Сӯиқасд ба тоҷик дар назди масҷиди Маскав

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Хабаргузории «Москва” аз қавли манобеаш дар пулиси пойтахти Русия хабар дод, ки як шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 11-уми ноябр дар ҷараёни занозанӣ дар назди масҷиди таърихӣ дар кӯчаи Болшая Татарская корд хӯрдааст. Манбаи «Москва” мегӯяд: «Байни ду гурӯҳи одамон муноқиша бархост, ки ба занозанӣ печид. Дар ҷараёни занозанӣ як шаҳрванди Тоҷикистон корд хӯрдааст. Ҷабрдидаро ба Пажӯҳишгоҳи «Ёрии таъҷилӣ”-и ба номи Н.Склифосовский оварданд. Пулис гумонбари ин ҳамларо мушаххас ва дастгир кард.”

Бар зидди нафари дастгиршуда бо иттиҳоми қасдан расондани осеби вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода, ӯро ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, пулиси шаҳри Санкт-Петербург рӯзи 13-уми ноябр хабар дод, ки ҷасади як шаҳрванди кушташудаи Тоҷикистонро дар як манзили коммуналӣ дар кӯчаи Тимуровская бо аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо кардаанд. Ба гуфтаи мақомоти пулис, сару рӯи ин муҳоҷири тоҷик хунолуд ва пур аз варамҳои гуногун будааст.

Ҷасади шаҳрванди Тоҷикистонро барои маълум кардани сабабҳои ҳалокаташ ба ташхиси тиббиву додгоҳӣ супурдаанд. Тафтиши қазия оғоз ёфтааст.

Исми шаҳрванди тоҷики кушташуда нашр нашудааст. Танҳо гуфта мешавад, ки марҳум 54 сол дошта, дар вилояти Владимир сабти номи муваққатӣ дошт.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply