Русия аз ҳаққи иштирок дар олимпиада маҳрум шуд

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Кумитаи байналмилалии олимпӣ Русияро аз ҳаққи ширкат дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2018 дар Пхенчани Кореяи ҷанубӣ маҳрум кард. Варзишгарони тоза аз Русия метавонанд ба сурати алоҳида дар ин Олимпиада ширкат кунанд, вале на ба намояндагӣ аз кишвари худ.

Кумитаи иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ рӯзи 5 декабр дар ҷаласааш дар Лозанна дастаи Русияро аз ҳаққи ширкат дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2018 дар Пхенчан комилан маҳрум кард. Варзишгарони тозаи Русия, ки дар ягон ҷанҷоли допинг номашон матраҳ набуд, метавонанд таҳти парчами нейтралӣ дар ин Олимпиада ширкат кунанд. Вале ин ба маъноест, ки онҳо наметавонанд парчами Русияро барафрозанд ва ба шарафи пирӯзии онҳо дар ин Олимпиада гимни Русия садо нахоҳад дод. Ба ҷои гимни Русия ба шарафи пирӯзии онҳо гимни олимпӣ навохта хоҳад шуд. Рӯйхати варзишгарони русе, ки ба Олимпиадаи Пхенчан роҳ дода мешаванд, бояд аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ тасдиқ карда шавад.

Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар иттилоияаш гуфт, Виталий Мутко, собиқ вазири варзиш ва ҳоло муовини сарвазири Русия ва ҳамчунин муовини собиқи вазири варзиши Русия Юрий Нагорних барои умрбод аз ҳаққи ҳузур дар Бозиҳои олимпӣ маҳрум карда шуданд. Узвияти президенти кумитаи олимпии Русия Юрий Жуков дар Кумитаи байналмилалии олимпӣ низ боздошта шуд.

Русия ҳамчунин барои истифодаи фаровони варзишгаронаш аз допинг 15 миллион доллар ҷарима баста шуд.

Ин вокуниши тунди Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар посух ба моҷарои давомдори истифодаи допинг аз ҷониби варзишгарони рус дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Бозиҳои олимпист. Сэмуэл Шмид, раҳбари комиссияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ гуфт, «мо то ҳол ҳеҷ гоҳ чунин миқёси бузурги шӯъбадабозӣ бо допинг ва фиребро надида будем ва ин ба ҷунбиши олимпӣ осеби азим расонд.»

Бар асоси натиҷаҳои кори ду комиссияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ, моҳи ноябр тасмим гирифта шуд, ки мақоми РУСАДА – Агентии зидди допинги Русия барқарор карда нашавад. Ҳамчунин як хайли бузурги варзишгарони Русияро аз медалҳои олимпиашон, ки соли 2014 дар Сочи ба даст оварда буданд, маҳрум карданд. Русия дар маҷмӯъ 11 медали тило, 6 нуқра в аду биринҷиро аз даст дод ва ба ин тартиб, мақоми аввал аз лиҳози шумораи медалҳо дар Олимпиадаи Сочиро гум карда, баъди Канада ва Норвегия дар ҷои сеюм қарор гирифт.

Моҷарои истифодаи густардаи допинг дар варзиши Русия бо ҳадафи ба даст овардани медалҳои бештар баъди ба Ғарб фирор кардани Григорий Родченков, раҳбари собиқи озмоишгоҳи зидди допинги Маскав авҷ гирифт. Родченков изҳор дошт, ки дар Русия барномаи давлатии истифодаи допинг вуҷуд дорад.

Дар Русия ибтидо ин ҷанҷоли допингро як намунаи дигари тавтиаи Ғарб ба зидди Маскав ба қалам медоданд, вале дар ниҳоят, вақте кор ранги хеле ҷиддӣ гирифт, маҷбур шуданд, вуҷуди мушкилот дар мубориза бо допингро то ҳадде эътироф кунанд.

Ин бори аввал аст, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ як кишварро барои истифодаи допинг билкулл аз ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ маҳрум мекунад.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply