Сӯиқасд ба Додоҷони Атовулло, воқеият ё пиари навбатӣ?

Сиёсат, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Додоҷони Атовулло,  як  роҳбари мухолифини  Тоҷикистон мегуяд, ки  ба ҷони ӯ боз як сӯиқасд сурат гирифтааст ва  мақомоти Олмон аз  талоши сӯиқасд ба ҷони ӯ пешгирӣ кардаанд.

Додоҷони Атовулло, яке аз  роҳбарони мухолифини  Тоҷикистон, дар хориҷа шаби 31 декабр дар як изҳороти видеоӣ, ки ба таври зинда аз тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук пахш шуд, аз ҷилавгирӣ шудани як сӯиқасд ба ҷонаш хабар дод.

Додоҷони Атовуллоҳ дар шарҳи сабабҳои беш аз ду моҳ нопадид шуданаш аз шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт: «Сабаби асосӣ он буд, ки дар Олмон як гурӯҳеро пайдо карданд, ки мақсади аз байн бурдани маро доштанд. Яъне мехостанд дар дили Аврупо маро аз байн баранд.”

Ӯ афзуд, ки беш аз як моҳ дар як манзили махфӣ зери ҳимояти пулиси Олмон қарор дошта, баъди он ҳам «ба хотири бехатарӣ” маҷбур ба тағйири маҳалли зиндагиаш шудааст. Додоҷони Атовуллоҳ аз онҳое, ки дар пушти ин талоши сӯиқасд ба ҷони вай истодаанд, мушаххасан ном набурд, вале бо муроҷиат ба «спонсорҳо ва дастандаркорони ин амалиёт” гуфт, аз байн бурдани вай як кӯшиши беҳуда аст. Аммо онҳое, ки аз фаъолияти ин мухолиф пайгирӣ мекунанд, бар ин ақидаанд,ки ин як пиари навбати ӯст,ки ба хотири фаромӯш нашудани номаш дар расонаҳо роҳандозӣ кардааст. Зеро дар чанд соли охир насли солҳои қаблӣ ӯро фаромӯш карда, насли  нав ӯро намешиносад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply