Русия: Занозании муҳоҷирони тоҷик ва ӯзбек бо марг анҷомид

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Бино ба хабарҳо, дар пайи як занозании хунин байни муҳоҷирони тоҷику узбек дар як қаҳвахона дар шаҳри Маскав як шаҳрванди 25-солаи Узбекистон кушта шудааст. Бо иттиҳоми ин куштор як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистонро боздошт кардаанд. Пулис мегӯяд, муҳоҷирон ҳанӯз шаби 28 октябр дар ҳолати мастӣ ба сари якдигар корд кашидаанд.

Шабакаи телевизионии «360” хабар дод, ки мақомоти пулис омили қатли як зодаи Узбекистон дар ҷараёни занозании як моҳ пеши муҳоҷирони тоҷику узбекро ошкор кардаанд. Бо гумони даст доштан дар ин куштор як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон дастгир гардида, ба зидди ӯ бо иттиҳоми қасдан расондани осеби вазнини ҷисмонӣ, ки сабаби ҳалокати инсон шудааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Бино ба гуфтаи манбаи телевизиони «360”, шаби 28 октябр ду гурӯҳи ҷавонон дар як қаҳвахона дар назди истгоҳи метрои «Ботанический сад” майнӯшӣ мекарданд. 5 зодаи Узбекистон дар инҷо зодрӯзи яке аз онҳоро ҷашн мегирифтанд ва дар мизи дигар 10 зодаи Тоҷикистон истироҳат доштаанд.

Вақте ҳарду гурӯҳ дар ҳолати мастӣ қарор доштанд, ба кадом сабаби ҳанӯз норавшане байни онҳо муноқиша сар зада, аввал ба занозанӣ ва дар ниҳоят ба кордкашӣ печидааст. Як марди ҷавон аз байни тоҷикҳо бо корд ба қалби як ҷавони узбек задааст.

Масъулони қаҳвахона соати 00:30 дар бораи ин муноқиша ба пулис хабар додаанд. Ҷавони узбекро, ки ҳамагӣ 25 сол дошт, ба бемористони «Ёрии таъҷилӣ”-и ба номи Склифосовский бурданд, вале ӯ соати 01:05 дар рӯи кати ҷарроҳӣ ҷон додааст. Ҷасади вай то ҳол дар мурдахонаи бемористони Склифосовский будааст.

Бо иттиҳоми қатли ин ҷавони узбек як ҳамсоли ӯ аз Тоҷикистонро дастгир кардаанд. Ба зидди вай бо иттиҳоми қасдан расондани осеби ҷисмонӣ ба саломатӣ, ки сабаби марги инсон шудааст, парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply