Сӯхтор боиси марги 9 тоҷику хитоӣ гашт (Ведио)

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Субҳи 4 январ бар асари сӯхтор дар як корхонаи тавлиди пойафзол дар канори шаҳри Новосибирски Русия дастикам 9 нафар ба ҳалокат расидаанд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ин фабрика ба шаҳрвандони Чин тааллуқ дошт ва ҳамаи қурбониён шаҳрвандони Тоҷикистон ва Чин мебошанд.

Корхонаи пойафзолбарории муттааллиқ ба шаҳрвандони Чин дар шаҳраки Чёрнореченск дар ноҳияи Искитими вилояти Новосибирски Русия соати тақрибан нӯҳи субҳи 4 январ даргирифта, дар ниҳоят беш аз 2 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифтаст.

Барои фурӯ нишондани ин сӯхтор 24 мошини сӯхторнишонӣ ва 84 сӯхторнишон аз ноҳияҳои Искитим ва Бердск ҷалб шудаанд. Сӯхторро танҳо баъди 5 соат, тақрибан соати 14 тавонистаанд хомӯш кунанд, вале бино ба гузориши нашрияҳои маҳаллӣ, дар нимаи дуюми рӯз низ чанд амбори ин корхонаи тавлиди пойафзол ҳанӯз дуд мекард.

Додситонии вилояти Новосибирск тасдиқ кард, ки дар сӯхтори корхонаи пойафзолбарорӣ дар Чёрнореченск дастикам 9 нафар ба ҳалокат расидаанд: «Бино ба маълумоти муқаддамотӣ, дар натиҷаи сӯхтор 9 нафар ҷон бохтаанд, аз ҷумла, шаҳрвандони хориҷӣ.”

Нашрияи «Курьер. Среда. Бердск” аз ҷои ҳодиса хабар дод, ки ҳамаи ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ва Чин мебошанд. Ин нашрия меафзояд, ки корҳои ҷустуҷӯӣ дар маҳалли сӯхтор ҳанӯз идома доранд ва шумори қурбониён метавонад боз биафзояд.

Ин корхона ба шаҳрвандони Чин тааллуқ дошта, коргаронаш асосан аз Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон будаанд. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, қурбониён коргароне буданд, ки аввалин шуда, ба хомӯш кардани сӯхтор пардохтанд, вале ин офат якбора чунон вусъат гирифт, ки коргарони бечора худ дар байни оташ монданд.

Волии Новосибирск Андрей Травников низ шахсан ба маҳалли сӯхтор рафтааст.

Мақомот мегӯянд, сабаби сӯхтор тафтиш хоҳад шуд ва гунаҳкорон, аз ҷумла соҳибони ин корхонаи тавлиди пойафзолро ба ҷавобгарӣ хоҳанд кашонд. Фарзияи муқаддамотӣ муносибати беэҳтиётона бо оташ гуфта мешавад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply