Рустами Эмомалӣ сари 1900 кӯдаки ятимро сила намуд

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Рӯзи 28 декабр дар толори Сирки Тоҷик бо ташаббуси шаҳрдории Душанбе намоишномаи солинавӣ бо номи «Шаҳри афсонаҳо” барои наздики 1900 кӯдаки ятиму бепарастору маъюб ва аз хонаводаҳои ниёзманд, ҳамчунин ғолибони олимпиадаҳо доир шуд, Дар ин ҷашн ба кӯдакон аз номи раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ беш аз 2500 тӯҳфаи солинавӣ тақдим кардаанд.

Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар дод, ки бо ибтикори шаҳрдорӣ рӯзи 28 декабр дар толори Сирки Тоҷик «бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣтаҷлилнамуданиСолинави мелодии 2018 ва фароҳам овардани шароити мусоиди фароғатӣ барои сокинону меҳмонони пойтахтнамоишномаи кӯдаконаи фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Шаҳри афсонаҳо» доир гардид. Дар чорабинӣ наздики 1900 кӯдакони маъюб, ятим, бепарастор, аз оилаҳои ниёзманд, тарълимгирандагони мактаб-интернатҳо, ғолибони олимпиадаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ иштирок доштанд.”

Дар оғоз муовини раиси шаҳр Маҳмадсаид Зувайдзода ба ҳозирин паёми солинавии шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тамоми кӯдакони пойтахтро ироа кард ва ҳамаро бо расидани соли нав табрик гуфтааст.

Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ меафзояд, ки сипас намоишномаи «Шаҳри афсонаҳо” ба ҳозирин пешкаш шуд: «Воқеаву рӯйдодҳои намоишнома дар саҳнаи Сирки давлатӣ бо ороишоти афсонавӣ — муҷассамаи бошукӯҳи Аноҳито – рамзи фариштаи об, дувоздаҳ бурҷи кайҳонӣ ва шаҳраки афсонавӣ бо иштироки ансамблҳои рақсии кӯдаконаи «Ғунчаҳои пойтахт», «Ситораи Умед», «Лаъл», «Лола», «Гулрез», «Зебо», шогирдони мактаб-интернати махсуси мусиқии ба номи М.Атоев, дастпарварони Маркази эстетикии кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе, муҳассилини мактабҳои мусиқии шаҳри Душанбе, гурӯҳи балети бачагонаи Коллеҷи хореографии ба номи М. Собирова, ҳунармандони театри таҷрибавии тамошобини ҷавони ба номи М. Қосимов ва дигар марказҳои фарҳангии пойтахт ба таври хотирмону таъсирбахш сурат гирифт.

Дар намоишнома тавассути амалиёт ва бархӯрди неруҳои некӣ ба сурати рамзи фариштаи об Аноҳито ва мулчарҳои дувоздаҳгона бо неруҳои аҳриманӣ пирӯзии қувваҳои некӣ бар бадӣ, ситоиши сарзамини биҳиштосою афсонавии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва пойтахти он шаҳри дилорои Душанбе талқин мегардад.

Бино ба гузориши шаҳрдорӣ, намоишномаи хотирмони «Шаҳри афсонаҳо” ин чорабиниро ба як иди ҳақиқӣ барои кӯдакон табдил дод. Ҳамин тавр, дар ҷараёни чорабинӣ ба тамошобинони барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ ва иштирокчиёни намоишномаи «Шаҳри афсонаҳо» беш аз 2500 адад туҳфаҳои раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тақдим гардидааст.

Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 30 сол дошта, 12 январи соли 2017 ба ҷои Муҳаммадсаид Убайдуллоев шаҳрдори Душанбе таъйин шуд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply