Русияравҳо пароканда карда шуданд

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Милисаҳои  Душанбе аз беназмӣ дар миёни хоҳишмандони кӯчидан ба Русия ҷилавгирӣ намуданд. Садҳо нафар сар аз шаби гузашта барои сабти ном пушти дари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Русия дар Душанбе ҷамъ омада буданд.

Галина Александрова, котиби дафтари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Русия дар Тоҷиистон гуфтааст, ки дар пайи беназмиҳо онҳо водор шуданд, ки милисаро даъват кунанд. Ба гуфтаи вай, милисаҳо  вайронкунандаҳои тартиботи ҷамъиятиро пароканда карданд.Ин масъули дафтари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Русия гуфт, ҳамакнун хоҳишмандони муҳоҷират ба Русия метавонанд танҳо тавассути сомонаи расмии ин намояндагӣ дар Тоҷикистон, худро барои шомил шудан ба феҳрати алоқамандони кӯчидан ба Русия, сабти ном кунанд.Аз шаби гузашта ҳудуди 2,5 ҳазор хоҳишмандони муҳоҷират ба Русия дар назди ин намояндагӣ таҷаммӯъ карда, беназмӣ карданд ва ҳоло дарҳои ин намояндагӣ барои хоҳишмандон баста аст. Нерӯҳои пулис атрофи ин намояндагиро назорат карда, аз таҷаммӯи хоҳишмандони муҳоҷират ба Русия ҷилавгирӣ мекунанд.Барномаи давлатии Русия “Переселение” ё кӯчбандӣ дар ибтидо барои бозгардонидани аҳолии русзабон аз кишварҳои шӯравии собиқ тамаркуз мекард ва ҳоло асосан барои таъмини минтақаҳои ташнаи мутахассису нерӯи корӣ дар Русия идома дорад. Бино ба оморҳо, ба истиснои тақрибан 1 миллион русзабоне, ки баъди суқути шӯравӣ аз Тоҷикистон ба Русия кӯчиданд, дар 20 соли ахир аз 300 000 то 500 000 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply