Раисони маҳаллаҳо интихобӣ мешаванд?

Сиёсат, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Кумитаи рушди маҳалли Тоҷикистон хостори интихобӣ будани вазифаи раисони ҷамоатҳо дар кишвар мебошад.Қосими Роҳбар, раиси Кумитаи рушди маҳал рӯзи сешанбеи 10 январ дар ҷараёни нахустин нишасти хабарии ин ниҳод дар шаҳри Душанбе гуфт, ки барои иҷрои ҳадафҳои ин кумита ва ҳалли бештаре аз масоили шаҳраку деҳоти Тоҷикистон, вазифаи раиси ҷамоатҳо дар кишвар бояд интихоботӣ бошад.

Вай дар посух ба суоли  расонаҳо гуфт, «ҳоло низ раисони ҷамоатҳо бо пешниҳоди ҳукумат аз тарафи сокинон интихоб мешаванд. Вале хуб мешавад, агар номзадҳои алтернатив дар чунин интихоботҳо ширкат дошта бошанд ва мардум аз рӯи барномаҳояшон номзади беҳтаринро интихоб кунанд».

Дар идомаи посухи худ Қосими Роҳбар гуфт, аммо «бояд таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя назири Қирғизистон омӯхта шавад, то ҳолатҳое рух надиҳанд, ки сокинон дар тӯли як рӯз се маротиба раиси ҷамоати худро аз нав интихоб кунанд«. Ба иттилои Қосими Роҳбар, феълан дар Тоҷикистон 370 ҷамоат ва 60 шаҳрак вуҷуд доранд.

Кумитаи рушди маҳалли Тоҷикистон дар соли 2013 бар асоси фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон таъсис шудааста. Раҳбари Қосим, ки он замон дар мақоми вазири кишоварзии Тоҷикистон кор мекард, нахустин раҳбари ин ниҳод таъйин шуд. Феълан дар ин ниҳод 35 нафар кор мекунанд. Ин ниҳод дар ҳоли ҳозир дар минтақаҳои кишвар намояндагиҳои худро надорад, вале фаъолияти асосии он бо шаҳраку ҷамоатҳои кишвар вобаста аст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

3 комментарий

  • Як нонхури зиедатии дигар. Хамин Косимов барои рушди Точикистон чи кор кардааст ки боз дар рушди махал кунад?

  • Косимов вазири кишоварзи шуду картошка аз 5 сомони хам гузашт. Агар 1 соли дига меистод сабзию бокалачон хам 5 сомони мекард

  • Журналисто савол наметен ки 3-4 соли раисиш кумитада чи кор кардай

Leave a Reply