои автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс”, ки таҳти идораи ронанда Маҳмадёров Ҷонибек Усмонқулович, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Панҷакент қарор дошт, бархӯрдааст.
Баъд аз ин ронандаи автомашинаи тамғаи «ГАЗ-53”, Мамараҳимов Ғайрат Валиҷонович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Шаҳристон, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи мазкур ба автомашинаи тамғаи «КАМАЗ-53212” бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофири автомашинаи «ГАЗ-53” Ғоибов Музаффар Нарзуллоевич, соли таваллудаш 1956, сокини ноҳияи Шаҳристон ва Абдуқаҳҳоров Зокир Абдушукурович, соли таваллудаш 1970, коргари ширкати «Иновайтив Роуд Солюшенз ЛТД”, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Вазорати дохила мегӯяд, баъди чанд соат Ғоибов М. дар беморхона ба ҳалокат расид.

Дар ҳамин ҳол,масъулониширкати«Инновейтив Роуд Солюшенз», ки масъулияти нигоҳубин ва пулчинӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷандро дар даст дорад, мегӯянд, дар ин садама дар маҷмӯъ 8 мошин ба ҳам бархӯрдаанд ва дар натиҷаи он як корманди ин ширкат низ ҷон бохтааст. Ба гуфтаи Далери Абдулло, сухангӯи ширкат, як мошини боркаш ба сабаби фаромадани туман дар канори роҳ истод ва чанд мошини роҳгузар ба он бархӯрдаанд: «Дар ин миён корманди мо Зафар Ғоибов, ки машғули пошидани моддаҳои зидди лағжиш буд, ҷон бохта, як нафари дигар осеби ҷиддӣ дидааст.
Садамаи дуюм рӯзи 11 январ дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд соати 12 рух додааст. Вазорти дохила мегӯяд,ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-РАФ-4”, Муллоев Луқмонҷон, соли таваллудаш 1954, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 200-метр автомашинаро чаппа кардааст.

Дар натиҷа худи ронанда, Муллоев Л. ва мусофиронаш: Убайдова Ашурой соли таваллудаш 1949, нафақахӯр, сокини ш.Панҷакент, Соатов Обидҷон Ибрагимович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Панҷакент, Нозимова Зарина, соли таваллудаш 1963, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоша, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Баъди чанд соат Убайдова А. дар беморхона ба ҳалокат расидааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply