Рэпсароёни тоҷик рекорд нишон доданд

НТМ, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Таронаи «Оҳи дили зори ман” дар иҷрои овозхонҳои ҷавони рэпсаро Фараҳманд Каримов ва Исмоилҷон Исмоилов ба маъруфияти фавқулоддае дар Тоҷикистон соҳиб шудааст.
Дар ин шабу рӯз аз аксари дӯконҳои фитафурӯши ҳамин тарона садо медиҳад. Бахусус нуқтаи авҷаш, ки Фараҳманду Исмоилҷон ин сатрҳоро мехонанд:

Оҳанги «Оҳи дили зори ман”, ки овозхонҳои ҷавон Фараҳманд Каримов ва Исмоилҷон Исмоилов дар жанри рэп иҷро кардаанд, дар ду моҳи охир ба комёбии фавқулоддае даст ёфта, яке аз пуртарафдортарин тарона дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Оҳанги дили зори ман захми танат шавад,

Пироҳани хунини ман баро-т кафан шавад.

Рӯзе назар кунӣ ту бар санги мазори ман,

Афсӯс, наёбӣ ту марову гардӣ зори ман.

«Оҳи дили зори ман” тавре аз ин сатрҳои нақароташ ҳам бармеояд, таронаест дар бораи дарду ғуссаи ҷавони ошиқ аз ёри бевафое, ки аз вай ҷудо шудааст.

Фараҳманд Каримов ва Исмоилҷон Исмоилов ду овозхони ҳанӯз навроҳи эстрадаи тоҷиканд. Барои мисол, Фараҳманд Каримов, ки дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст, ҳамагӣ 21 сол дорад. Ҳарду ҳоло дар шаҳри Хуҷанд кору фаъолият доранд.

Фараҳманд ва Исмоилҷон аз он насли нави овозхонҳои тоҷиканд, ки бо фанновариҳои навин ошноии хубтаре доранд ва ҳарду дар пойгоҳи Ютуб канали худро доранд, ки ҳар сари чанд вақт аз студия бо мухлисони худ мустақим сӯҳбат мехонанд, барояшон зинда тарона иҷро мекунанд, яъне кореро анҷом медиҳанд, ки имрӯз ба ин пеша ютубер ном додаанд.

Фараҳманд Каримов:

Ҳамсари санъаткор намехоҳам!”

Муаллифи оҳанги «Оҳи дили зори ман” Фараҳманд Каримов аст. Ӯ чанде пеш дар сӯҳбати рӯбарӯ бо мухлисонаш дар сомонаи Ohang.tj ва ҳам дар барномаи «Шоми дӯстон” қисса кард, ки таронаи «Оҳи дили зори ман” ягон 3 ё 4 моҳ пеш ба дунё омадааст:«Оҳанги ин тарона чанд вақт боз дар фикру хаёли ман ҳама вақт ҷӯш мезад, ки ана ҳамин оҳанг чизеро барои ман мегӯяд. Бо Исмоилҷон аввал номашро фикр кардем, ки чӣ гузорем – «Оҳи дили ман”, «Оҳанги дили ман” ё чӣ? Баъд ба хулосае омадем, ки номаш – «Оҳи дили зори ман” шавад. Ягон як ё ду ҳафтаи дигар барои навиштани матни суруд рафт.”


Поделиться новостью в социальных сетях:

2 комментарий

  • Акаи Фараҳманд суруди теги панҷаҳоят ба монанди худатон зебо

  • Акаи фараҳманд суруди булҳавас наямро зебо сароидед

Leave a Reply