Росия: Боздошти 40 муҳоҷир

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Дар ҷараёни амалиёти «Мигрант” дар сохтмони фурудгоҳи «Платов” дар вилояти Ростови Русия 40 муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистону Узбекистон бо иттиҳоми тақаллуби аснод боздошт шудаанд. Ҳоло ба ин мардикорон ҷаримаҳои ҳангуфт ва ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Пулиси нақлиёти ҳавзаи Қафқози шимолии Русия рӯзи 13 март хабар дод, ки дар ҷараёни амалиёти «Мигрант” бо ҷалби нирӯҳои ОМОН ва ФСБ дар яке аз сохтмонҳои вилояти Ростов 40 муҳоҷир аз кишварҳои СНГ бо иттиҳоми тақаллуби аснод дастгир шудаанд.

Ин муҳоҷирон, ки аз Тоҷикистону Узбекистон будаанд ва аз моҳи октябри соли 2015 дар сохтмони фурудгоҳи байналмилалии «Платов”, воқеъ дар 29-километрии шаҳри Ростови лаби Дон кор мекарданд.

Ба гуфтаи пулис, муҳоҷирони тоҷику узбек якуним сол пеш барои гирифтани патент аз ҳуҷҷатҳои қалбакӣ истифода бурда, ин асноди қалбакиро моҳи сентябри соли 2016 ҳангоми тамдиди патенти кориашон дигарбора истифода бурдаанд: «Ин шаҳрвандони СНГ ба мақомот барои дарёфти патент ҳуҷҷатҳоеро нишон доданд, ки ташхис қалбакӣ будани онҳоро нишон дод.”

Алайҳи ин 40 муҳоҷири дастгиршуда аз сӯи пулиси нақлиёти фурудгоҳи Ростов бар асоси моддаи 327-уми Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми истифода бурдани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст. Банди сеюми ин модда барои истифода бурдани ҳуҷҷати яқинан қалбакӣ ҳамчун муҷозот ҷарима ба маблағи аз 85 ҳазор то маоши шашмоҳаи маҳкум то корҳои ислоҳӣ ба муддати то 2 сол ва ҳатто то 6 моҳ ҳабсро пешбинӣ мекунад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Росия: Боздошти 40 муҳоҷир

  • Шахло, ин рохи бехтарини фиребу надодани музди мехнати коргарони бе пуштупанох, бе саводу бе гунох аст.
    Ин аввалан, конуншикании корфармову ширкати ба кор кабулкардааст на коргари бечора!
    Як адвакатчаи чаласавод, метавонад онхоро конунан, пуштибони ва рахо кунад, музди мехнаташонро ситонда ба ватанашон баргардонад! Факад аз ВКД-и Точикистон(барои мухофизаташ) як рохат зарур хасту халос!!
    Зарурат бошад, рохашро нишон медихам, ин кор зиёда аз 5маротиба шудааст!

Leave a Reply