Русия: Муҳоҷири тоҷик ба корманди ФСБ ҳамла кард (Видео)

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон Муртазо Маҳмудзода рӯзи 22 ноябр бо иттиҳоми ҳамла ба як афсари ФСБ дар даромадгоҳи бинои ин идора дар шаҳри Санкт-Петербург боздошт шуд. Далели ин ҳамла маълум нест, вале дар як моҳи охир ин алакай сеюмин мавриди ҳамлаи муҳоҷирони тоҷик ба намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия аст.

Рӯзи 22 ноябр як мард вориди даромадгоҳи бинои раёсати ФСБ – Хадамоти федералии амнияти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург, воқеъ дар кӯчаи Литейная, 4 шуда, ба як афсари ФСБ дарафтод ва ӯро латукӯб кард. Афсарони дигари ФСБ билофосила ин мардро дастгир карданд.

Бино ба гузориши нашрияи «Фонтанка”-и чопи Петербург, тафтиш нишон додааст, ки ҳамлагар шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон Муртазо Маҳмудзода буда, аз соли 2014 дар вилояти Калинингради Русия сабти номи расмӣ доштааст. Ӯро бар асоси нақши ангуштонаш, ки дар картотекаи мақомоти интизомӣ вуҷуд дошт, муайян кардаанд.

Дар видеое, ки аз сабти камераи назоратии даромадгоҳи бинои ФСБ дар Интернет нашр шудааст, дида мешавад, ки ҷавони тоҷик аз паси афсари ФСБ даромада, ба вай аз қафо ҳамла мекунад ва зада меафтонад. Ин ҷавон сипас бо афсарони дигари ФСБ, ки ба ҷои ҳодиса мерасанд, дармеафтад, вале баъди ягон ним дақиқа якбора занозаниро бас карда, мехоҳад берун барояд. Вале афсарони ФСБ пеши роҳи ӯро гирифта, баъди як каме муқовимат ҷавони тоҷикро аз по меафтонанд ва дастгир мекунанд.

Ин видеоро канали«Хороший» (@horoshyдар шабакаи Телеграм нашр кард.

Барои ба гардани афсари ФСБ мушт задан ба зидди Муртазо Маҳмудзода бар асоси моддаи 318-уми Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми истифодаи зӯрӣ ба зидди намояндаи давлат парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Вале баъди нахустин бозпурсӣ Маҳмудзодаро барои ташхис ба бемористони амрози равонии рақами 6, воқеъ дар соҳили канали Обводной фиристодаанд. Табибон бояд вазъи равонии ин шаҳрванди Тоҷикистонро маълум кунанд, ки чаро дар дохили бинои ФСБ ба зидди як афсари ин идора мушт бардоштааст?

Нашрияи «Фонтанка” менависад, Муртазо Маҳмудзода дар вилояти Калининград сабти ном дошт, вале пайваста саёҳат мекард. Ӯ аз ҷумла тайи ин се соле ки дар Русия зиндагӣ мекунад, ба шаҳрҳои Новосибирск, Уфа, Маскав ва ҳатто ба Олмон сафар кардааст. Муртазо Маҳмудзода ҳамчунин пайваста ба Петербург равуо доштааст.

Ба Муртазо Маҳмудзода бар асоси қисми аввали моддаи 318 барои ҳамла ба намояндаи давлат ҳамчун ҷазо аз ҷарима ба маблағи 200 ҳазор рубл то 5 соли зиндон таҳдид мекунад. Вале агар тафтишот ба хулосае бирасад, ки ҳамлаи ӯ ба ҳаёти афсари ФСБ хатар дошт, ҳукмаш бар аосси қисми дуюми моддаи 318 алакай то 10 соли зиндон аст.

Вале бо ин вуҷуд дар рӯзи равшан ва дар даруни бинои ФСБ ба як афсари ин идораи пурқудрат ҳамла кардани як муҳоҷири тоҷик саволҳои зиёдеро ба вуҷуд меорад. Оё ӯ дар воқеъ бемори равонӣ буд? Ваё байни Муртазо Маҳмудзода ва ин афсари ФСБ чӣ гапе гузаштааст, ки ӯ дар ҷои кораш дар бинои машҳури воқеъ дар кӯчаи Литейная, 4 аз гиребони ин афсар гирифт?

Дар як моҳи охир ин алакай сеюмин мавриди гузоришшудаи ҳамлаи муҳоҷирони тоҷик ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия аст.

Рӯзи 14 ноябр гузориш шуда буд, ки як зодаи Тоҷикистон дар шаҳри Любертсии вилояти Маскав як афсари пулис ва шарики 21-сола ӯро бо корд захмӣ кардааст. Гуфта мешуд, ки лейтенанти хурди пулисро бо ҷароҳати корд аз ноҳияи камар ва шикамаш ба бемористон бурдаанд. Як қабурғаи ин афсари пулис низ дар ҷараёни занозанӣ бо муҳоҷири тоҷик шикастааст. Дӯсти 21-солаи афсари пулис дар ҷараёни ин занозанӣ аз гардан, китф, қафаси сина ва панҷаи дасташ корд хӯрдааст.

Ба зидди муҳоҷири тоҷик бо иттиҳоми ҳамла ба намояндаи давлат ва қасдан расондани осеби ҷисмонӣ ба саломатӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Далели аз гиребони афсари пулис ва шарики вай гирифтани ин марди тоҷик рӯшан нест. Манобеи телевизиони «360” дар пулис гуфтаанд, сабаби муноқиша «муносибатҳои хусуматомези ногаҳон бархоста байни ин се нафар” будааст.

Рӯзи 19 октябр ҳамин шабакаи «360” аз қавли манбааш дар мақомоти интизомии шаҳри Маскав хабар дода буд, ки як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро дар ғарби пойтахти Русия бо иттиҳоми латукӯби афсари пулис дастгир кардаанд.

Манбаи «360” гуфтааст, ки муҳоҷири тоҷикро шоми 18 октябр дар кӯчаи 2-я Рейсовая барои тафтиши ҳуҷҷатҳояш манъ кардаанд. Кормандони пулис гуфтаанд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон ба амри онҳо итоат накард ва вақте хостанд боздошташ кунанд, бо мушт ба онҳо ҳамла овард.

Дар ҷараёни муноқиша муҳоҷири тоҷик ба рӯи сержанти 28-солаи пулис чанд мушти обдор задааст. Ин сержант маҷбур шудааст ба бемористон муроҷиат кунад. Табибон рӯи харошида ва осебҳои бардоштаи сержант аз гӯши рост, китф ва дасташро дармон карда, ӯро ҷавоб додаанд.

Сабаби чунин вокуниши тунди муҳоҷири тоҷик рӯшан нест. Кормандони пулис исрор меварзанд, ки ӯ ба амри онҳо итоат накард ва худаш аввал ба занозанӣ сар кард.

Ҳамлаи муҳоҷирон ба кормандони пулис дар Русия ба сари худ ҳодисаи нодир аст ва маъмулан дар ҳолатҳое рух медиҳад, ки кормандони пулис хеле аз ҳад бигузаронанд. Муҳоҷирони тоҷик аз бархӯрди бади кормандони пулиси Русия, бахусус пулиси Маскав нисбат ба муҳоҷирон зиёд шикоят мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки кормандони пулис ҳангоми боздошт ва тафтиши асноди муҳоҷирони тоҷик онҳоро бе ягон асос таҳқиру дашном мекунанд, шарафи инсониашонро паст мезананд ва ришва талаб мекунанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply