«Равшан” ва «Джамшут” акнун ҳамчун бел ба фурӯш гузошта шудаанд

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Ширкати русии «Technoseason” ду навъи белҳои барфрӯбиро бо номҳои «Равшан” ва «Джамшут” ба фурӯш баровардааст. Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик ин гашти маркетингии «Technoseason” идомаи маъракаи таҳқири аз барномаи «Наша Раша” оғозшуда мешуморанд.

Дар фурӯшгоҳҳои интернетии Русия ва ҳамин тавр, ба гуфтаи муҳоҷирони тоҷики муқими Русия, дар бархе мағозаҳои фурӯши молҳои рӯзгор дар он кишвар белҳои барфрӯбие пайдо шудаанд, ки истеҳсолкунандааш – ширкати «Technoseason” ба ин белҳо «Равшан” ва «Джамшут” ном додааст.

Дар шарҳи хусусиятҳои фаннии бели «Равшан” гуфта мешавад, ки ин бел аз пластики сифаташ баланди ба сардӣ ва зарба тобовар сохта шуда, дандонаҳояш бо оҳан мустаҳкам карда шудаанд, то ҳангоми бархӯрд ба асфалт ё ба барфи яхбаста нашиканад. Забонаи ин бел 500 миллиметр дарозӣ ва 375 миллиметр бар дошта, якҷо бо дастааш 1,3 кило вазн дорад.

Ба фарқ аз бели «Равшан”, забонаи бели «Джамшут” пурра аз оҳан сохта шудааст, вале он аз нигоҳи ҳаҷм аз бели «Равшан” хурдтар буда, ҳамагӣ 440 миллиметр дарозӣ ва 315 миллиметр бар доштааст.Дар шарҳи бели «Джамшут” гуфта мешавад, ки он бақувват буда, каҷ намешавад, занг намезанад ва аз сардӣ наметарсад. Сабукӣ ва ҳаҷми камаш аз дигар бартариҳои ин бел номбар шудааст.

Нархи белҳои «Равшан” дар фурӯшгоҳҳои интернетии умдафурӯшӣ аз 245 рубл ва белҳои «Джамшут” аз 300 рубл шурӯъ мешаванд. Вале дар бархе пойгоҳҳои интернетии донафурӯшӣ қимати ҳар донаи онҳо то 500 рубл мерасад.

Исми ин ду бел баргирифта аз номи қаҳрамонҳои «Равшан ва Джамшут” ном як сериали масхараомез дар бораи муҳоҷирони корӣ аст, ки аз соли 2006 дар шабакаи телевизионии ТНТ-и Русия намоиш дода мешуд. Ҳарчанд муаллифони сериал исрор меварзиданд, ки Равшан ва Ҷамшут кадом миллати мушаххасеро мунъакис намекунад, вале истифодаи батакрор аз калимаҳои тоҷикӣ ва ишораҳои фаровон ба Тоҷикистон нишон медод, ки манзур аз ин ду қаҳрамоне, ки хеле нодону аҳмақ тасвир мешуданд, муҳоҷирони тоҷиканд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply