Ронанда духтарчаи худро пахш карда кушт

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Бино ба маълумоти ВКД, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ноҳияи Тоҷикободро бо гумони аз беэҳтиётӣ ба марг расонидан дастгир намуданд.

Номбурда, 15-уми ноябри соли 2016, тахминан соати 10:00-дақиқа, дар назди ҳавлии истиқоматиаш ҳангоми ба қафо рондани автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра”, аз беэҳтиётиаш духтари ноболиғаш, Хосияти Меҳроҷиддин, соли таваллудаш 2013-ро, ки ба бозӣ машғул будааст, пахш намудааст. Дар натиҷа хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply