Расулов: Офтоб ба рӯи ҳақиқат кай механдад?

ДИН ВА ҶОМЕА, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Ман ҳамчун   адвакат дар масъалаи ду бозори ноҳия “Бозори марказӣ” ва “Ашроф” баъди мутолиаи мақолаи муаллиф Абдумудассир Аҳмадзода бо номи   “Ашроф” ва “Отаҳо” бо назардошти доштани факту далелҳои зиёд ва мушоҳидаи ҳолатҳои ҳаррӯза бо боварӣ гуфта метавонам, ки маводи мазкур ба ҳақиқати ҳол мувофиқ нест.

Масалан, муаллифи мақола навиштааст, ки бозори марказии ноҳияи аз лиҳози санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯи талабот набуда ҳам роҳро танг мекардааст ва ҳам дар наздики мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ қарор доштааст.

Агар муаллиф холисона менавишт ва тамоми принсипҳои касбиро риоя мекард ду бозори баҳсиро ба ҳам қиёс мекард. Шояд бозори марказӣ дар пеши мактаб ҷойгир бошад ва ин ягон бадӣ надорад, чунки бозор ягон газ ё дуди ғализ намебарорад, ки ба саломатии мактаббача таъсир кунад. Лекин  дар мавод ягон камбудии бозори “Ашроф” дарҷ нагаштааст.  Дар ин бозори ҷанҷолӣ ҳам як не якчанд камбудиҳо ҷой доранд, ки   дар он ҷо савдо кардан номумкин аст.  Аз ҷумла хатти роҳи поезд маҳз аз паҳлӯи  бозори “Ашроф” гузаштагӣ,  дар наздиктарин масофаи бозори  мазкур ду  нуқтаи сӯзишворӣ вуҷуд дорад, инчунин дар ҳавлии бозор кишти ҷуворимакка ҳаст калламӯшҳо дорад, ки  то имрӯз чанд соҳибкори бозори марказӣ, ки он ҷо рафт ба молу маҳсулоташ зарари худро расониданд.

Илова бар ин семендзавод дар наздикии бозори “Ашроф” фаъолият мекунад, ки чангу гарди ба саломатӣ ниҳоят зараровари он ба фурӯшандагон бетаъсир буда наметавонад. Пас саволи мутлақ ин аст, ки кормандони бехатари аз сухтор ва СЭС ба куҷо нигоҳ мекунанд? Чаро ин камбудҳоро, ки чашми оддӣ мебинад чашми уқоббуни онҳо намебинад? Илова бар ин ҳама хатти барқ низ аз миёни бозор (боло) гузаштааст. Кам нестанд ҳодисаҳои сӯхтори шадид дар бозорҳо, ки маҳз чунин қоидаи кор доштанд. 

Муаллиф ҷое дар маводи мазкур навиштааст, ки “Бозори марказӣ” боз чандин камбудиҳои дигар аз қабили аралаш будани фурӯшгоҳҳо, надоштани шароити дурусти зидди сӯхтор ва ба нақшаи генералии рушди шаҳрак мувофиқ набудани он тақдирашро ҳал кардааст.

Пеш аз навиштани мақолаи худ барои чи муаллифи мақола ба бозори марказии ноҳияи Ҷ.Расулов ташриф наовард, танҳо ба бозори “Ашроф” рафтаасту халос. Агар бозори марказии ноҳия камбудиҳо медошт, оё то ҳамин вақт  фаъолият мекард? На ҳаргиз! Кормандони сохторҳои дахлдор кайҳо хоки бозорро бод мекарданд, аммо аз сабаби он ки ҳама ҳуҷҷатҳои лозима тахт буд то  (12. 09. 2017) фаъолият кард. Илова ба ин  соҳибмулкон ва соҳибкорон аз рӯзи ба кор оғоз кардан  хулосаҳои СЭС ва дигар сохторҳои марбутаро доштанд.

Муаллифи мақола бародарон Ҷӯраевҳоро (зеро онҷо Ҷӯрабоевҳо) рақибони асосии бозор ҳисобидааст. Бояд қайд кунам, ки ин қадар Ҷӯрабоевҳоро сиёҳ кардан аз рӯи инсоф  нест.

Дарҳақиқат, пеш бозори марказии ноҳияи Ҷ.Расулов ба «Тоҷикматлубот» таалуқ дошт. Лекин Ҷӯрабоевҳо ва дигар соҳибмулкони бозор онро кашида гирифтагӣ нестанд, балки харида гирифтанд. Масалан, соли 2013 дар  шаҳодатномаи  №0002391 «дар бораи фурӯши воситаҳои асосии кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон» харидор Ҷӯрабоев Мурод иншооти худро ба маблағи 212536 (ду саду дувоздаҳ ҳазору панҷсаду сию шаш) сомонӣ харидааст, ки дар ин бора ҳамаи қарорҳои «Тоҷикматлубот» ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳуқуқ муайянкунанда ҳаст. Баъдан ба оилааш ҶДММ «Ҳоҷи Тошпӯлод»-ро ташкил намуда, барои соҳибкорон ҷойҳои кориро таъмин карда буд.  Ғайр Ҷӯрабоевҳо дар бозор садҳо соҳибкорон низ ҳастанд.

Дар мақола фурӯшандагон Мавҷуда, Фотима, Зебо ва  Ҷамшед интервю додиянд, лекин чаро ном ҳасту насаб нест? «Ҷамшед» баъд аз чопи мавод занг зада гуфт, ки «ман ин тавр интервю надодаам ва ба назди ман ягон кас наомадааст, инҳо аз худ бофта навиштаанд. Наход ман дар бораи бозоре, ки зиёда аз 20 сол нонашро хӯрдам, ҳамин тавр сухан гӯям!».

Хулоса ин баҳси бозор дар чандин расонаҳои электронӣ ва чопӣ нашр шуд. Танҳо ба доди мо раиси мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ расид. Бовар дорем, ки санаи 1. 11. 2017 офтоб ба рӯи ҳақиқат механдад.

                                                                                                                                                       Лола Ёқубова

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply