Русия: Донишҷӯёни тоҷик бо ҷурми нашъаҷаллобӣ дастгир шуданд

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Пулиси вилояти Брянски Русия хабар дод,р ки 4 нафар – се шаҳрванди 19-солаи Тоҷикистон ва як шаҳрванди Русияро бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир дастгир кардаанд. Ҳангоми боздошт аз ин 4 нафар, ки донишҷӯёни яке аз мактабҳои олии Брянск будаанд, 240 грамм ҳероин пайдо кардаанд. Боз 120 грамм ҳероинро аз манзили якеи онҳо ёфтаанд.

Раёсати корҳои дохилии вилояти Брянски Русия рӯзи 12 январ бо нашри як видео аз боздошти 4 гумонбар дар қочоқи маводи мухаддир хабар дод. Се тан аз боздоштшудагон шаҳрвандони 19-солаи Тоҷикистон ва як шарики онҳо шаҳрванди Русия будааст.

Анжела Гардина, сухангӯи пулиси Брянск гуфт: «Маълум шуд, ки ин ҷавонон дар яке аз мактабҳои олии Брянск таҳсил мекарданд ва ҳамзамон бо таҳсил ба фурӯши маводи мухаддир машғул будаанд. Ҳангоми боздошт кормандони пулис аз гумонбарон як халта бо 240 грамм ҳероинро ёфт ва мусодира кард. Боз 120 грамми дигари ҳероин ҳангоми кофтукоб аз манзили яке аз боздоштшудаҳо ёфт шуд.”

Ба зидди аъзои ин «бандаи донишҷӯён” бар асоси қисми чоруми моддаи 228.1-и Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми «фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳаҷми бузург аз ҷониби гуруҳи муташаккил” парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.

Анжела Гардина, сухангӯи раёсати корҳои дохилии вилояти Брянск гуфт, «ба донишҷӯёни тоҷик бар асоси ин банди қонун аз 10 то 20 соли зиндон бо ҷарима ба маблағи то як миллион рубл таҳдид мекунад.” 


Ин бори аввал нест, ки донишҷӯёни тоҷик дар Русия бо иттиҳоми даст доштан дар фурӯши маводи мухаддир дастгир мешаванд. Рӯзи 16 ноябр раёсати корҳои дохилии вилояти Пензаи Русия хабар дод, ки дар ҷараёни як амалиёт се зодаи яке аз кишварҳои Осиёи Марказиро дар маркази ин вилоят бо гумони даст доштан дар қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир дастгир кардаанд.

Намояндаи расмии пулиси вилояти Пенза дар сӯҳбат бо сомонаи «Ахбор” тасдиқ кард, ки ҳарсе дастгиршуда шаҳрвандони Тоҷикистонанд ва дар якдонишгоҳи шаҳри Пенза таҳсил мекарданд.

Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати «Ахбор”, «ин се донишҷӯи аз 18 то 22-сола дар шаҳри Пенза дар як манзил иҷора менишастанд. Онҳо тақрибан ду ҳафта боз ба фурӯши маводи мухаддир машғул будаанд. Аз махфигоҳҳо дар ҳудуди вилояти Пенза маводи мухаддирро гирифта, дар манзили иҷораи худ ба бастаҳои хурд тақсим мекарданд ва сипас дар махфигоҳҳо мегузоштанд.”

Ҳангоми кофтукоб аз ин се донишҷӯи тоҷик 60 грамм маводи сахттаъсири ҳероин пайдо кардаанд. Тафтиши телефонҳои мобили ин донишҷӯён боз 10 махфигоҳи дигарро ошкор кардааст, ки дар ҳар кадомаш 100-граммӣ ҳероин пинҳон карда шуда буд.

Намояндаи пулиси Пенза гуфт: ”Дар маҷмӯъ аз ин се нафар як кило ҳероин ёфт ва мусодира карда шуд. Ба зидди онҳо бар асоси моддаи 228.1-и Кодекси ҷиноятии Русия парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Бар асоси ин банди қонун, ба ин се донишҷӯи ҳамакнун собиқ то 20 соли зиндон таҳдид мекунад. Дар ҳоли ҳозир ҳарсеро барои ду моҳ ба ҳабс гирифтаанд.”

Донишҷӯёни тоҷик дар ҷараёни бозпурсӣ бо изҳори пушаймонӣ гуфтаанд, ба хотири таъмини хароҷоти зиндагӣ ва таҳсилашон дар Пенза даст ба ин кор задаанд.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон – як макони асосии тавлиди ҳероину афюн ва ҳашиш – қариб 1400 километр марзи мустақим дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра ва асосан ба Русия табдил ёфтааст.

Дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои Русия беш аз 8 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд. Тақрибан сеяки онҳо бо ҷиноятҳои марбут ба қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир маҳкум ба зиндон шудаанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply