Русия: Заҳролудшавии муҳоҷирони тоҷик

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Чуноне Озодӣ хабар медиҳад, беш аз 30 шаҳрванди Тоҷикистон баъди истеъмоли ғизои ошхонае дар шаҳри Санкт-Петербург заҳролуд шуда, се нафарашон ба бемористон муроҷиат кардаанд. Ин муҳоҷирон мегӯянд, ки зоҳиран баъди истеъмоли ғизои ошхонаи воқеъ дар дохили фурӯшгоҳи «Народный» ҳамаи онҳо заҳлоруд шудаанд. Ин муҳоҷирон коргарони ҳамин шабакаи мағозаҳои маҳсулоти хӯроквории “Народный» будаанд. Нисфирӯзии 30 октябр баъди истеъмоли ғизои нисфирӯзӣ дар муддати кӯтоҳ ҳамаи онҳо мариз шуданд. Бархе муҳоҷирон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки масъулини фурӯшгоҳ ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар ин муассиса кор мекардаанд, ҳушдор доданд, ки агар онҳо аз ин ҳодиса ба бемористон ё ҷои дигар шикоят кунанд, аз кор барканор мешаванд.

Фурӯшгоҳи “Народный» дар ҳудуди ноҳияи Красногвардейскии шаҳри Санкт- Петербург ҷойгир аст. Дар дафтари матбуоти фурӯшгоҳ ва ҳам шӯъбаи истихдоми коргарони шабакаи «Народный» ба Радиои Озодӣ хабари заҳролудшавии коргаронро рад накарданд, вале гуфтанд, ки ин қазияро аслан шарҳ намедиҳанд.

Маҳмуд, яке аз коргарони мағозаи “Народный», рӯзи 31-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, 30 октябр рӯзи кории ӯ набуд, вале аз ҳамватанони ҳамкораш огаҳӣ ёфт, ки аксари онҳо баъди истеъмоли ғизо якбора бемор шуданд. Вай гуфт: “Рӯзи 30-ум октябр ҳангоми хӯрдани хӯрок дар ошхонаи мағозаи “Народный» бисёриҳо нотоб шуданд. Ду-се нафар пас аз чанд дақиқа аз по афтоданд ва бо мошини ёрии таъҷилӣ ба бемористон бурда шуданд”.

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, имрӯз беш аз 30 нафар коргарони мағоза ба кор набаромаданд, чунки пас хӯроки дирӯза ҳамагӣ бемор шудаанд.

Маҳмуд гуфт, ки дар ин фурӯшгоҳ тоҷикон бо корҳои мухталифи мисли борбарӣ, қассобӣ, ҷобаҷокунии маҳсулот дар рафҳо ва корҳои дигар машғуланд ва рӯзе ду дафъа дар ошхонаи ҳамин фурӯшгоҳ ғизо мехӯранд.

Ҷустуҷӯ дар шабакаи Интернет нишон дод, ки дар гузашта ҳам чандин бор исми фурӯшгоҳи “Народный», ки бо пешниҳоди ғизои арзону дастрас барои қишри камбизоати аҳолӣ маъруф аст, ба матбуот роҳ ёфтааст. Аз ҷумла, дар як ҳодисаи декабри соли 2012 пиразане аз он шикоят кардааст, ки моҳие, ки ӯ аз ин фурӯшгоҳ дар дохили як пакети баста харида буд, паи дандони мушро дошт. Фурӯшгоҳ маблағи ин муштариро бозпас додааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply