Русия: Боздошти тоҷикбачаи навбатӣ

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Як шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Ростови Русия бо иттиҳоми ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи тарканда дастгир шудааст. Матбуоти маҳаллӣ менависад, ки пулис аз манзили ин ҷавони тоҷик бомбаи худсохт пайдо кардааст.

Сомонаи маҳаллии «161.ру”аз қавли манобеаш дар пулиси шаҳри Ростов хабар дод, ки як шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистонро ахиран дар микрорайони Севернийи ноҳияи Ворошилов дар ин минтақаи ҷануби Русия бо бомбаи худсохт дастгир кардаанд.

Ба гуфтаи манобеи ин нашрия, аз манзиле, ки ин ҷавони тоҷик иҷора менишаст, як маводи таркандаи худсохт, як шашка ва як василаи таркондаи гранатаи дастӣ ёфт шудааст. Ҳамчунин аз ин манзил як теъдод китобҳое пайдо кардаанд, ки ифротӣ будан ё набудани ин адабиётро бояд акнун ташхиси расмӣ муайян кунад.

Шаҳрванди дастгиршудаи Тоҷикистон дар асл дар шаҳри Маскав сабтином доштааст, вале дар ин авохир дар Ростов иҷора менишаст.

Дар шаҳри Ростов дар пайи таркиши субҳи 6 апрел, ки посбони як мактабро захмӣ ба ҷо гузошт, тадбирҳои амниятиро афзоиш додаанд.

Субҳи 6 апрел бар асари таркиш дар назди литсейи рақами 5 дар Ростов посбони ин мактаб ҷароҳатҳои вазнин бардошт. Ин таркиш ҳамагӣ се рӯз баъд аз ҳамлаи пурқурбонӣ дар метрои шаҳри Санкт-Петербург буд, ки 15 кушта ба ҷо гузошт.

Мақомот ибтидо фарзияи ҳамлаи террористӣ дар Ростовро таҳқиқ мекарданд, вале дар рафти тафтишот маълум шуд, ки посбони мактабро як марди маҳаллӣ дар заминаи рашк таркондааст ва ин ҳодиса рабте ба гурӯҳҳои террористӣ надорад.

Бар асоси моддаи 222.1-и Кодекси ҷиноятии Русия акнун ба ин шаҳрванди Тоҷикистон барои ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи тарканда то 5 соли зиндон таҳдид мекунад. Вале агар маълум шавад, ки ӯ узви кадом гурӯҳи муташаккил буд, ҷазояш боз сангинтар – то 12 соли зиндон аст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply